Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин тасаввур ғалат аст, ки боди ноамниҳои Сурия то Тоҷикистон намерасад"


Расо даҳ сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳадафи тақвият додани муносибатҳо ба Сурия рафта буд. Ҳашт санади ҳамкорӣ ҳам имзо шуд, вале аксари онҳо рӯи коғаз монданд ва амалӣ нашуданд, чун Сурия чаҳор сол баъди ин сафар ба ҷанги дохилӣ кашида шуд.

Замоне ки Раҳмон ба Сурия рафт, касе пешгӯӣ намекард, ки ин кишвар дар Ховари Миёна, ба як майдони тарбияи маргталабони тоҷик табдил меёбад. Ҳам ба маркази ҳидояту фармондеҳии гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва дигар ифротиёне, ки аз тариқи интернет ба ҳаводоронашон дар Тоҷикистон роҳҳои бомбгузориву таркишро ёд медиҳанд.

Ин тасаввури ғалат аст, ки бигӯем, Сурия аз Тоҷикистон фарсахҳо дур асту боди ноамниаш ба Тоҷикистон намевазад.
Ғаффор Мирзоев

"Ғалат аст, ки бигӯем Тоҷикистон фасахҳо аз Сурия дур аст"

Ҳоло печидатар шудани вазъу амиқ рафтани ихтилофоти назар байни Русияву Амрико дар бораи шеваҳои қатъи ҷанг дар Сурия, таҳлилгарони тоҷикро нигарон кардааст, ки идомаи бӯҳрон ба Тоҷикистон зиёни бештар мерасонад. Ғаффор Мирзоев, таҳлилгар ва доктори улуми фалсафа мегӯяд, ин тасаввури ғалат аст, ки бигӯем, Сурия аз Тоҷикистон фарсахҳо дур асту боди ноамниаш ба Тоҷикистон намевазад. Пажӯҳишгари тоҷик дар ин бора рӯзи 12-уми апрел бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард.

Даҳҳо сокини Тоҷикистон барои ҳузур дар майдонҳои ҷанги Сурия мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд
Даҳҳо сокини Тоҷикистон барои ҳузур дар майдонҳои ҷанги Сурия мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд

Ӯ гуфт, “пеш рафтани воситаҳои гуногуни иттилоотӣ, муносибатҳои глобализатсионии замони муосир, дигар ҳудудҳову дурии марзҳоро аз байн бурдааст. Авзои Шарқи наздик аввал ба минтақа, ба Афғонистону Покистон бетаъсир намемонад ва ин таъсирот дар оянда ба Тоҷикистон ҳам мерасад.”

Замоне "Ҳазору як шаб", замоне - ҷанг

Ба андешаи Ғаффор Мирзоев, ончӣ ки дар Сурия иттифоқ меафтад, метавонад, барои гурӯҳҳои ифротзада дар минтақа ва аз ҷумла дар Тоҷикистон “сармашқи амал ва намуна бошад” ва “таҳдиду хатарҳои даҳшатафканӣ ва хушунатомез дар оянда метавонад ба Тоҷикистон ҳам осеб бирасонад.” Тоҷикистон бо Сурия дар замони Шӯравӣ табодули донишҷӯ мекард ва қисме аз филми маъруфи “Ҳазору як шаб”-ро онҷо ба навор гирифтааст.

Саъдӣ Юсуфӣ
Саъдӣ Юсуфӣ

Аммо ҳоло байни ду кишвар ҳеҷ табодули мол ва ё ҳамкориҳои иқтисодӣ вуҷуд надорад, ки аз канда ва ё кам шудани онҳо Тоҷикистон зиён дида бошад, вале ба гуфтаи таҳлилгари дигари тоҷик, ҷанг дар Сурия то кунун зиёни ҷуброннопазире барои ҷомеа расондааст. Саъдӣ Юсуфӣ, ки таҳаввулот дар Сурияро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҷадвали маргталабони хориҷӣ дар Сурияву Ироқ ёдоварӣ кард, ки дар садри он ҷангҷӯёни тоҷик қарор доранд. Дар ин гузориш, ки ҳамин сол як муассисаи байналмилалии таҳқиқи терроризм нашр кард, омадааст, ки 27 ҳамлаи маргталабона дар қаламрави Сурияву Ироқро ҷавонони тоҷик анҷом додаанд.

"Ҷавонони моро зеҳншӯӣ карданд"

Ҷанг дар Сурия, ба гуфтаи Саъдӣ Юсуфӣ, “ҷавонони моро зеҳншӯӣ кард, ҷалбу ҷазби ин ҷанг кард, фикрашонро иваз кард. Инҳо бо соддагии худ, пазируфтанд, ки воқеан онҷо як набардгоҳи ҳаққу ботил аст, ки ширкат дар он метавонад, низоми ҷаҳониро дигар кунад, дунёро гулистон кунад. Инҳо ҳам рафтанду ҷони ҷавони худро қурбон карданд, хонаводаҳои худро ба мотам нишонданду фарзандони худро ятим карданд.”

Рекс Тиллерсон ва Сергей Лавров
Рекс Тиллерсон ва Сергей Лавров

Таҳлилгарони тоҷик дар бораи асари ҷанг дар Сурия ба Тоҷикистон дар рӯзе бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико дар Маскав бо мақомоти Русия муноқиша дар Сурияро баррасӣ мекард. Дар остонаи ин сафар Амрикову дигар кишварҳои ғарбӣ аз Русия хостанд, ки ҳимоят аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро бас кунад. Даъватҳо баъди он сурат гирифт, ки дар ҳамлаи эҳтимолан кимиёвӣ ба як шаҳри зери назорати шӯришиён, даҳҳо нафар кушта шуданд.

"Муҳит печида ва пешгӯинашаванда шудааст"

Ба гуфтаи Ғаффор Мирзоев, таҳлилгари тоҷик, ҳамлаи эҳтимолӣ ва дар ҷавоби он мушакборон кардани як пойгоҳи ҳавоии Сурия аз тарафи Амрико, вазъро печидатар кард ва интизор набояд дошт, ки сафари Тиллерсон танишҳоро коҳиш медиҳад: "Муҳити ҳарбиву низомӣ ва вазъ баъди мушакборон кардани пойгоҳи ҳавоии Сурия бисёр печида ва ҳатто пешгӯинашаванда гаштааст. Имрӯз ба таври равшан муайян мешавад, ки сарриштаи ҳалли масъалаҳо аз дохили худи Сурия берун рафта ва дар дасти абарқудратҳост, ки ҳар яке дар Ховари Миёна манофеи гуногуни сиёсӣ ва иқтисодиву геополитикӣ доранд."

Зоҳири Давлат
Зоҳири Давлат

Аз ин сабаб, ба гуфтаи Зоҳири Давлат, коршиноси умури равобити байналмилалӣ Русия ҳам ба осонӣ Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурияро танҳо намегузорад, "зеро раҳо кардани Асад шикасте барои Русия талаққӣ мешавад".

"Ин шикасти Русия хоҳад буд"

"Амрикову Русия ду кишвари абарқудрат ҳастанд ва намехоҳанд, манфиатҳои худро дар инҷо аз даст бидиҳанд, аз ин рӯ мавқеъҳои пештараи худро тағйир намедиҳанд. Ман баид медонам, ки Русия як иттифоқчии қадимаи худро дар минтақа аз даст бидиҳад. Бо сарфи назар кардани Башор Асад ва аз байн рафтани ҳукумати вай дар Сурия натиҷа ин мешавад, ки Русия аз манфиатҳои худ дар минтақа даст кашидааст ва ин як навъ шикаст барои Русия ба ҳисоб меравад”, - гуфт Зоҳири Давлат ба Радиои Озодӣ.

Дар ҷанги дохилии Сурия, ки баъди қиёмҳои мардумӣ ва саркӯби онҳо аз тарафи ҳукумат шурӯъ шуд, то кунун бештар аз 300 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар ин ҷанг Русияву Эрон ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад кумак мекунанд ва Амрикову Туркия ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба гурӯҳҳои ошӯбгаре, ки ба зидди ҳукумат меҷанганд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷанг дар Сурия бояд бо такя “ба имконоту салоҳиятҳои Созмони Милал ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ” хотима дода шавад.

XS
SM
MD
LG