Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвози ҳавопаймои Эътилоф дар минтақаҳои амни Сурия мамнуъ шуд"


Александр Лаврентев
Александр Лаврентев

Дипломати рус дар музокироти ҳалли низои Сурия гуфт, ки бар пояи созиши Русияву Туркия ва Эрон парвози ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар фазои минтақаҳои амн мамнуъ хоҳад буд. Александр Лаврентев дар ин бора рӯзи 4 май дар Остона, пойтахти Қазоқистон, сӯҳбат кард. Се кишвар созишнома дар бораи таъсиси минтақаҳои амн дар Сурияро рӯзи панҷшанбе имзо карданд.

“Гуттереш аз созиши коҳиши хушунат дар минтақаҳои калидии Сурия рӯҳбаланд шудааст”, - гуфт сухангӯи Дабири кулл Стеффан Дуҷаррик ва афзуд, “бисёр муҳим аст, ки қарордод зиндагии мардуми Сурияро беҳтар кунад”.

Лаврентев гуфт, ки парвози ҳавопаймоҳо дар фазои минтақаҳои амн, махсусан ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико, бидуни огаҳии пешакӣ комилан манъ аст ва “ин масъала ҷойи баҳс надорад”. Ҳамлаҳои ҳавоии ҷудогонаи Русия ва Амрико дар ду соли ахир боис ба эҷоди тшаннуҷ шуданд.

Лаврентев гуфт, созишнома рӯзи 6 май ба иҷро медарояд ва интизор меравад, ки ҳавопаймоҳои ҳукумати Сурия низ аз парвоз дар он манотиқ худдорӣ кунанд, ба истиснои мавридҳое, ки гурӯҳҳои шӯришгар ба ҳуҷум гузаранд. Мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Башор Асад мегӯянд, ки дар гузашта ин гуна истисно ба нерӯҳои ҳукумати Сурия имкон дод, бо баҳонаи ҳамла ба террористҳо ҳарҷоро бомбаборон кунанд.

Намояндагони мухолифини Сурия дар музокироти Остона
Намояндагони мухолифини Сурия дар музокироти Остона

Иёлоти Муттаҳида ба ин созишнома вокуниши эҳтиёткорона нишон дод ва гуфт, “аз ҳама гуна талоши хатми хушунат дар Сурия пуштибонӣ мекунад”. Аммо Вашингтон ҳамзамон аз нақши Эрон дар ин созиш нигаронӣ кард ва аз Русия хост, ки риояи созишро аз ҷониби ҳукумати Сурия таъмин кунад.

Дабири кулли Созмони Милал Антонио Гуттереш низ рӯзи 4 май аз созиш эҳтиёткорона истиқбол кард, вале гуфт, ки дидани натиҷаи он дар амал муҳим аст. “Гуттереш аз созиши коҳиши хушунат дар минтақаҳои калидии Сурия рӯҳбаланд шудааст”, - гуфт сухангӯи Дабири кулл Стеффан Дуҷаррик ва афзуд, “бисёр муҳим аст, ки қарордод зиндагии мардуми Сурияро беҳтар кунад”.

Нишасти Остона
Нишасти Остона

Аммо созишномаи таъсиси минтақаҳои амн мухолифини мусаллаҳи Сурияро норозӣ боқӣ гузошт. Онҳо ба як идда масоил, аз ҷумла нақши Эрон дар ин созиш эътироз доранд. Амрико низ аз нақши Эрон ҳамчун кафил розӣ нест.

Сухангӯи Департаменти давлатии Амрико Ҳезер Нойерт дар як изҳорот гуфт, ки “пуштибонии Амрико аз ҳама гуна талошҳои хатми хушунат дар Сурия” дастрасии мардум ба кумаки башардӯстона, саркӯб кардани гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, гурӯҳҳои террористии дигар ва эъмори шароит барои ҳалли сиёсии низои Сурияро таъмин мекунад.

Аз сӯи дигар омадааст дар изҳорот, “созишномаи Остона моро нигарон мекунад, махсусан иштироки Эрон ба сифати кафил. Фаъолиятҳои Эрон дар Сурия танҳо хушунатро эҷод крдаанд ва пуштибонии бидуни баҳси Эрон аз ҳукумати Асад азияти мардуми Сурияро бефарҷом кардааст.”

Владимир Путин
Владимир Путин

Эъломияи Остона ба таъсиси чаҳор минтақаи амн дар шимол, марказ ва ҷануби Сурия, ҷойе, ки артиши Асад бо шӯришгарон даргир аст, даъват мекунад. Дар ин даргириҳо, ки аз соли 2011 ба ин тараф ҷараён доранд, дастикам 400 ҳазор нафар кушта шуд.

Таъсиси минтақаҳои амн аслан пешниҳоди Русия аст, ки дар тӯли низои шашсола кумакҳои низомӣ ва дипломатиро дар ихтиёри Башор Асад қарор додааст. Эрон низ дар ҷанги нерӯҳои ҳукумати Башор Асад бо мухолифини мусаллаҳ кумак кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 2 май тарҳи таъсиси минтақаҳои амнро дар гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Амрико Доналд Трамп матраҳ кард. Кохи Сафед гуфтугӯро “бисёр хуб” номид ва гуфт, ки сӯҳбат мавзӯи таъсиси минтақҳои амн барои таҳкими сулҳи собит зовияҳои башарӣ ва заминаҳои дигарро фаро гирифт.

Аммо Доналд Трамп пешниҳоди Русия ва ё имзои эъломияи Русия, Туркия ва Эронро дар заминаи таъсиси минтақаҳои амн дар мазҳари ом матраҳ накард.

XS
SM
MD
LG