Пайвандҳои дастрасӣ

Чӣ гуна 20 млн сомонӣ молу коло аз Чин ба Тоҷикистон қочоқ шуд?


Дар як ҳафтаи ахир Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани се мавриди қочоқи маҳсулоти чинӣ ба кишвар хабар дод, ки дар маҷмӯъ арзишаш ҳудуди 20 миллион сомонӣ мебошад. Дар ҳоле, ки ба иттилои ин манбаъ соҳибони аслии ин борҳо аз Тоҷикистон фирор кардаанд, коршиносон аз фасодкории густурда дар фаъолияти гумрук изҳори назар мекунанд.

"Корманди гумрук ҳам инсон аст..."

Коршиносон ва ҳатто худи мақомот аз баланд будани ҳаҷми боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ин меъёрҳо сабаби воридоту содироти қочоқии маҳсулот мешавад.

Як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд, ки тӯли се соли ахир машғули тиҷорати ашёри рӯзгор аз Чин мебошад ва аз ифшои номаш худдорӣ кард, то дар тиҷораташ мушкиле эҷод нашавад, мегӯяд, ки ҳангоми ворид кардани маҳсулоташ ба Тоҷикистон бо маъмурони гумрук, ки бо бештарашон ошноӣ дорад, тавофуқ мекунанд, ки ҳангоми ба расмият давровардани бори воридотӣ, миқдори онро камтару арзишашро арзонтар нишон диҳанд.

Вай гуфт: "Корманди гумрук низ инсон аст ва маошаш зиёд нест. Ман ҳам мехоҳам аз тиҷоратам фоидаи бештар бинам. Зеро агар ҳамаи андозҳову боҷи гумрукиро пурра супорам, аз фурӯши ин маҳсулот фоидаи хубе намегирам. Ба ин далел, ба тавофуқ мерасем. Ин як таҷрибаи маъмулӣ шудааст ва аксари тоҷирон аз ин роҳ истифода мекунанд. Агар ба талаботи гумрук розӣ нашавӣ, тамоми маҳсулотро қочоқӣ гуфта, санад таҳия мекунанд."

Се ҳолати қочоқи маҳсулоти чинӣ дар як ҳафта

Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумрук.
Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи Хадамоти гумрук.

Ин дар ҳолест, ки дар як ҳафтаи ахир Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҳолати қочоқи маҳсулоти чинӣ дар кишвар хабар дод, ки маблағи умумиаш ҳудуди 20 миллион сомонӣ мебошад. Ҷамила Мирбозхонова, сухангӯи ин ниҳод 1-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳолате низ будааст, ки як масъули ширкати “Файзимоҳ” ба Тоҷикистон 18 мошини боркаши ҳомили маҳсулоти қочоқиро ворид кардааст."

Аммо ба гуфтаи маъмурони Хадамоти гумрук, бештаре аз соҳибони чунин борҳо зуд фирор мекунанд ва бо мақомоти гумрук танҳо намояндаҳои онҳо музокирот мекунанд. Зеро, дар сурати боз шудани парвандаи ҷиноятӣ, ин афрод бояд боздошт шаванд ва бархе аз соҳибони маҳсулоти қочоқӣ феълан мавриди ҷустуҷӯ қарор дода шудаанд.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки Хадамоти гумрук ин мошинҳоро аллакай дар шаҳри Душанбе ошкор кардааст, на дар гузаргоҳи марзии “Қарамиқ” бо Чин.

"Қочоқ танҳо хоси марзи мо бо Чин нест"

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари созмони “Як қамарбанд, як роҳ”
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари созмони “Як қамарбанд, як роҳ”

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари созмони “Як қамарбанд, як роҳ” мегӯяд, ки ахиран аз пойтахти қадимаи Чин шаҳри Сиян то ба Душанбе тавассути мошин ҳудуди 5 ҳазор километрро тай кардааст. Ба гуфтаи вай, дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 500 мошини боркашеро мушоҳида кардааст, ки машғули интиқоли маҳсулот ба кишвари мо будаанд. Ҷаноби Мамадазимов гуфт, дар сӯҳбат бо ронандаҳо маълум шуд, ки бештаре аз онҳо дар фикри бо роҳи соддатаре убур кардан аз марз будаанд.

Вай дар ин бора гуфт: "Мушкили қочоқи маҳсулот танҳо хоси марзи Тоҷикистон Чин нест. Ин мушкил дар марзи Чин бо Қирғизистону Қазоқистон низ вуҷуд дорад. Ҳатто мақоле вуҷуд дорад, ки дар низоми гумрукӣ фасод ҳамеша буд ва боқӣ хоҳад монд. Далели ин гуфтаҳоро метавонад омори расмии Чин ва хадамотҳои гумрукии кишварҳои Осиёи Марказӣ собит кунад."

Зеро, тибқи омори чинӣ ба кишварҳои минтақа миқдори зиёди маҳсулот содир шудааст, аммо ниҳодҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, борҳои воридотиро бамаротиб камтар нишон медиҳанд. Ин як зарбаи ҷиддӣ ба ғанӣ гардонидани будҷаи Тоҷикистон аст. Бар ин назарам, ки фурсате расидааст то мақомоти тоҷик сари таҷдиди низоми гумрукӣ дар Тоҷикистон шаванд."

"Фасодкорӣ яке аз шеваҳои кори гумрукчиён шудааст"

Аммо Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик.
Аммо Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик.

Аммо Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки фасодкорӣ дар фаъолияти маъмурони гумруки Тоҷикистон ба яке аз шеваҳои асосии кори онҳо табдил шудааст. Ба эътиқоди ҷаноби Абдуллоев, сабаби асосии вуҷуди воридоти қочоқӣ ба меъёрҳои андозбандӣ дар Тоҷикистон марбут мебошад.

Вай гуфт, Тоҷикистон яке аз кишварҳои камбағал дар ҷаҳон аст, аммо нархи бозорҳояш баробари шаҳрҳои бузургтарини дунё мебошад, ҳарчанд Тоҷикистон худ ҳеҷ маҳсулоти арзандае тавлид намекунад. Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, ҳатто агар дар Тоҷикистон фоизи боҷҳои гумрукӣ паст дониста шаванд ҳам, ҳаҷми андоз аз нархҳои изофашуда дар ниҳоят арзиши маҳсулоти воридотиро ба қимматҳои шаҳрҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил медиҳад.

"Аммо соҳибкорон мехоҳанд фоидаи бештареро соҳиб шаванд ва ба ин хотир ба қочоқи воридотӣ даст мезананд. То замоне, ки фоизи андози иловашуда паст карда нашавад, воридоти қочоқии маҳсулот боқӣ мемонад",-мегӯяд Зафар Абдуллоев. Вай афзуд, ки дар гузашта низ ҳолатҳои воридоти қочоқии маводи сӯхт ба Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар низ ошкор шуда буданд, ки дар ин бора расонаҳо хабар додаанд.

Зимнан, дар чанд соли ахир Чин ба шарики аввали иқтисодии Тоҷикистон табдил шудааст ва ҳамасола ҳаҷми додугирифти маҳсулот миёни ин ду кишвар беш аз як миллиард долларо ташкил медиҳад. Раҳбарони ду кишвар тасмим гирифтаанд, то соли 2020 ин рақамро то ба беш аз 3 миллиард доллар расонанд.

Аз сӯи дигар коршиносон ва ҳатто худи мақомот аз баланд будани ҳаҷми боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ин меъёрҳо сабаби воридоту содироти қочоқии маҳсулот мешавад.

Баланд будани ҳаҷми боҷҳо

Мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ иқрор доштанд, ки меъёри андозбандӣ ва пардохтҳои гумрукӣ дар кишвар дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя бештар аст. Хуршед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумрук, дар нишасти матбуотии моҳи январ гуфта буд, "агар дар Қирғизистон мизони андозбандӣ 12 дарсад аст, дар Тоҷикистон ин рақам ба 18 баробар аст”.

Каримзода афзуд, бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон мақомоти кишвар ба баррасии ин мушкил оғоз карда, дар назди Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон комиссияи махсус ташкил шудааст.

Ҷамшед Каримзоад гуфт, "ҳадаф ягона кардани мизони андозбандӣ бо кишварҳои ҳамсоя мебошад". Соли гузашта бошад маъмурони Хадамоти гумрук беш аз чоруним ҳазор ҳолати вайрон кардани қоидаҳои интиқоли мавод аз марзи кишварро ошкор карда буданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG