Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атласу чакан ба ҷои бурқа. Фурӯши либосҳои тоҷикӣ дар Кобул. ВИДЕО


Дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикиро Аёмиддин Мирҳиҷриён, як тоҷири афғонистонӣ ду моҳи пеш таъсис дод. Харидорони аслии дӯкони Аёмиддин арӯсон ва заноне ҳастанд, ки дар ҷашни арусӣ ширкат мекунанд.

Маҳваш, ҷавондухтари 28-солаи афғон рӯзи 18-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба наздикӣ маросими арусӣ дорад ва барои интихоби либос ба ин дукон омадааст. Маҳваш гуфт, барои “Шаби ҳино” ҳамроҳ бо дӯстонаш либоси миллии тоҷикӣ мехаранд.

Шурӯи фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мавзӯи пӯшидани либоси миллӣ солҳои охир ба мавзӯи баҳсу баррасиҳо дар сатҳи ҳукумат табдил шудааст.

“Шаби ҳино” ё ҳинобандон як маросими хоси арӯсӣ дар Афғонистон аст, ки як рӯз қабл аз рухсат шудани духтар аз хонаи волидайн ба хонаи шавҳар баргузор мешавад. Дар ин маросим аксаран занону духтарон ширкат мекунанд, аз ин рӯ имкон доранд, либосҳои бозтар ба бар кунанд. “Аз либосҳои миллии тоҷикӣ бисёр хушам меомад. Мехоҳам дар арӯсии худ аз онҳо ба бар кунам,” - гуфт Маҳваш.

Аёмиддин Мирҳиҷириён, соҳиби дӯкони либосҳои миллии тоҷикӣ дар Кобул мегӯяд, бори дуввум аст, ки аз Тоҷикистон либос ворид мекунад. “Ин либосҳо дар Тоҷикистон аз 300 то 1000 сомонӣ арзиш доранд. Ба хотире, ки тиҷоратро тоза ба роҳ монда будам, бо ҳамон нархи аслиашон ба фурӯш гузоштам,” - гуфт ӯ.

Маъмулан, дар Афғонистон занҳо дар хиёбонҳо “бурқа” ба бар мекунанд. Ин навъи либос чеҳраи онҳоро аз чашмҳо пинҳон мекунад. Аз ин рӯ, Аёмиддин мегӯяд, либосҳои тоҷикиро барои маросимҳои хоси занона мехаранд, вале дар кӯчаву хиёбон пушидани чунин навъи либос роиҷ нест.

Ба ҷойи бурқа чакану атлас? Фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Асадулло Нозир, як ҷавони афғон мегӯяд, ҳарчанд пӯшидани либосҳои исломӣ дар Афғонистон иҷборист, вале чанд соли ахир ба назар мерасад, ки ҷавонон ба либосҳои бозтару замонавитар таваҷҷӯҳ доранд.

“Либоси занҳои мо, ки рангҳои кабуду сиёҳ доранд, чеҳраи занҳоро ба ҳадде мепӯшонад, ки фаҳмидан мушкил аст, ки зери онҳо кӣ қарор дорад. Бо истифода аз ин либосҳо террористони мард амалётитеррористӣ ҳам анҷом додаанд. Барои ҳамин фикр мекунам, беҳтар аст, ба ҷои бурқа дигар навъи либоси бозтар ташвиқ шавад. Чанд сол боз духтарони ҷавон кӯшиш мекунанд, чеҳраи худро бозтар кунанд. Ин ба як тамоюл табдил ёфтааст. Фикр мекунам, ки харидории либосҳои тоҷикӣ ҳам ба ин рабт мегирад,” - гуфт Асадуллло.

Бархе сокинони Афғонистон мегӯянд, Кобул -- пойтахти ин кишвар назар ба манотиқи дигари дурафтода барои қабули мӯди беруна бештар омода аст. Занон ҳарчанд зери бурқа ё дигар навъи либоси пӯшида мегарданд, аз либосҳои миллии рангобарангу шоди бонувони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҳинду Тоҷикистон хушашон меояд. Ин либосҳо то андозае ба меъёрҳои фарҳангии занони афғон мувофиқ ҳастанд, вале аз назари тозагиву ранг тафовут доранд.

Вале айни замон, дар ин ҷомеаи муҳофизакор, ки бо гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дастбагиребон аст ва ҳамарӯза бо Толибону ДИИШ– гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротгаро мубориза мебарад, имкони бозтар шудани сару либоси занону духтарон дар солҳои наздик дар гумон аст. Толибон, ки соли 2001 дар муборизаҳои нирӯҳои байналмилалии зиддитеррористӣ аз қудрат барканор шуданд, дар давоми панҷ сол маҳдудиятҳои зиёде ба сари занони афғон таҳмил карданд ва ин маҳдудиятҳо пеш аз ҳама ба намуди зоҳирии занон марбут буд.

Аёмиддин Мирҳиҷриён ҳанӯз намедонад, ки то куҷо тиҷорати ӯ муваффақ ва фаротар аз муштариҳо дар Кобул паҳн хоҳад шуд, вале аз он шод аст, ки метавонад тавассути моли тоҷикӣ чанд зан ва духтари маҳаллиро шод гардонад. Аксари муштариҳои ӯ мегӯянд, ки баъди намоиши либоси тоҷикӣ дар маъракаҳои занона ҳаваси занҳои дигарро ба либосҳои он сӯи соҳилҳои Омӯ бедор кардаанд. Бархе мегӯянд, як ранги шоду куртаи нав дили онҳоро ба зиндагӣ гарм ва ба ояндаи неки кишвар бештар мекунад.

Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар шаҳри Кобул.
Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар шаҳри Кобул.

Шурӯи фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон мавзӯи пӯшидани либоси миллӣ солҳои охир ба мавзӯи баҳсу баррасиҳо дар сатҳи ҳукумат табдил шудааст. Мақомот дар Тоҷикистон бо нигаронӣ аз таъсири фарҳангҳои хориҷӣ ваё ба қавли онҳо “бегона” мехоҳанд таваҷҷӯҳи занони тоҷикро аз пӯшидани либоси бастаи мазҳабии хост ба ҷомеаҳои кишварҳои дигар кам кунанд.

Ҳиҷобу рӯсарӣ ва дигар намунаҳои либосҳои мазҳабии занона, аз назари бархе мақомот, қадаме ба сӯи ифротишавии ҷомеа мебошад ва ба ҳамин хотир ҳам мақомот дар Тоҷикистон рейдҳои фаҳмондадиҳӣ барпо мекунанд. Дар ин рейдҳо, ки соли 2017 ҳадди аққал дар миёни 8 ҳазор занон дар Душанбе баргузор шуд, ба занон талқин мешавад, ки намунаву меъёрҳои либоси миллии тоҷикиро риоя кунанд. Чизе, ки аз ҷониби на ҳамаи онҳо қобили қабул аст.

XS
SM
MD
LG