Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: "Ба ҳамлаи эҳтимолии Амрико дар Сурия посухи муносиб медиҳем"


Вазири умури хориҷии Русия эълом кард, ки агар Амрико дар пайванд ба ҳуҷуми кимиёвии эҳтимолии нерӯҳои давлатии Сурия, даст ба ҳамлаҳои пешгирона занад, Русия ба он "посухе муносиб" хоҳад дод. Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми июн дар як мусоҳибаи матбуотӣ таъкид кард, ки умедвор аст Амрико аз арзёбӣ ва баррасиҳои истихборотии худ дар бораи ҳукумати Сурия, ба унвони баҳонаи "таҳрикбарангез", истифода накунад.

Кохи Сафед чанд рӯз қабл бо нашр як баёния эълом кард, ки ҳукумати Башор Асад дар ҳоли таҳрезӣ барои анҷоми як ҳамлаи кимиёвии дигар дар Сурия аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор додааст, ки дар сурати анҷоми чунин ҳамлае, "Асад баҳои бисёр сангине пардохт хоҳад кард."

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор додааст, ки дар сурати анҷоми чунин ҳамлае, "Асад баҳои бисёр сангине пардохт хоҳад кард."

Рӯзи 27-уми июн ИМА гуфт, ки ба назар мерасад Сурия дар пайи омодагӣ ба як ҳамлаи дигари кимиёӣ аст ва ҳушдор дод, ки Димишқ барои ин амалаш қимате гароне пардохт хоҳад кард. Пентагон гуфт, ки фаъолиятҳо дар ин самтро дар пойгоҳи ҳавоии Шайрати Сурия

Кохи Сафед гуфт, ки моҳи апрел ҳамингуна фаъолиятҳоро пеш аз партоб шудани гази заҳрогини зарин дар минтақаи таҳти назари шӯришиён дар Хон Шайхун мушоҳида кардааст. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо нафар кушта шуд ва баъди ин президент Доналд Трамп амр дод, ки болои пойгоҳи ҳавоии Шайрат, ки аз ҳудудҳои он ҳавопаймоҳо барои заҳролуд кардани шаҳр парвоз карда буданд, мушак партоб шавад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷеймз Маттис, вазири дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми июн гуфт, ки ба назар мерасад ҳушдорҳои раиси ҷумҳури Амрико ба ҳукумати Сурия дар бораи худдорӣ аз анҷоми ҳамлаҳои кимиёвӣ, муассир будааст.

Эҳтимоли мулоқоти Путин ва Трамп дар Гамбург

Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин гуфт, дидор накардани Путин ва Трамп дар ҳошияи нишасти сарони "Гурӯҳи 20" кори дурусте нахоҳад буд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия. ин аввалин дидори Доналд Трамп ва Владимир Путин ба шумор меравад.

Нишасти "Гурӯҳи 20" рӯзҳои 7-8 июл дар шаҳри Гамбурги Олмон баргузор мешавад. Раҳбарони кишварҳои қудратманди иқтисодӣ дар ин нишаст дар мавриди мубориза бо терроризм, тағйироти иқлим ва тиҷорати озод гуфтугӯ хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG