Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев: Остона зидди сиёсӣ кардани СПАД аст


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар мусоҳиба бо телевизиони "МИР" гуфт, ки Остона зидди сиёсисозии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД ё ОДКБ) аст. Ин мусоҳиба ба солгарди таъсиси СПАД бахшида шудааст. Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Русия узви созмон ҳастанд.

Дар посух ба суоли хабарнигори шабакаи "МИР" дар бораи монандиҳо ва тафовутҳои СПАД бо НАТО президенти Қазоқистон гуфт, дар фаъолияти созмонҳо "ҳеч монандие нест".

"НАТО замони Ҷанги сард барои муборизаи идеологӣ таъсис шудааст. Мутаассифона, аз он замон то кунун тағйир наёфтааст. Ва зидди ин шартномаи дастаҷамъонаи Варшава имзо шуд. Ин зиддияти сиёсӣ буд. Мо чунин ҳадаф надорем ва мо ҳамеша зидди сиёсисозии СПАД будем. Ин созмон мушкилоти минтақавӣ, хатарҳоеро, ки ба сӯи мо меоянд, ҳал мекунад. Созмон барои ин хидмат мекунад. Қазоқистон зидди сиёсисозии СПАД аст, ман фикр мекунам, ки аъзои дигари созмон ҳам дар ҳамин ақидаанд", - афзуд Назарбоев.

Дар идомаи мусоҳиба Назарбоев гуфт, терроризм дар ҷое пайдо мешавад, ки қудрат ё ҳукумат вуҷуд надорад. "Террористон, тундгароён, ҷинояткорон дар ҷое пайдо мешаванд, ки ҳукумат вуҷуд надошта бошад. Барои онҳо зиндагӣ дар чунин ҷое муносиб аст. Заминро ғасб карданд, қисме аз Ироқ, қисме аз Сурия ва эълон карданд, ки онҳо "Давлати исломӣ" ҳастанд. Терроризм дар тамоми дунё паҳн мешавад", - афзуд Назарбоев.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG