Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози саргузаштҳои юани Чин дар Тоҷикистон


Ба муомилоти пулии Тоҷикистон ворид шудани юани Чинро бисёриҳо бахше аз барномаи сиёсии Пекин барои густариши нуфуз ва байналмилалӣ кардани пули миллиаш арзёбӣ мекунанд.

Мақомоти Бонки миллӣ аз рӯзи 2 декабр эътиборан юан – пули миллии Чинро ба муомилоти озоди бозор ворид мекунад. 1 миллион юан маблағе, ки дар навбати аввал ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад, бахше аз 3 миллиарду 177 миллион юан (муодили ҳудуди 500 миллион доллар) аст, ки дар давоми се соли оянда тадриҷан дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад.

Созишномаи мавсум ба “Своп” моҳи сентябри соли ҷорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин имзо шуда буд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, ки тасмими мазкурро дар баробари вакилони Маҷлиси намояндагон шарҳ медод, гуфт, ин тадбир барои коҳиши шиддати болоравии қурби доллар ва ҳам кӯмак ба соҳибкорони тоҷики соҳиби тиҷорат дар Чин мусоидат хоҳад кард.

Таҳлилгари тоҷик Рустам Бобоҷонов мегӯяд, “Амонатбонк”-и Тоҷикистон аввалин шуда таҷрибаи кор бо юанро дар бахши қарзҳои чинӣ ҳанӯз панҷ сол пеш шурӯъ карда буд. Вай гуфт, бахши аъзами хизматрасониҳо, муомилот, харидории маҳсулоти сохтмонӣ дар Чин ва дигар корҳо бо юан ба роҳ монда шуд ва ин таҷриба то ҳол муваффақиятомез пеш рафтааст.

Созишномаи “Своп” – бахше аз ҳадафҳои сиёсии Чин

Таҷрибаи муомилоти пуливу корӣ бо асъори кишвари сармоягузор, ки бо истилоҳи “Свопи асъор” маъруф аст, дар иқтисоди ҷаҳон падидаи роҳуфтода аст. Чин мудатҳо пеш бо даҳҳо кишвар чунин ҳамкориро ба роҳ мондааст. Механизми кор ин аст, ки Бонки рушди Чин, як ниҳоди тобеи Бонки мардумии ин кишвар бо маблағи муайян ба бонки рушди давлати ҳамкор қарз медиҳад ва ин пулҳо дар ихтиёри ширкату корхонаҳое гузошта мешавад, ки барои харидории мол дар Чин ба юан эҳтиёҷ доранд.

Сергей Сенинский, таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, дар шароите ки 72 % муомилаҳои пулии ҷаҳон бо ду асъори асосӣ - доллари амрикоӣ (45 %) ва евро (27 %) - сурат мегирад, ин иқтисодҳои дар ҳоли рукудро маҷбур мекунад, ки як бахши муомилаҳои тиҷоратиро бо давлати аслии шарики иқтисодиашон бо пули миллии он давлат ба роҳ монанд. Коршинос мегӯяд, стратегияи интихобкардаи мақомоти Тоҷикистон ҳам ба ҳамин чорчӯб мувофиқат мекунад.

Юани чинӣ аз назари истифода дар муомилаҳои тиҷоративу молии ҷаҳон баъди фунти бритониёӣ (9 %) ба ҷои чорум баромада, 3 дарсади муомилаҳои ҷаҳонро ташкил мекунад. Таҳлилгар мегӯяд, ҳамоно ин рақам боризу мустаҳкам нест. Ҳатто дар қораи Осиё мизони табодули юан аз 15 % бештар нест. Сенинский гуфт, “Чин барои худ як стратегияи дарозмуддати сиёсӣ гузоштааст, ки ҳадафаш байналмилалӣ кардани қурби пули миллӣ ва ҳам ба як асъори захиравии ҷаҳон табдил кардани юан мебошад. Ин барномаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон ҳам бахше аз ин ҳадафҳои сиёсии дарозмуддат аст.”

Рискҳову хатарҳо

Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, ба муомилаи озоду расмӣ ворид шудани пули миллии Чин – иқтисоди дуюми азимтарини ҷаҳон дар баробари пиёдасозии ҳадафҳои сиёсиаш, баъзе риску хатарҳоеро барои иқтисоди кишварҳои ҳамшарик ва вобастаи худ дорад. Дар сурати баланд будани мизони вобастагии иқтисоди кишвар аз Чин, дар сурати сар задани ҳар гуна ҳолатҳои ғайри қобили пешбинӣ, ин ҳолат ба иқтисоди кишвари вобастаи он ҳам таъсиргузор мешавад.

Ҳоло тоқиҳои тоҷикӣ ҳам аз Чин оварда мешаванд
Ҳоло тоқиҳои тоҷикӣ ҳам аз Чин оварда мешаванд

Чин як шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мизони табодули молу колояш бо ин кишвар дар соли 2014 - 777 миллион доллар ё 14,6 фоиз аз ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил додааст. Аз ин маблағ танҳо 39 миллион долларашро содироти молҳои Тоҷикистон ба Чин ташкил медиҳанд ва боқӣ 738 миллион доллараш аз ҳисоби воридоти молҳои чинӣ ба Тоҷикистон мебошад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мегӯяд, дар 9 моҳи соли 2014 ҳаҷми умумии сармояҳои чинӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 121,3 миллион долларро ташкил додааст, ки баъди Русия (149 миллион доллар) дар мавқеи дуюм қарор дорад. Соли гузашта мизони сармоягузории чиноӣ дар иқтисоди Тоҷикистон 17 % афзуда, ин маблағгузорӣ асосан ба саноати маъдан ихтисос дода шуд. Бино ба маълумоти Палатаи тиҷорати Тоҷикистон, дар 10 соли охир мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистону Чин 60 маротиба афзудааст.

“Ҳамаи тухмҳоро дар як сабад ҷой надиҳед”

Бӯҳрони иқтисодии Русия, ки ба дунболи таҳримҳои иқтисодии Ғарбу Аврупо сар зад, ва баъдан коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистон (тахминан 30 %), боиси эҷоди бӯҳрон дар бозори асъори хориҷии Тоҷикистон шуд. Қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 26 % поин рафт ва ин ҳолат боиси камчинии доллар дар бозори дохилӣ шуд.

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Рустам Бобоҷонов мегӯяд, ҳарчанд ҳоло барвақт аст, ки дар бораи манфиат ва зарарҳои вуруди юан ба муомилоти озод дар Тоҷикистон сӯҳбат шавад, машварат медиҳад, то аз рӯи ҳикмати маъруф кор гирифта шавад, ки мегӯяд: “ҳамаи тухмҳоро дар як сабад набояд ҷой надиҳед.” Манзур ин аст, ки бо расмӣ шудани гардиши юан дар Тоҷикистон, ҳоло ҳадди аққал соҳибкорон ва ҳам сокинони кишвар метавонанд захираҳои пулии худро гуногунранг кунанд ва на танҳо бо доллару еврои камчину рубли беқурбшаванда, балки бо юани чинӣ ҳам захира кунанд.

Ин нуктаро як соҳибкори тоҷике, ки 15 соли охир асосан аз Чин мол ворид мекунад, низ тасдиқ мекунад. Раъно Ҳалимова, муассиси шабакаи корхонаҳои пардадӯзӣ дар Душанбе гуфт, ҳамакнун ширкати ӯ метавонад бидуни табдили сомонӣ ба доллару баъдан ба юан ба таври мустақим бо юан муомилоташро ба роҳ монад ва ба ҳангоми табдили асъор фоидаи худро беҳтар гардонад. Дар айни замон, гуфт ӯ, ин муомила замонат намедиҳад, ки қимати хидматрасониву молаш дар бозори дохилии Тоҷикистон пойин меравад, чунки нархгузорӣ дар ҳама бахши корҳо ҳамоно аз рӯи қурби доллар ҳисобу китоб мешавад.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ шояд тоҷикистониҳои оддӣ ин тағйирот, яъне ба муомилоти пулии ин кишвар роҳ ёфтани юани Чинро чандон эҳсос накунанд, чунки муомилоти ҳаррӯзаи онҳо маъмулан бо пули сомонӣ сурат мегирад ва таҳаввулоти ахир бештар марбут ба бахши хусусӣ ва бизнес мешавад.

XS
SM
MD
LG