Хабарнигори Reuters Оливия Ҳаррис акси чанд духтари ҳиҷобпӯш дар Лондонро гирифт, аз онҳо пурсидааст, ки чаро ҳиҷоб ба сар кардаанд? Маълум шуда, ки тасмими пӯшидани ҳиҷоб танҳо бо арзишҳои мазҳабӣ маҳдуд намешавад.
Духтарони ҳиҷобпӯш дар Бритониё
9
Сумрини 18-сола ба кӯдакон дар маркази кӯдакони мактаби исломии Лондон таронаҳои исломиро ёд медиҳад. Ӯ баъди дар заминаи бадбинии нажодӣ таҳқир шуниданаш аз тарафи як ронанда азм кард, ки ҳиҷоб бипӯшад.
10
Сундас(аз чап), модараш Ноҳид ва хоҳараш Шанзо (аз рост) дар манзилашон дар минтақаи Волтҳомстоу дар шарқи Лондон. Ин ду духтар бар хилофи раъйи волидонашон ҳиҷобпӯш шудаанд. Модари онҳо мусалмон аст, вале ҳиҷоб намепӯшад.
11
Сундас дар маросими арӯсиаш либоси арӯсии покистониро ба тан карда буд. Ӯ танҳо аз 18-солагӣ қарор кард, ки ҳиҷоб бипӯшад.
12
Ясмини 16-сола (аз чап) ва ҳамсоли Ҳано баъди хатми имтиҳонҳо дар мактаби Ҳакни дар шарқи Лондон. Ҳано аз 12-солагӣ бо иҷозати падару модараш ҳиҷоб мепӯшад ва мегӯяд, ин тасмим чизеро дар зиндагиаш тағйир надодааст. Албатта, ба истиснои муносибати ӯ бо Худо.