Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди генералҳои Эрону Русия аз амалкарди Амрико (САДО)


Ҳавопаймои маҳвшудаи Сурия дар пойгоҳи ҳавоӣ, ки ҳадафи мушакҳои амрикоӣ қарор гирифт.

Ду фармондеҳи баландрутбаи Русия ва Эрон ҳамлаи ҳавоии Амрико ба пойгоҳи низомии Сурияро танқид карданд ва қавл доданд, ки мубориза бо “террористон”-ро идома медиҳанд. Ҳарду кишвар мухолифони давлати раиси ҷумҳур Башор Асадро “террорист” меноманд.

Хабаргузории давлатии ИРНА-и Эрон гузориш дод, ки генерал Валерий Герасимов, раиси ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва ҳамтои эронии ӯ Муҳаммад Боқирӣ дар ин бора рӯзи 8-уми апрел телефонӣ гуфтӯгӯ кардаанд. Бар асоси ин гузориш, “генералҳо амалиёти Амрико дар пойгоҳи низомии Сурияро, ки таҷовуз ба як кишвари мустақил аст, маҳкум карданд.”

Валерий Герасимов
Валерий Герасимов

Русия ва Эрон дар ҷанги дохилии Сурия аз Башор Асад ҳимоят мекунанд ва Амрикову Туркия аз гурӯҳҳои ошӯбгари мухолиф, ки ба зидди ҳукумат меҷанганд. Русияву Эрон дар гузашта, мухолифони давлати Башор Асадро “террористон” номидаанд.

Рӯзи 7-уми апрел нерӯҳои Амрико пойгоҳи ҳавоии Шайрати Сурияро бо мушак вайрон карданд, чун ба гуфтаи артиши Амрико ҳамлаи кимиёвии маргбор ба шаҳри Хон Шайхун аз ҳаминҷо сурат гирифтааст. Дар натиҷаи ин ҳамла дар рӯзи 4-уми апрел даҳҳо нафар кушта шуданд.

Баёнияҳои фармондеҳони артиши Эрону Русия айни баёнияҳои раҳбарони ду кишвар аст, ки чанд соат баъд аз ҳамлаҳои мушакии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии Сурия садо дод. Ба гуфтаи ҳарду генерал, ҳамлаҳои мушакӣ “барномаи аз пеш тарҳрезишуда буд” ва ҳадафи он монеъ шудан ба пешравии нерӯҳои Сурия ва “қавитар кардани рӯҳияи террористону тарафдорони онҳо” будааст.

Ҳамла, ҳамлаи кимиёвӣ буд ва аз ҳаво сурат гирифтааст.

Генералҳои эронӣ ва рус ҳамчунин ваъда додаанд, ки муборизаро ба зидди “террористҳои такфирӣ” идома медиҳанд ва тақвият мебахшанд. Манзури онҳо аз террористҳои такфирӣ гурӯҳҳои суннимазҳаби ифротӣ ва аз ҷумла гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аст.

Бисёре аз ҳампаймонҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳамлаи мушакии ин кишвар ба пойгоҳи ҳавоии Сурия ҳимоят карданд. Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ки сафараш ба Русияро, ки қарор буд, рӯзи 10-уми апрел сурат бигирад, бо назардошти онки таҳҳавуллот дар Сурия “вазъро усулан тағйир додааст”, лағв мекунад.

Дар натиҷаи ҳамла даҳҳо зану кӯдак ҳам ё кушта шуданд ва ё осеб диданд.
Дар натиҷаи ҳамла даҳҳо зану кӯдак ҳам ё кушта шуданд ва ё осеб диданд.

Муфаттишони ҷиноятҳои ҷангӣ дар Созмони Милал ба тафтиши ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия шурӯъ кардаанд. Стаффан де Мистура, фиристодаи хоси созмон барои Сурия гуфтааст, тамоми аломатҳо баёнгари он аст, ки ҳамла, “ҳамлаи кимиёвӣ буд ва аз ҳаво сурат гирифтааст.”

Ба гуфтаи нозирони ҳуқуқи башар, дар ҳамла ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб, ки дар дасти шӯришиён аст, 86 нафар кушта шуданд. Дар умум дар ҷанги дохилии Сурия, ки моҳи марти соли 2011 баъди тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ шурӯъ шуд, то кунун бештар аз 320 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG