Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма боз шуд


Акс аз сафҳаи "Фейсбук"-и Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси ҳукумати Бадахшон.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз боз шудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма хабар доданд. Ин роҳ рӯзи 9-уми июл бар асари фаромадани сел аз самти Афғонистон ва баста шудани маҷрои дарёи Панҷ, зери об монда буд.

Полковник Гулшан Насруллоев, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, душанбеи 24-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз корҳои поксозии шабонарӯзӣ, субҳи имрӯз, ин роҳ барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт, боз шуд.

Рушди иқтисоди вилоят ба боз будани ҳамин роҳ вобаста аст. Чаро ки интиқоли молу коло аз Чин ба Тоҷикистон ва аз Душанбе ба Хоруғ тариқи ин роҳ сурат мегирад.

Вай гуфт, "ҳоло ҳам корҳои поксозӣ ва таркиш дар ин қисмати роҳ идома дошта ва ба ин далел, рафту омади мошинҳо тибқи ҷадвал ва бо навбат аз як самт, сурат хоҳад гирифт"

Бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8 ва 9-уми июли имсол маҷрои дарёи Панҷ дар ҳудуди рустоҳои Хостав ва Ширговади ноҳияи Дарвоз баста шуда, дар ҳарду деҳа беш аз бист манзил ва тақрибан як километр роҳ зери об монд.

Баъзе техникаҳои Роғунро ба Дарвоз фиристоданд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои ҳарчӣ зудтар барқарор кардани роҳи харобшудаи Душанбе – Қулма – Қароқурум дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз чандин техникаи нирӯгоҳи Роғунро ба он минтақа фиристоданд. Нилуфар Асламшоева, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон, рӯзи 23-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин замина дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир шудааст.

КҲФ дар бораи ҳодисаи Дарвоз: "Муҳаррики заврақ аз кор монд"

Нилуфар Асламшоева гуфт, баста будани роҳи Душанбе – Қулма – Қароқурум натанҳо равуои сокинонро мушкил кард, балки боис ба кам шудани воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон низ шуд. “Тамоми мутахассисон ва нирӯи корӣ ба ҳамон самт нигаронда шудааст. Аз кушода шудани ин роҳ иқтисоди вилоят вобаста аст. Чаро ки интиқоли молу коло аз Чин ба Тоҷикистон ва аз Душанбе ба Хоруғ тариқи ин роҳ сурат мегирифт”, - гуфт ӯ.​ Қаблан мақомот ваъда дода буданд, ки охири ин ҳафта роҳи Душанбе – Хоруғ барқарор ва ба истифода дода хоҳад шуд.

Тоҷироне, ки қаблан аз роҳи Хоруғ – Қулма – Қароқурум ба Чин сафар мекарданд, мегӯянд, имкон дорад то замони азсаргирии ҳаракатҳо дар ин масир тавассути Қирғизистону Узбакистон ба шаҳрҳои Чин бираванд. ​Рустам, як тоҷири тоҷик, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳарчанд роҳ аз Чин ба Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистону Узбакистон тӯлонитар аст, вале роҳи амн ва барои тиҷорат мувофиқ аст.

Мошинҳои Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи Қарамиқи Қирғизистон ба Русия ва Чин ҳаракат карда, борҳои мавриди ниёзро интиқол медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Сулаймон Муллоёров, сардори идораи нигаҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Дарвоз гуфт, то рӯзи 22-юми июл аз самти Душанбе 270 метр ва аз самти шаҳри Хоруғ 105 метр роҳе, ки пурра зери об монда буд, барқарор карда шудааст.

"Роҳи наҷот"-и Дарвоз. Бозгашт ба 56 сол қабл

Шоҳроҳи Душанбе – Қулма – Қароқурум ягона масир аст, ки ду қисмати ноҳияи Дарвозро низ ба ҳам мепайваст. Сокинони деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз тайи ин чанд рӯз аз роҳе истифода, ки қаблан дар борааш фақат аз нақли бобову бузургсолони худ шунида буданд. Ин пайроҳа, ки хеле борик аст, аз як баландкӯҳ мегузарад ва пур аз нишебу хатар мебошад.

Дар пайи чаппа шудани заврақи наҷотбахшон дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз се нафар ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадшон идома дорад.
Дар пайи чаппа шудани заврақи наҷотбахшон дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз се нафар ғарқ шуда, ҷустуҷӯи ҷасадшон идома дорад.

Сокинон ҳам на танҳо аз Ширговад, балки дар маҷмӯъ аз деҳоти қисмати болоии ноҳия аз рӯи зарурат барои гузаштан ба деҳаҳои поён, ҳамин кӯҳи баландиаш 400 метр ва хавфнокро убур мекарданд. Роҳи мошингард аз тариқи Ширговад дар соли 1961 бунёд шуд. Аммо бо гузашти 56 сол масире, ки тақрибан ба гӯшаи фаромушӣ рафта буд, ба роҳи наҷоти мардуми ин минтақа табдил ёфт.

Вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳои фаромарзӣ воқеъ буда, ҳамасола дар фасли баҳору тобистон аз боришоти зиёду ҷорӣ шудани селоб осеб мебинад. Бархе аз минтақаҳои кӯҳӣ ва наздик ба соҳили дарёҳо, ҳамчунин, мавзеъҳои зери ағба аз минтақаҳои хатарзо дониста шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG