Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади ДОИШ-иён рӯзгори мардуми Мавсилро талх кардааст. ВИДЕО


Ҷасади бесоҳиби нимапӯсида дар як кӯчаи шаҳри Мавсили Ироқро рӯзи 11-уми январ хабарнигори "Франс Пресс" дид. Шояд ҷасади кадом як ҷангҷӯи тоҷике бошад, ки дар сафи гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" меҷангид. Ин ифротиён, ки замони зинда будан, 3 сол рӯзи мардуми Мавсилро сиёҳ карданд, баъди марг ҳам зиндагии сокинонро талх кардаанд, чун касе намехоҳад, ҷасади онҳоро аз кӯчаҳо бардорад.

"Ҳукумати шаҳри Мавсил мурдаҳои 450 узви ДОИШ-ро аз зери харобаҳо берун бурд. Садҳо ҷасади дигари аъзои ДОИШ мондааст, ки мо берун кашида наметавонем ва, мумкин аст, дар оянда сабаби хуруҷи бемориҳо шаванд", – мегӯяд Абдулсаттор ал-Ҳабу, намояндаи ҳукумати шаҳри Мавсил.

Мавсилро, ки соли 2014 ба дасти ДОИШ афтода буд, моҳи июли соли 2017 аз ҳузури ҷангҷӯён пок карданд.

Бинобар бӯи ғализи ҷасадҳои пӯсида, каси зиёде ҷуръат намекунад, ба ин маҳаллаи таърихӣ дар маркази Мавсил биёяд. Онҳое, ки ҳам меоянд, муддати зиёде монда наметавонанд. Мардум ҳам метарсанд, ки баргарданду хонаҳояшонро барқарор кунанд.

“Мо хона омада наметавонем, мо ба ин минтақа ворид шуда наметавонем, зеро бӯйи ҷасадҳо ҳамаҷоро фаро гирифтааст ва метавонад, сабаби эпидемия ва густариши микробҳо шавад. Метарсем, ки бемор нашавем. Онҳо бояд ҳамаро бардоранд, то наздикии дарёро покиза кунанд”, - мегӯяд Абу Шокир, сокини Мавсил.

Сокинону мақомот ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтаанд, бе ҳеч шакку шубҳа ҷасадҳои паҳну парешону бесоҳиб ҷангҷӯёни хориҷии ДОИШ ҳастанд, чун баъзе либоси афғонӣ, ришҳои дароз ва ҳатто камарбандҳои тарканда доранд. Ҷасадҳои мардуми мулкӣ аз ҷумла занону кӯдаконро то рӯзи 10-уми январ бардошта барои дафн ба соҳибонашон супурдаанд.

Ҷасадҳои ДОИШ-иён рӯзгори мардуми Мавсилро талх кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

“Ҳукумати Мавсил дар ҳамкорӣ бо идораи ҳолатҳои фавқуллода тамоми мошинҳоро барои берун овардани ҷасади шаҳидон аз зери хонаҳояшон сафарбар кард. Мо ду рӯз пеш ҷасадҳои 50 сокини шаҳрро берун овардем – гуфтааст, Абдулсаттор ал-Ҳабу, намояндаи ҳукумати шаҳри Мосул.

Баръакси дафни мардуми мулкӣ, мурдаҳои ҷангҷӯёнро бе ҷаноза ба гӯрҳои дастаҷамъӣ меандозанд. Азбаски камарбандҳои тарканда дар баъзе ҷасадҳо безарар карда нашудааст, поккорӣ ба оҳистагӣ пеш меравад. Оқибати кундии кор хуб нест, чун дарёи Даҷла, манбаи оби ошомиданӣ дар наздикист. Бо рехтани борон, мумкин аст, ҷасадҳоро ба он ҳамроҳ кунд.

Вайронаҳои Мавсил
Вайронаҳои Мавсил

“Мушкилӣ хатари зиёде барои таъмини мардум бо оби ошомиданӣ дорад. Як ҳафта ё даҳ рӯз пеш, мо иттилоъ гирифтем, ки ба соф кардани оби ошомиданӣ шурӯъ кардаанд, вале маълум шудааст, ки об олуда аст”- мегӯяд, Рабеҳ Иброҳим, афсари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Мавсил.

Мавсилро, ки соли 2014 ба дасти ДОИШ афтод, моҳи июли соли 2017 аз ҳузури ҷангҷӯён пок карданд. Аз ҷумла аз ҳузури даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик, ки ба онҷо рафта ба сафи ДОИШ пайвастааст. Аммо поккории ҷасадҳои ҷангҷӯён ним сол аст, ки идома дорад ва маълум нест, кай ба охир мерасад.

XS
SM
MD
LG