Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони ба ДИИШ пайвастани Парвиз. САДО


Парвиз Қосимов.
Парвиз Қосимов.

Парвиз Қосимов, ҷавоне, ки ду сол пеш исмаш дар расонаҳо ба ҳайси як ҷангии собиқ ва пушаймоншудаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” бо таблиғоти зиддитеррористиаш машҳур шуд, имрӯз ҳам дар мулоқоту ҳамоишҳои мухталиф ба ҷавонҳо дар манотиқи кишвар аз хатарҳои ҷангу ифротгароӣ сӯҳбат мекунад.

Достони Парвиз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:13 0:00
Линки мустақим

Парвиз Қосимов яке аз аввалин шоҳидони айнӣ шуд, ки барои сокинони Тоҷикистон аз минбарҳои баланд дар бораи даҳшатҳои ҷанг сӯҳбат мекард ва ҳоли зори шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигарро дар қаламравҳои зери назари гурӯҳи ҷангҷӯ бо мисолҳои мушаххас бозгӯ мекард.

Парвиз Қосимов моҳи сентябри соли 2014 тариқи "Однокласники" ба гурӯҳи ДИИШ пайваст ва ба Сурия рафт. Чун маълумоти тиббӣ дошт, на ба лагери ҷангӣ, балки ба бемористон барои кумаки дигар табибон фиристода шуд.

Ин сокини ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол”-и ноҳияи Бохтар дар сӯҳбатҳояш мегӯяд, соли 2015 тавонист пас аз 9 моҳи дар Сурия шоҳиди ҷанг буданаш, ба Тоҷикистон баргардад ва худро ба мақомот таслим кунад. Вале дастрасии матбуот ба ӯ осон нест ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ӯ зери назорат аст. Дархости Парвиз барои барқарор шудан дар риштаи тиббӣ, ки онро хатм накарда ба Сурия рафта буд, қонеъ нашудааст.

Файзулло Раҷабов, масъули кор бо дин дар ҷамоати "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Бохтар дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Рафтораш зери назорат гирифта шудааст. Телефон надорад. Барои он, ки мабодо боз ба гурӯҳе напайвандад, дар хонаашон аст. Кор мекунад ва дар ҳар чорабиниҳое, ки баргузор мешавад, даъваташ мекунему бо ӯ суҳбат анҷом медиҳем. Ҳар ҳафта аз ӯ мепурсем, ки чӣ ҳол дорад".

Дар ҳоле, ки имкони сӯҳбат бо худи Парвиз вуҷуд надорад, дар яке аз охирин мулоқоташ бо аҳли ҷомеа ҳафтаи гузашта, ки дар мавзуи пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ буд, дар ноҳияи Бохтар суханронӣ кард. Вай, аз ҷумла, гуфт, ки моҳи сентябри соли 2014 тариқи шабакаи иҷтимоии "Однокласники" ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста ба Сурия рафтааст. Ба гуфтаи Парвиз, чун маълумоти тиббӣ дошт, ӯро на ба лагери ҷангӣ, балки ба бемористон барои кумаки дигар духтурон фиристоданд.

Теъдоди сокинони ноҳияи Бохтар дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” 92 нафар гуфта мешавад.
Теъдоди сокинони ноҳияи Бохтар дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” 92 нафар гуфта мешавад.

"Фирефтаи гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" шудам. Бо роҳи пинҳонӣ ба Сурия рафтам, чун вориди Сурия шудам, он таклифҳо ва он ваъдаҳое, ки қаблан шуда буд, надидам. Баръакс амалҳои ваҳшонияту сарбурӣ мекарданд, ки пушаймон шуда тасмим гирифтам ба ватан баргардам. Ҷавононеро бе дасту пойи медидам, ки ба ҷанг рафта бозпас намегаштаанд",-гуфт Парвиз.

Ҳамин тариқ, Парвиз Қосимов, сокини деҳаи Навкори ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Бохтар донишҷӯи соли дуюми бахши тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, ки моҳи сентябри соли 2014 ба "Давлати исломӣ" пайваст ва ҳамон моҳ ба Сурия рафт.

Тоҷихон Қосимова, модари Парвиз Қосимов чанде пеш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки писараш пушаймон шуда ва бо талоши мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргаштааст. Ба гуфтаи наздиконаш, Парвиз Қосимов талош дорад бо кӯмак ва иҷозати мақомот дубора дар донишгоҳ барқарор шавад, вале то ҳанӯз чунин посухи мусбате дар ин замина дарёфт накардааст.

Зимнан, дар ҳамоише, ки ахиран Парвиз Қосимов сӯҳбат кардааст, як мақоми Кумитаи амният дар вилояти Хатлон теъдоди сокинони ноҳияи Бохтар дар гурӯҳи “Давлати Исломӣ”- ро 92 нафар гуфт. Аз ин миён 6 нафар зан буда ва ҳамчунин 17 нафарашон кушта шудаанд. Аммо тибқи омори расмӣ, шумораи сокинони вилояти Хатлон, ки ба ДИИШ пайвастаанд 400 нафар гуфта мешавад.

Искандар Солеҳзода.
Искандар Солеҳзода.

Искандар Солеҳзода, собиқ муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ва ҳоло сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон моҳи гузашта дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб зимни нигаронӣ аз гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъ ва ифротгаро гуфтааст, ки дар соли 2016 ин тамоюл коҳиш ёфтааст.

Бархе коршиносон мегӯянд, ки дар ин коҳиш нақши Парвиз барин ҷавонҳои баргаштаву пушаймоншуда хеле зиёд аст, чунки нақлҳои таъсирбахши мисли ӯ шахсони таҷрибадида гоҳо дар зеҳни ҷавонҳо осори худро гузоштааст.

Искандар Солеҳзода дар суханронии худ дар ноҳияи Ҷомӣ гуфт, соли гузашта 149 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароидошта сабт шуда ва 111 нафар равонаи зиндон шудаанд. Аммо тибқи иттилои додситонии вилояти Хатлон, танҳо дар 3 моҳи ахири соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 60 парвандаи хусусияти террористию экстримистӣ дошта дар шаҳру навоҳии вилоят боз шудааст.

XS
SM
MD
LG