Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: "Сиёсати виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон тағйир накардааст"


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хабарҳои мунташиршуда дар бархе аз сомонаҳои хабарӣ дар мавриди тағйири сиёсати раводид он кишвар дар қиболи шаҳрвандони Тоҷикистонро беасос хонд. Вебсайти "USA Television" рӯзи 31 март хабареро нашр кард, ки тибқи он гӯё Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико фармони иҷроиеро имзо кардааст, ки бар пояи он, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни виза ба Амрико сафар кунанд.

Аммо сафорати Амрико рӯзи 31 март дар вокуниш ба ин хабар дар сафҳаи "Фейсубк"-и худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ навишт, ки "сиёсат оид ба раводиди Амрико дар Тоҷикистон айнан давом дорад. Хабарҳое дар гардиш ҳастанд, ки дар сиёсати раводид дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омадааст. Ин хабар саҳеҳ нест."

Дар хабари "USA Television.com омадааст, ки бар асоси дастури ҷадиди Трамп, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи сафар ба Амрико барои ҳадди аксар 180 рӯзро ба ҳадафи сайёҳат ва тиҷорат хоҳад дошт ва ҳар касе нияти аз ин бештар дар Амрико иқомат кардан дорад, бояд виза дарёфт кунад. Бар пояи ин хабар, раиси ҷумҳури Амрико дар мулоқот бо дипломатҳои тоҷик гуфтааст, ки ин амр ба тақвияти муносибатҳои Тоҷикистон ва Амрико мусоидат мекунад.

Ин хабар ҳамзамон мегӯяд, он атбои Тоҷикистон, ки ҳамзамон шаҳрвандии дигар кишварро доранд ва шиносномаҳои онҳо аз Сурия, Эрон, Судон, Либия, Сомалия ва Яман ҳаст, ҳаққи ворид шудан ба қаламрави Амрикоро надоранд.

Сафорати Амрико айни замон барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводиди ғайримуҳоҷиратӣ барои сафар, аз ҷумла барои кори муваққатӣ, тиҷорат, таҳсил ва барномаҳои табодул, содир мекунад. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, дархостномаи раводиди муҳоҷиратиро қабул намекунад.

XS
SM
MD
LG