Парвиз Қосимов, сокини 20-солаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, ки бо хоҳиши худ аз майдонҳои ҷанг дар Сурия ба кишвар баргашта ва мавриди афв қарор гирифтааст, ният дорад, ба таҳсилаш дар факултаи тиббии Донишгоҳи миллӣ идома диҳад. Ӯ баъди пайвастанаш ба саффи гурӯҳҳои ифротӣ аз донишгоҳ ихроҷ шуда, ҳоло барои дубора барқарор шуданаш ба ҳукумати ноҳияи Бохтар муроҷиат кардааст. Дар сурати барқарор шуданаш ӯ дар соли дуввум таҳсил хоҳад кард.
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар, рӯзи 7-уми сентябр ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз қазияи Парвиз Қосимов огоҳанд ва дар чаҳорчӯби қонунҳои ҷорӣ барои идомаи таҳсили ӯ тамоми талошашонро хоҳанд кард. "Ӯ бо хоҳиши худаш аз ҷангҳои Сурия баргаштааст ва бисёр мехоҳем, дар донишгоҳ таҳсилашро идома диҳад. Хотираш ҷамъ бошаду дубора дар фикри беҳудагардӣ науфтад," -- афзуд раиси Бохтар.
Ҷаббори Ғаффор илова кард, ки Парвиз дар як ҷаласаи ҳукумат низ иштирок карда, дар бораи чӣ гуна ба Сурия рафтан ва ҳоло пушаймон буданашро нақл кардааст. Парвиз, ки дар соли дуюми факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мехонд, моҳи октябри соли 2014, баъди даъватҳои интернетии аъзои "Давлати исломӣ” аз Душанбе ба Маскав ва сипас аз онҷо ба Сурия рафтааст.
Ин сокини ҷавони Бохтар мегӯяд, 9 моҳ дар Сурия асосан ба маҷрӯҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" кумаки аввалияи тиббӣ мерасонд. "Аммо дар як таркиш захмӣ шуда, роҳи бурунрафт аз ин гурӯҳро ҷустам," -- гуфт ӯ.
Тоҷихон Қосимова, модари Парвиз Қосимов, ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш 14 августи соли ҷорӣ худро бо азобе ба Туркия мерасонад ва ба мақомоти он кишвар таслим мешавад. "Баъдан ӯ тавассути намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба кишвар фиристода шуд," -- нақл кард модари Парвиз.
Парвиз бо дастури масъулони Идораи амнияти ноҳияи Бохтар ҳаққи берун рафтан аз маҳалли иқоматашро надорад, аммо хонаводааш умед доранд, вай ҳаққи таҳсилро ба даст оварда, дар оянда пизишки хуб хоҳад шуд.
Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар гуфтанд, ки ҳоло 28 ҷавони ноҳия дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ будаанд, ки панҷ нафари онҳо бо зану кӯдаконашон қарор доштаанд. Шумораи ҷавонони кушташудаи бохтарӣ, ки шомили "Давлати исломӣ" будаанд, 8 нафар гуфта мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ҳар касеро, бо хоҳиши худ аз Сурияву Ироқ бармегардад, аз ҷавобгарӣ озод мекунанд. То кунун 40 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Сурияву Ироқ ва ё марзи Туркия ва Сурия баргаштаанд, мавриди афв қарор гирифтаанд.
Худо рахмат кунад ин чавонро ба оилаашон сабр баьдан оилаи хамаамон масалаи беназоратиро намепурсему дастгири хам намекнём. Чомеа хам бепарвоги мекунад масалан ягон кори нохуби фарзандхоро мибинем мегуем хай бачаи касе бошад мушкилии мо не да. Омузгорхо ку тамоман дар фикри барои директори мактаба пул чамкуни директори мактаб дар фикри пулчамкунии барои маориф ки мабодо аз вазифааш нагиранд. Маориф бошад пулро ки гирифт дигар ба мактабу рохбараш кор намегирад хар кас хост маьлиму маьлима мешавад. Барои омузгор шидан маьлумоти омузгори хондан даркор психолог будан даркор ки хамин хел вокеахои дахшатоваро пешгири кардан зарур аст. Дар масалаи ВКД хам шахсони тасодуфро ба кор мегиранд. Холо дар мактабхо мухофиз аз макомоти ВКД таин шудаги кадом вакте ман мактаб равам фарзандхоямро хабаргири милисаи мактаби мо дар даруни сахни мактаб мошинрони мекунад йо мошинашро соз карда мешинад холо он ки милиса вазифадор мебошад ки пурсад ки кучо ва пеши ки мерави. Ба наздики ба беморхонаи нохияи Рудаки рафтам милиса бачои дар даромадгохи беморхона истад ман уро дар ошйонаи сеюм ба тамошои телевизор дидам. Максади ман хамин ки хар кадоми мо ба корамон ахамияти чидди бидихем минбаьд чунин вокеахо нашаванд чи омузгори чи милиса ва чи чомеа.
Ватанамонро бояд чавонмардон ҳимоя кунанд бузхо гурехта пинҳон шаванд
Бо он аҳвол ӯ на дар назди тафтишот ҷавоб дода метавонад, на дар назди суд” Дар Тоҷикистони мо назди тафтишот ва суд мӯйсафеди 87 сола,ки як пояш лаби гур қарор дошт ҷавоб дод,наход як ҷавони ҳафт кас медидаги ҷавоб гуфта натавонад. Ё мусафеди 87 сола ҷавонмардтар буд да.
Рухаш шод! Барои саньати Точик хидмат карданд!
Короче, рафтан даркор аз инчо бародарон, рафтан даркор. Ягон бехбуди, пешрави, акалан адолати суди нест дар инчо. Худованд рохамонро кушояд. Омин