Пайвандҳои дастрасӣ

Талабот ба коғазҳои қимматнок ё вомбаргҳои Тоҷикистон дар як ҳафтаи намоиш ба сармоягузорон то ба 4,5 миллиард доллар расидааст. Коғазҳои қимматноки Тоҷикистон (евробондҳо) аз рӯзи 31-уми август то 6-уми сентябр дар чаҳор шаҳри дунё Лондон, Сюрих, Ню-Йорк ва Бостон ба сармоядорон муаррифӣ карда шуд.

Бо анҷоми маъракаи муаррифӣ ба харидорони эҳтимолӣ, биржаи аслии фурӯши вомбаргҳои Тоҷикистон – биржаи Люксембург – хоҳад буд.

Масъули ташкили муаррифии коғазҳои қимматноки Тоҷикистон дар шаҳрҳои Аврупо бонки Raiffeisen Bank International ва дар Амрико Citi Bank буд. Ин маъракаи муҳими қабл аз ба биржа баромадани вомбаргҳои давлатӣ буд.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз гӯруҳи вежаи кории иборат аз Вазорати молия, Бонки миллӣ ва дигар идораҳои блоки иқтисодӣ рӯзи 8-уми сентябр гуфт, “ин нишонаи боварии сармоягузорон ба Тоҷикистон ва иқтисоди Тоҷикистон аст”. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, айни замон танҳо талабот ба коғазҳои қимматноки Тоҷикистон муайян шуда, фурӯши воқеии коғазҳо дар биржа сурат мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба нерӯгоҳи Роғун тасмим гирифт, ба қадри 1 миллард доллар коғазҳои қимматнокро нашр кунад ва моҳи июни соли равон Маҷлиси Намояндагон ҳам ба ин тарҳ мувофиқат кард. Дар навбати аввал 500 миллион доллар коғазҳои қимматнок ба намоиш гузошта шуд.

Аммо натиҷаи маъракаи муаррифӣ ба сармоядорон ва ширкатҳои сармоягузор ва ё "роуд-шоу"-и коғазҳои қимматнок хеле бештар аз интизорати Тоҷикистон буд. Чун Тоҷикистон ҳамагӣ ба 500 миллион доллар коғазҳояшро ба фурӯш баровард, аммо сармоядорон барои хариди 4,5 миллиард доллар коғазҳои қимматноки Тоҷикистон мароқ зоҳир кардаанд.

Бо анҷоми маъракаи муаррифӣ ба харидорони эҳтимолӣ, биржаи аслии фурӯши вомбаргҳои Тоҷикистон – биржаи Люксембург – хоҳад буд. Бар асоси маълумотномаи ибтидоии ин вомбаргҳо ва ё пропектерс, ки нусхааш дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор дорад, ҳуқуқи харидорони ин вомбаргҳо бар асоси қонунгузории аёлати Ню-Йорки Амрико танзим хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG