Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯчаҳои беодам, косаву табақ, гаҳвораву кӯрпача ва ҷиҳози лойолуду ба ҳар гӯша пошхӯрда, хонаҳои то нисф зери обмонда ва пур аз гил – аз аввалин саҳнаҳоест, ки баробари ворид шудан ба деҳаи Хостави Дарвоз ба чашм мерасад. Ҳудудан 20 хонавода дар ин деҳа дар пайи тағйири маҷрои оби рӯдхонаи Панҷ дар рӯзи 8-уми июл аз хонаҳои худ маҳрум шуданд.

Зиндагӣ дар мактаб

Якбора об аз тарафи Афғонистон омаду ҳама хонаҳо пур шуд. Писарам як қолинро аз хонааш кашид, то берун орад, аммо нашуд ва партофту ҳама гурехтем.

Ин сокинон, ки дар лаби дарёи Панҷ ва рӯ ба рӯи деҳоти Афғонистон хонаву боғ бунёд карда буданд, бо дасти холӣ ва дили пурғам акнун тарки ин макон мекунанд ва ба ҷои дигаре кӯч мебанданд.

Саодатхон Бодакова, беш аз 6 рӯз аст, ки ҳамроҳи набераву ҳамсояҳо дар синфхонаҳои мактаби деҳа зиндагӣ дорад. Барои заҳмати чандсолаи 3 писараш дар бунёди хонаҳояшон, ки акнун зери об монд, дилаш месӯзад ва ашк мерезад. Аммо бо дидани набераҳову фарзандонаш, ки ҳама сиҳату саломат ҳастанд, шукр мекунад, ки фақат хонаву васоили рӯзгор зери об монд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Малика: "Китобҳоям зери об монд"

Ӯ бо ёдоварӣ аз рӯзи ҳодиса мегӯяд, соати 3-и рӯз об якбора бо суръати ғайримунтазира вориди ҳавливу манзилҳо шуд ва онҳо ҳам танҳо ҷони худу кӯдаконро гирифта, ба қисмати болоии деҳа фирор карданд. “Якбора об аз тарафи Афғонистон омаду ҳама хонаҳо пур шуд. Писарам як қолинро аз хонааш кашид, то берун орад, аммо нашуд ва партофту ҳама гурехтем. Хонаи 3 бачаам дар ин сел тахриб шуд. Хонаҳои хуб доштем”, - нақл кард ӯ.

Маликаи 10-сола, ки ба назар мерасид дар 4 девори як синфхонаи мактаб, ҷойи зисти феълияашон дилтанг шудааст, мегӯяд, хеле мехост китобҳову сумкаашро аз об наҷот диҳад ва барои ин кӯшиш ҳам кард, аммо натавонист. “Рафта то хона расидам, аммо китобҳо ҳама зери об монда буданду бархе аллакай – дарида. Занҳо ҳама давиданд ва ман ҳам давидаму рафтам”, - гуфт Малика.

Сел замоне омад, ки бисёриҳо дар тӯй буданд

Малика ва бародарони хурдсолаш медонанд, ки дигар имкони бозгашт ба манзили зисташонро надоранд. Ҳарчанд хеле мехоҳанд. Барои онҳо чун дигар сокинони зарардида дар деҳи Яхчи Дарвоз замин ҷудо шудааст, вале то бунёди хонаҳо зиндагиро дар мактаб идома хоҳанд дод.

Сокинони селзада дар деҳаи дигари ноҳияи Дарвоз, дар Ширговад, ба фарқ аз Хостав дар хайма ва хонаҳои хешутабор шабро рӯз мекунанд. Сел дар ин деҳа шомгоҳон замоне рух дод, ки мардум ҳама дар тӯйи ҳамдеҳаи худ, дар хонае дуртар аз дарё қарор доштанд. Вақте омаданд, ки хонаҳо аллакай дар об фурӯ рафтаву замини назди кишту боғчаҳо ба як ҳавзи калон табдил ёфтаанд.

Оқибати сел: Се нафар ҳалок шуд, нархи маводи ғизоӣ боло рафт

Сайронбибӣ Шумқорова, сокини рустои Ширговад мегӯяд, дар пайи боло рафтани оби рӯдхонаи Панҷ, хонаи навбунёди писари ӯ ҳам тахриб шуд. Ӯ аз он шикоят дорад, ки мақомот зарари онҳоро қисман ҳисоб кардааст. “Бо 6 кӯдаки хурдсол мо ду рӯз аз тарси сели такрорӣ хайма кофтем. Ба мо аввал надода гуфтанд, ки аз шумо чандон ҷиддӣ нест. Вале дигар дар ин ҷо зиндагӣ номумкин аст. Об пурра зердевори хонаро хароб кард”, - афзуд ӯ.

Сел дар минтақаи Ширговад, роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғро то 11 метр зери об монд ва иртиботи деҳоти поёноби Дарвозро бо маркази ноҳия ба ҳам зад. Барои тармими ин роҳ, ки боис шуд як қаиқ бо 3 нафар ғарқ ва ҳамчунин нархи молу маҳсулот дар маркази ноҳия гарон шавад, 30 мошини роҳсозӣ ба ин минтақа сафарбар шудаанд ва гурӯҳи корие ҳам бо шумули муовини вазири нақлиёти кишвар фаъолият доранд.

"Роҳ то охири ҳафта боз хоҳад шуд"

Сӯҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ҷойи ҳодиса гуфт, хароҷот барои тармими роҳ 12 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст ва он бояд то охири ҳафта ба истифода дода шавад. “Ҳар рӯз мо 40-50 метр роҳро боз мекунем. Охири ҳафта, мумкин аст, роҳ кушода шавад. Барои пеши обро кушодан аз ҷониби вазорати дифоъ таркишҳои бисёр шуд ва сатҳи об якуним метр паст шудааст”, -гуфт ӯ.

Сокинони деҳаи Хостав ва Ширговади Дарвоз мегӯянд, ин бори аввал аст, ки шоҳиди чунин як харобкорие дар деҳи худ мешаванд, аммо мегӯянд, онҳоро тайи солҳои ахир созмонҳои экологӣ барои омода будан ба чунин офатҳо онҳоро огоҳ мекарданд.

Вазир Вазиров, раиси деҳоти Ширговад мегӯяд, онҳо медонистанд, ки имкон дорад рӯзе дарё маҷрои худро дигар кунад: “Вале мо тассавур намекардем, ки об якбора 20-30 метр баланд мешавад. Ду сол боз инҷо семинарҳо мегузаронданд ва мардумро огоҳ мекардем, ки омода бошед, соҳилҳоро сахт кардан даркору дарахт шинондан даркор, чун иқлим тағйир меёбад ва ҳар кор шуданаш мумкин аст.”

Кӯчокӯч. Аз Хоставу Ширговад – ба Яхч

Ҳоло сохтмони манзил барои 22 сокини зиёндидаи ду деҳи Дарвоз дар деҳаи Яхч, ки болотар аз рӯдхонаи Панҷ қарор дорад, шурӯъ шудааст. Онҳо бархе пурра ва гурӯҳе қисман бо маҳсулоти сохтмонӣ таъмин мешаванд ва сохтмони хонаҳоро ҳам тоҷирони ноҳия ба ӯҳда гирифтаанд.

Пас аз ин ду сели ваҳмангез маҷрои рӯди Панҷ ба таври чашмрас боло шудааст ва селҳои баъдӣ имкон дорад, оби дарёро боз ҳам болотар ба соҳил кашонаду таҳдидро ба сокинон бештар кунад. Масъулини ноҳия ҳам тасмим доранд, оянда сокинони деҳаи Хоставро, ки эҳтимоли такрор шудани сел дар он бештар аст, пурра ба Яхч бикӯчонанд.

Сокинон ҳам агарчӣ барои аз даст додани хонаву тамоми молу ашёи худ нороҳатанд, аммо розиянд, ки ба ҷои бехатару беҳтар кӯч дода шаванд. Фақат мегӯянд, дар бунёди хонаҳо бояд барояшон кӯмак шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG