Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Валиаҳди Саудӣ: Шарт нест, ки занон чодари сиёҳ пӯшанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳаммад бин Салмон – валиаҳди Арабистони Саудӣ – эълон кард, ки занон ба пӯшидани чодар ё ҳиҷобу рӯсарии сиёҳ муваззаф нестанд. Ба шарти онки, ба қавли ӯ, “либоси муносиб ва муҳтарамона ба бар кунанд”.

"Ин тасмим ба худи занон марбут мешавад"

Мо намедонистем бо ин падида чӣ гуна бархӯрд кунем ва мушкил дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. Акнун вақти он расидааст, ки аз он халос шавем.

Валиаҳди Арабистони Саудӣ оғози ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо телевизиони СBS гуфт, қонунҳои марбут ба пӯшиши занон дар усули шариат мушаххас шудааст. “Бар асоси қонунҳои шариат онҳо бояд либоси муносиб ва муҳтарамона бипӯшанд. Аммо ин қавонон ба таври мушаххас зикр накардааст, ки занон ҳатман бояд чодар ё рӯсарии сиёҳ ба бар кунанд. Чунин тасмим куллан ба худи занон марбут мешавад”, - таъкид доштааст ӯ.

Ин изҳороти Муҳаммад бин Салмон қабл аз дидори ӯ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, баён шуд. Валиаҳди Арабистони Саудӣ қаблан мамнӯияти ронандагии занон ва ба синамо рафтни онҳоро лағв кард. Имсол занони Саудӣ бори аввал дар маъракаи дав иштирок карда, як хонандаи зан барномаи ҳунарӣ иҷро намуд.

Муҳофизакорони тоҷик: “Чодаркашӣ аз сари занон”

Муҳаммад бин Салмон
Муҳаммад бин Салмон

Чанд сол қабл раҳбарияти Тоҷикистон низ чодар ё рӯсарии сиёҳро моли бегона барои занони кишвар дониста, аз онҳо хостанд, ба либоси миллӣ рӯй биоваранд. Дар пайи як рейди мақомоти Кумитаи занон ва ниҳодои интизомии кишвар даҳҳо зан ҳиҷоби худро гирифтаанд.

Қисми муҳофизакори ҷомеа онро “чодаркашӣ аз сари занон” ном бурданд, аммо масъулони давлат гуфтанд, ин маърака танҳо ҳадафи ҳифзи фарҳанги миллии либоспӯширо дошт. Пӯшидани чодар ё ниқоб ё рӯсарии сиёҳ дар Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000-ум “мӯд” шуд.

"Исломи муътадил" кадом аст?

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз хабаргузориҳо навиштаанд, валиаҳд Муҳаммад бин Салмон сиёсатҳои наверо дар пеш гирифтааст, ки бо афкори умумии Арабистони Саудӣ дар тазод аст. Муҳаммад бин Салмон қаблан ваъда дода буд, “исломи муътадил”-ро ба кишвараш бармегардонад ва барои интиқоли ин кишвар ба як ҷомеаи боз, ки ба шаҳрвандон имконияти бештар дода ва сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад, хостори ҳимояти байналмилалӣ шуда буд.

Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон
Доналд Трамп ва Муҳаммад бин Салмон

Ӯ аз ҷумла гуфт, “ончи дар 30 соли гузашта рӯй дод, ҳақиқати Арабистони Саудӣ нест. Ончи тайи 30 соли гузашта дар минтақа иттифоқ афтод, Ховари Миёнаи воқеӣ нест. Пас аз инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, мардум талош карданд ин моделро дар кишварҳои мухталиф пиёда кунанд ва яке аз онҳо Арабистони Саудӣ аст. Мо намедонистем бо ин падида чӣ гуна бархӯрд кунем ва мушкил дар саросари ҷаҳон густариш ёфт. Акнун вақти он расидааст, ки аз он халос шавем."

Тағйирот дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ беш аз 32 миллион аҳолӣ дорад, ки беш аз ними онҳо зери 25-сола ҳастанд. Муҳаммад бин Салмон 33-сола аст ва дар оғози соли гузашта ба ҷойи Муҳаммад бин Ноиф, валиаҳди Арабистони Саудӣ таъйин шуд.

Занони саудӣ ҳаққи варзиш дар кӯчаҳоро пайдо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Дар соли 2015 Салмон бин Абдулазиз ба подшоҳии Арабистони Саудӣ расид ва сиёсатҳои ин кишвар тағйир ёфт. Дар моҳи январи соли 2017 подшоҳи Арабистони Саудӣ писари ҷавонаш Муҳаммад бин Салмонро валиаҳд ва ҷонишини худ таъйин кард. Дар даврони ҳукумати Салмон бин Абдулазиз салоҳиятҳои пулиси мазҳабӣ маҳдуд шуд, иҷозаи баргузории барномаҳои ҳунарӣ пас аз чанд даҳа содир шуд, бахше аз ҳуқуқи занон, аз ҷумла ҳаққи ронандагӣ ба расмият шинохта шуд.

XS
SM
MD
LG