Дар деҳоти дурдасти Беларус ҳанӯз ҳам фурӯшгоҳҳои сайёри даврони шӯравӣ, ки бо номи автолавка (дукони сайёр) маъруф буданд, фаъол мебошанду ниёзмандиҳои муштариёнро бароварда месозанд. Чунин дуконҳо замоне дар Тоҷикистон низ зиёд буданд.
Дар Беларус ҳанӯз ҳам Авто-лавка ҳаётан муҳим аст
5
Хонум Марта мегӯяд, ки ҳар ҳафта аз автолавка ба маблағи тахминан 300 000 рубли беларусӣ, ки ба тахминан 40 доллари амрикоӣ баробар аст, харид мекунад.
6
Виктор, ки бо назорати ҷангали канори деҳа машғул аст, мегӯяд, " мо аз тамаддун канда ҳастем".
7
Рафтуомад ба деҳаи Лесковро рӯди Взлянка душвор кардааст, вале ахиран пули ларзони деҳа таъмир шуд ва муштариён имкон доранд, ки пои пиёда ба деҳаи ҳамсоя барои харид раванд.
8
Ронандаи автолавка мегӯяд, деҳаи Лесков дар масофаи 800 метр аз роҳи асосӣ қарор дорад, вале барои тай намудани ин роҳи ҷангалӣ ва расидан то хонаи Марта ва Виктор камаш 15 дақиқа сарф мешавад.