Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонхӯҷаро барои қасди таркиш дар Русия маҳкум карданд. САДО


Раҳмонхӯҷа Исмоилов дар додгоҳ
Раҳмонхӯҷа Исмоилов дар додгоҳ

Додгоҳе дар вилояти Хатлон як сокини 27-соларо барои бо дастури гурӯҳи “Давлати исломӣ” омода шуданаш ба анҷоми таркиш дар Русия муттаҳам ва ба мӯҳлати 10 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯли собиқ) гуфт, ки дар ҷараёни муҳокимаҳо тамоми иттиҳомоти зидди Раҳмонхӯҷа Исмоилов исбот шуд.

Худи маҳкумшуда дар додгоҳ гуноҳҳояшро эътироф карда гуфтааст, ки аз ноогоҳӣ ба ҳарфи гурӯҳҳои ҷиноятпеша бовар карда ба ин роҳ рафт, вале ҳоло пушаймон аст. Ин парвандаи камсобиқаи як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки барои қасди анҷоми амали террористӣ дар хоки Русия муҷозот мешавад. Сохторҳои ҳифзи қонун мегӯянд, ки як роҳи аслии пайвастшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам дигар ҷумҳуриҳои Осиёи

Дар ҳақиқат, ман ҳамин беақлиҳоро кардам. Аз сабаби надоштани маълумоти динӣ, баъдан фаҳмидам, ки чӣ гап аст. Ба умри ҷавони ман ва ҳамсарам, ки нав хонадор шудаам, раҳм кунеду ҳукми сабуктар диҳед

Марказӣ ба созмонҳои террористиву ҷиноятпеша, бахусус гурӯҳи “Давлати Исломӣ”-и фаъол дар қаламравҳои Сурияву Ироқ – Русия мебошад. Солона ҳудудан як миллион сокини Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба Русия муҳоҷират мекунад ва дар бархе ҳолатҳо ба гурӯҳҳои террористиву ифротгаро шомил мешаванд, вале дар бисёр ҳолатҳо муҷримон худро бегуноҳ ва тӯҳматшуда эълон мекунанд.

"Исмоилов барои таркиш дар Русия омодагӣ дидааст"

Дар шарҳи қазияи Раҳмонхӯҷа Исмоилов додгоҳи Дӯстӣ гуфт, ки ин сокини деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бар асоси моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноии кишвар, яъне "иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ" муттаҳам дониста шудааст. Исмоилов ҳанӯз фурсат дорад, ки аз болои ин ҳукм шикоят кунад. Латофат Ҷаъфарзода, раиси додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ ва ҳамзамон қозии ин парванда рӯзи 3 май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Раҳмонхӯҷа Исмоилов ба сохтани маводи тарканда ва тасмими анҷоми таркише дар шаҳри Маскав муттаҳам шудааст.

Исмоилов барои қасди таркиш дар Русия ба 10 соли зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00
Линки мустақим

Латофат Ҷаъфарзода гуфт, ки ин ҷавон дар шаҳри Сергиев Посади вилояти Масква зиндагӣ мекардааст, ки тариқи интернет сохтани маводи таркандаро омухтааст, аз имтиҳон гузаштааст, вале дастури таркишро нагирифта ба зодгоҳаш баргаштааст: "Барои таркондан сохтааст, вале иҷозаи тарконданро нагирифтааст, вале гуфт, ки қасди тарконданро доштанад, аз нотбукаш далелҳои шаъйӣ видеоҳои доштааст ҳаст. Дар маҷлиси суди худаш низ иқрор шудааст, ки ӯ қасди анҷом додани таркишро доштааст."

Латофат Ҷаъфарзода гуфт, ки Исмоилов баъди қаробат бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар фикри анҷоми таркиш шудааст. Ба гуфтаи додрас, ки Исмоилов дар додгоҳ гуфтааст, ки ба даъвати ин гурӯҳ барои гӯё мубориза барои адолат гумроҳ шудааст: "Видеоҳоро ба онҳо намоиш додаанд, ки русҳо гӯе мусалмонҳоро мекуштаанд, онҳо мехостаанд, ки бар зидди Русия бархоста ин маводро бисозанду таркиш анҷом диҳанд. Чун аз ӯҳдаи сохтани мавод баромадааст онро майда карда нест кардааст, ақидаҳои онҳоро ҷонибдори низ кардааст. Ин чизҳоро дар Русия сохтааст, дастур гирифтааст, ки бояд ба Тоҷикистон баргардад."

Сухани охирини Исмоилов: Ба умри ҷавонам раҳам кунед

Тамосҳои Исмоилов асосан тавассути интернет сурат мегирифт. Ҳамчунин тариқи интернет гӯё тарзи сохтани маводи таркандаро омӯхтааст. Бозгашти ӯ ба Тоҷикистон ҳам гӯё бо “Давлати исломӣ” сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки санҷидани дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил имкон надорад, аз сабти эътирофҳои судии Раҳмонхӯҷа Исмоилов дар додгоҳ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, бармеояд, ки ӯ ин иттиҳомро эътироф ва изҳори пушаймонӣ кардааст. Аз ҷумла дар сухани охирини худ дар додгоҳ ӯ гуфтааст: "Дар ҳақиқат, ман ҳамин беақлиҳоро кардам. Аз сабаби надоштани маълумоти динӣ, баъдан фаҳмидам, ки чӣ гап аст. Ба умри ҷавони ман ва ҳамсарам, ки нав хонадор шудаам, раҳм кунеду ҳукми сабуктар диҳед".

Дар парвандаи ҷиноии Раҳмонхӯҷа Исмоилов навишта шудааст, ки ӯ аз соли 2008 ба муҳоҷират мерафт. Пайвастани ӯ ба гурӯҳи ҷиноятпеша эҳтимолан соли 2016 ва омӯзиши сохтани маводи тарканда моҳи июли ҳамон сол сурат гирифтааст. Ӯро дар Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ баъди суҳбаташ дар шабакаҳои иҷтимои бо нафаре бо исми шартии "Халид ибни Валид" боздошт кардаанд.

Абдуҳалим Қаландарзода, ки то эълони ҳукми додгоҳи ноҳияи Дӯсти расман вакили Раҳмонхӯҷа Исмоилов буд мегӯяд, ки тафсилоти зиёд дода наметавонад, чун шартномае, ки доштаанд то рӯзи мурофиа имзо шудааст. Вай мегӯяд:"Ростӣ, намедонам, ки шикоят мебарад ё не, феълан ба ман муроҷиат накардааст, вале дар мавриди парвандаи ҷиноӣ маълумот дода наметавонам, чун сири миёни ман ва судшаванда ҳаст, баъдан шартномаи ман то рӯзи мурофиа буд".

Наздикон бо ҳукм розӣ нестанд

Наздикони Раҳмонхӯҷа Исмоилов феълан аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд, вале дар додгоҳ гуфтанд, ки онҳо аз ҳукм розӣ набудаанд ва эҳтимоли шикоят бурданашон вуҷуд дорад. Қазияи кӯшиши анҷоми таркиш аз сӯи як ҷавони тоҷик дар як минтақаи Русия бори аввал аст, ки дар як додгоҳи Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Дар гузашта додгоҳи вилояти Хатлон панҷ нафарро, ки якеаш гӯё мехост дар театри Операву балет ва чаҳор нафаре дар ноҳияи Хуросон таркиш анҷом диҳад, равонаи зиндон кардааст. Тибқи иттилои расмӣ 8 сокини ноҳияи Дӯстӣ дар Сурия будаанд, ки солҳои пеш тариқи Русия ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Шумораи сокинони вилояти Хатлон, ки дар Сурия будаанд беш аз 220 нафар гуфта мешавад. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG