Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷелаку шалвор то "клёш"-у ҷинс. Намунаҳои либоси мардони тоҷик дар 100 соли гузашта. ВИДЕО


Талоши мақомоти Тоҷикистон барои ба "танзим" даровардани либоси сокинон идома дорад. Мақомоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ намунаи либосҳои мардонаро низ нашр хоҳанд кард.

  • Қаблан мақомот намунаи либосҳои миллӣ барои занони тоҷикро таҳия карда буданд. Онҳо гуфтанд, ки ҳадаф аз ин тасмим мубориза бо "бегонапарастӣ" дар кишвар аст. ​
Сарватмандон ҷомаҳои зардӯхт, одамони миёнҳол гулдӯзӣ ва мардуми нодор ҷомаҳои оддӣ мепӯшиданд

Дастор, ҷомаи беқасаб...

Ба фарқ аз занон, либоси мардона дар Тоҷикистон бештар дунявӣ аст ва аз либоспӯшии мардони дигар дар саросари сайёра фарқ намекунад. Як нигоҳи кӯтоҳ ба таърихчаи мӯди либоси мардони тоҷик дар як қарни гузашта нишон медиҳад, ки дар баробари либоси занона, сару либоси мардон ҳам хеле тағйир ёфтааст.

Ҷомаву дастор ва саллаи бошаҳомат барои мардони шаҳрнишин ва куртаву шалвори сафеди карбосиву мукӣ барои мардони куҳистонӣ - аз либосҳои миллии тоҷикӣ дар охири қарни 19 мебошад. Мардон аввалиро барои намоиши зебоиву шаҳомат ва дувумиро барои мусоидат дар анҷоми корҳои рӯзгор ба бар мекарданд. Мардумшиносону тарроҳон ҳамчунин яктаҳ, ҷелакҳои кӯтоҳу дароз ва ҷомаҳои беқасабу зарбофту тоқиҳои рангаву сиёҳ ва кафшро либосҳои хоси мардони тоҷик муаррифӣ мекунанд.

Мардумшиносон мегӯянд, пӯшидани либоси миллӣ дар ҳар давру замон ба сиёсатҳои ҳукумати вақт вобаста буд ва яке пайи дигаре иваз мешуд. Дар замони аморати Бухоро ва даҳаҳои аввали асри 20 либоси мардон, аз шалвори дарози васеъ ва курта иборат буд. Дар он замон аз матоъҳое, ки имрӯз сирф занона шуморида мешавад, ба мисли адрасу шоҳӣ, барои мардон ҷома медӯхтанд.

Мардумшиносон мегӯянд дар замони аморати Бухоро мардон аз болои курта яктаҳ, ҷелаки беастар мепӯшиданд. Дар Қаротегину Дарвоз, Яғнобу Мастчоҳ дар пеши ҷелак матои чоркунҷаи дарозрӯя медӯхтанд, ки он вазифаи куртаро иҷро мекард. Дар шимоли Тоҷикистон яктаҳҳои пешкушодро ба ҷои курта ва дар Бадахшон ва баъзе деҳаҳои Дарвоз аз рӯи курта камзӯлчаҳои кӯтоҳи беостин мепӯшиданд. Ҷомаҳои серпахтаю кампахтаи абраю астардор, пашмин ва пӯстин либоси зимистона барои мардон дониста мешуд.

То ва баъди Инқилоб

Иосиф Сталин
Иосиф Сталин

Баъд аз пирӯзии Инқилоби Октябр дар Осиёи Марказӣ фарҳанги либоспӯшии тоҷикон бо либосҳои русӣ омехта гардид. Сайдалӣ Гадоев, муҳаққиқи либосҳои миллии тоҷикӣ, рӯзи 12-уми феврал гуфт, дар он замон камзӯлҳои кӯтоҳу дароз пайдо шуд. Онҳое ҳам, ки нафарони зиёӣ буданд, ҷелакҳои дарози гиребонашон рост мепӯшиданд.

Иосиф Сталин дар соли 1924 қудратро дар ҳукумати Шӯравӣ ба даст гирифт. Сиёсати сталинӣ ба фарҳанги либоспӯшии на танҳо мардуми тоҷик, балки тамоми миллатҳои Шӯравӣ нақш гузошт. Замони қабл аз ҷанги дувуми ҷаҳон ва чанд соли баъди он ҳамзамон бо ҷомаву дастор ва саллаву тоқиҳои тоҷикӣ куртаву шимҳои шабеҳи либосҳои низомӣ муд шуд. Сайдалӣ Гадоев, муҳаққиқи либосҳои миллии тоҷикӣ, мегӯяд, “дар он давра аксари афроди мансабдор костюм мепӯшиданд. Пешаш тугма дошт. Шимашон голифе буд, ки қисмати болои ин навъи шимҳо кушод буд. Онҳо бо мӯзаи хиром мегаштанд."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Аз ҷелаку шалвор то "клёш"-у ҷинс. Намунаҳои либоси мардони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00

Сарватмандон чӣ мепӯшиданд, камбағалҳо чӣ?

Пас аз солҳои 50-ум, ки фарҳанги либоспӯшии мардонаи аврупоӣ ҷои либоси миллии мардонаро танг кард, боз ҳам либоси мардонаи миллӣ дар манотиқи дурдаст фаромӯш нашуд. Ҷаъфари Ҷалол, коллексионери либосҳои миллӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин муддат сарватмандон ҷомаҳои зардӯхт, одамони миёнаҳол гулдӯзӣ, мардуми нодор ҷомаҳои оддӣ мепӯшиданд. Яъне, фарҳанги пӯшидани либоси миллӣ вуҷуд дошт”.

Таваҷҷуҳи ҷавонон ба либоси миллӣ дар солҳои 1960-70-ум камтар шуд. Қисмати поёнии пойи шимҳои мардона дарозу васеътар шуд, ки миёни мардум бо номи "клёш" маъруф шуд. Баъдан шиму костюм ва галстук ба як бахши фарҳанги либоспӯшии мардон, бахусус кормандони идораҳои давлатӣ табдил шуд. Ҷаъфари Ҷалол, коллексионери либосҳои миллӣ рӯзи 12-уми феврал гуфт, дар солҳои 70-80-ум шимҳои вилюр ва ҷинс ба муд даромад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, дар он вақт дар минтақаи ҷануб ҷавонон дар деҳот ҳатман тоқиҳои чакан ва дар шимол тоқиҳои чустӣ мепӯшиданд.

Ҷомаву тоқӣ - барои маросими хурсандӣ ва азо?

Феълан ин либосҳоро маъмулан ҳунармандон барои саҳнаороӣ ба бар мекунанд. Ҷомаву тоқиро ҷавонону мардони одии деҳоти кишвар дар асри 21 ҳам мепӯшанд. Ва дар тани бархе аз мардони солхӯрда яктаҳҳои дастидӯзи суннатӣ ҳам ба чашм мерасад. Аммо ин навъи либосҳоро аксари мардон ношинам ва номувофиқ барои коргоҳ медонанд. Ба қавли Ҷаъфари Ҷалол, ҷомаву тоқиву миёнбандро аксаран дар маросими азо ё хурсандӣ ба бар мекунанд.

Вале бо гузашти вақт, бо ин ки мӯди либоси занонаи миллӣ дар Тоҷикистон ҳамеша дар ҳоли тағирёбиву пешрафт аст, мардону ҷавонписарон маъмулан либоси миллӣ ба бар намекунанд. Либоси миллии мардона, ба либоси хона табдил шудааст. Абдуҳошим Муродов, ҷавони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пӯшидани либоси миллӣ, аз ҷумла ҷомаву тоқӣ бештар бо хонаву маъракаҳои хусусӣ маҳдуд шудааст.

Намунаи либосҳои мардона дар Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, азбаски нақши мардон дар кору фаъолиятҳои ҷамъиятӣ назар ба занон ҳамеша барҷастатар будааст, мутобиқ шудани сару либоси онҳо ба намуди аврупоӣ ё дунявии Шӯравӣ босуръат ҷараён гирифтааст. Аз сӯи дигар, либоси дунявӣ дар кору фаъолияти ҳаррӯза назар ба либоси миллӣ роҳаттар аст, аз ин рӯ дар гумон аст, касе аз мардони имрӯза омода шавад либоси миллиро дар маҳалли кор ба бар кунад.

Аммо Мирзо Тоҳиров, сокини 85-солаи пойтахт, ки умре бо тоқӣ гаштааст, гуфт, ҳоло ҷавонон ҳамқадами замон шудаанд ва ҳар вақте хоҳанд “муд”-ро иваз мекунанд. “Мо либосҳои ҳукумати Советиро мепӯшем. Ҳамин костюме, ки ман дорам, 45-сола шуд”.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахир эълон кард, ки дар мавриди либоспӯшии мардон дар кишвар тавсияҳоеро омода карда, дар наздиктарин фурсат расонаӣ хоҳад намуд. Аммо ҳанӯз маълум нест, дар ин тавсияҳо ишора аз намунаҳои либоси миллии мардонаи тоҷикӣ истифода хоҳад шуд ё на?

XS
SM
MD
LG