Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: "Евробондҳои Тоҷикистон дар вақти муносиб ба фурӯш рафт"


Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон ба матлаби Радиои Озодӣ таҳти унвони "Евробондҳо - шикофи дигар дар кисаи нимахолии Тоҷикистон" вокуниш нишон дод. Ин нома рӯзи 16-уми декабр бо имзои Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дастрас шуд ва матни комилаш инҷост:

"Дар оғози мақола қайд гардидааст, ки дар як барномаи стратегии давлат, яъне дар “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2018-2020” ба бозор баровардани евробондҳои Тоҷикистон “қарори санҷиданошуда” ва “бармаҳал” унвон шудааст.

Феълан даромаднокии чунин евробондҳо боз рӯ ба баландшавӣ ниҳода, ба сатҳи 4,6 дарсад баробар шудааст.

Мутаассифона, муқаррароти стратегияи мазкур аз ҷониби муаллифи мақола ба таври ғалат шарҳ дода шуда, мазмуни муқаррароти банди 28-и стратегияи мазкур коста инъикос ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки муқаррароти бандҳои 26 ва 27-и “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2018-2020” омилҳоеро зикр намудааст, ки дар сурати дар оянда ба вуқуъ омадани онҳо, хидматрасонии сандуқи қарзӣ метавонад ба мушкилҳо дучор ояд. Дар банди 28-и Стратегия дар навбати худ, омилҳое номбар шудаанд, ки ҳангоми ба миён омадани онҳо самараи натиҷаҳои бадастомада дар бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ паст мегардад.

Дар банди 28-и Стратегия, ибораи “Қарорҳои санҷиданашуда доир ба масъалаҳои бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ”, ки бо мисоли дар қавс овардашуда, яъне (барориши бармаҳали коғазҳои қиматноки давлатӣ...) шарҳ дода шудааст, дар асл ба таври зерин маънидод карда мешавад:

Дар раванди барориши вомбаргҳо, алалхусус дар бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ вақти барориши онҳо аҳамияти хос дорад. Зеро фоизи пешниҳодшаванда аз ҷониби эмитент аз зиёд ё кам будани талабот ба вомбаргҳо вобастагии калон дорад. Масалан, агар талабот ба вомбаргҳо зиёд бошад, эмитент метавонад барои вомбаргҳои худ фоизи паст пешниҳод намояд, ки ин ба фоидаи эмитент мебошад.

Агар мо ба лаҳзаи барориши евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар намоем, вазъи бозор чунин буд, ки аз ҷониби сармоягузорон ба вомбаргхои давлатии бозори навбунёд талабот хеле зиёд буд.

Чунин ҳолатро метавон дар динамикаи индекси бозори евробондҳои давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ECBDSVCP lndex) дар соли 2017 мушоҳида намуд. Дар оғози соли 2017 даромаднокии солонаи евробондҳои давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақрибан 5 дарсадро ташкил медод, аммо ҳангоми барориши Евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ рост омад, даромаднокии солонаи евробондҳои давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 4,2 дарсад расид, ки ин нишондиҳанда дар соли 2017 нишондиҳандаи пасттарин ба ҳисоб мерафт. Яъне, дар ҳамин давра фоизи даромаднокии вомбаргҳо аз ҳама пасттарин ба ҳисоб рафта, баланд будани талаботро инъикос менамояд.

Феълан даромаднокии чунин евробондҳо боз рӯ ба баландшавӣ ниҳода, ба сатҳи 4,6 дарсад баробар шудааст. Ҳамин тариқ, аз ин гуфтаҳо бармеояд, аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ аз лиҳози вазъи бозор вазъи бозор барои барориши евробондхо хело мусоид ва саривақт ба хисоб рафта, ба фурӯш баровардани Евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра ҳамчун қарори санҷидашуда арзёбӣ мегардад.

Бинобар асосҳои овардашуда, мақсади банди 28-и Стратегия ин маҳз ҳушдор додан аз оқибати номусоиде, ки дар сурати носанҷида қабул кардани қарор (мисол барориш дар вақти номусоид) дар давраи татбиқи стратегияи нав метавонад ба вуқуъ ояд. Ҳолати ба вуқуъомада, метавонад ба қобилияти коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Инчунин, дар мақолаи зикргардида, таҳлил ва арзёбии тарафҳои мусбат ва манфии евробондҳоро иштибоҳан ба Евробондҳои Тоҷикистон, ки барориши онҳо моҳи сентябр амалӣ шуда буд, мансуб дода шудааст.

Вале бояд қайд намуд, ки дар Стратегия (банди 51) сухан дар бораи дурнамои эмиссияи евробондҳои ҳаҷман калон меравад, ки минбаъд метавонад амалӣ шавад. Қайд менамоем, ки дар Стратегия танҳо таҳлил ва баҳодиҳии хавфи ҷалби 500 млн. доллари ИМА-и иловагӣ, на ин ки евробондҳои алҳол баровардашуда, гузаронда шудааст, ки натиҷаи таҳлил дар банди 57-и Стратегия дарҷ шудааст."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG