Валид Ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия гуфт, кишвараш созиш дар бораи коҳиши даргириҳоро риоят мекунад, вале афзуд, агар ошӯбгарон ба созиш беэътиноӣ кунанд, посухашро мегиранд. Дар як нишасти хабарӣ дар Димишқ дар рӯзи 7-уми май Валид Ал-Муаллим гуфт, ҳукумат умедвор аст, нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русияву Эрон ва Туркияро риоят мекунанд.
Вазири умури хориҷии Сурия умедворӣ намуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи мухолифон созиши ҳосилшуда бо миёнҷигарии Русияву Эрон ва Туркияро риоят мекунанд.
Идлиб яке аз минтақаҳои ташаннуҷзудоӣ аст. Ҷабҳат-ан- Нусра, Аҳрор-аш-Шом ва дигар нерӯҳо инҷо фаъоланд. Гурӯҳҳое, ки созиши оташбасро имзо гузоштаанд, бояд Ҷабҳат-ан-Нусраро аз ин минтақаҳо берун кунанд, то ташаннуҷ коҳиш ёбад ва кафилон бояд ба онҳо дар ин роҳ кӯмак кунанд.
Созиши коҳиши даргириҳо дар Сурия ҳафтаи гузашта дар Остона ҳосил шуд. Валид Ал-Муаллим гуфт, дар минтақаҳое, ки бояд созиши оташбас риоят шавад, ҳеҷ гуна нерӯҳои байналмилалӣ нахоҳанд буд. Вилояти Идлиб, ҳошияҳои Ҳумс, шаҳри Ғута ва вилоятҳои Даръову Қунайтара минтақаҳои ташаннуҷзудоӣ интихоб шудаанд. Созиш барои шаш моҳ амал мекунад ва дар сурати мувофиқат тамдид карда мешавад.
Ассад Ал-Зубӣ яке аз пешвоёни мухолифони Сурия созишро танқид кард. Аз ин созиш фақат режим ва Русия манфиат мебинанд. Чунки озодии ҳаракат, озодии тирандозӣ хоҳанд дошт. Бахусус Русия бандеро изофа кардааст, ки ба он иҷоза медиҳад, дар сурати кашфи унсурҳои ДОИШ ба ин минтақаҳои ором зарба занад. Ин банд ба русҳо иҷоза медиҳад, ҳар рӯз дар ин минтақаҳо зарба зананд.
Дар ҷанги Сурия, ки тақрибан 6 сол аз он мегузарад, то кунун садҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафари дигаре бехонумон шудаанд.
Какой ужас...Ежегодно в частях погибают молодые парни от побоев.Когда наконец Правительство займется контролем воинских частей и наконец начнет наказывать виновных?Выделите средства из бюджета на установление видеокамер в каждой части,которые будут регулярно функционировать и фиксировать происходящее.Что значит погиб от почечной недостаточности?Как проводили медкомиссию,когда забирали парня на службу?Отдать под суд виновных будь то служащие забившие парня насмерть,будь то медики проводившие медкомиссию отправившие на службу нездорового парня.Хватит присылать тела из горе армии,ведь родители ждут своих детей дома живыми.Служа в армии парни отдают честь Родине и пока они на службе Родина в ответе за каждого солдата.Пусть Аллах накажет виновных и вдвойне тех,кто их выгораживает.
Тоҷикистон фақат ба Эрон тӯҳмат карданро метонаду халос. Ба Қирғизистону Чин лаб зери дандон
Гиред канда партоед ин лелина таги пои хукҳо))) Шоҳ Исмоили Сомонӣ-ро ба ҷояш монед.
Википеди ҷустуҷу кун (салафия) ё (вахабити) мебини ки, ва чи ҳаст
Мо маҷбурем бо Эрон ҳамкори ва дусти ва бародарона бошем, зеро мо ба касе даркор нестем, манзурам русҳо ҳаст агар ҷони худро барои онҳо бидиҳем, агарчи бобоҳои мо додан соли 1941-1945 моро одам намеҳисобан, касоне муҳоҷират рафтаанд медонан (черное) мегуянд, ва кинаву адвоват доран. Ва барои мардуми туркзабонҳам мо даркор нестем чи туркия бошад чи дигараш мо бояд бо ҳам бошем Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон. Форси бузург қудрати ҷоҳони.