Дар Лос-Анҷелес маросими эҳдои ҷоизаи имсолаи Оскар ба беҳтарин филму ҳунарпешаҳои соли 2013 эҳдо шуд. Академияи кинои Амрико филми “Амалиёти Арго”-и Бен Аффлекро, ки ба бӯҳрони гаравгонгирии амрикоиҳо дар Эрон бахшида шудааст, беҳтарин филми соли 2012-ум эълон кард. Дэниэл Дей-Люис барои бозидани нақши президенти ИМА дар филми “Линколн” беҳтарин ҳунарманди мард номида шуд.