Пайвандҳои дастрасӣ

Шукурҷон Зуҳуров: “Бо 200 сомонӣ нафақа чӣ хел рӯз гузаронанд?”


Шукурҷон Зуҳуров

"Агар аз рӯи виҷдон гап занем, бояд нафақа ба сабади истеъмолии моҳона баробар бошад, то шахси нафақагир тавонад бо он рӯз барад. Ана он вақт дар бораи ҳифзи воқеии иҷтимоии аҳолӣ сухан гуфтан мумкин мебуд... ​Дигар бо чунин ҳолат муросо кардан мумкин нест... Мардум ба гирифтани нафақаи шоиста умед баста метавонанд ё не?”

Ин суоли Шукурҷон Зуҳуров – раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумон аз раҳбарияти Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон аст. Барои ҷавоб гуфтан ба ин суол як моҳ фурсат додаанд.

Барои мо ҳоло ҷойи кори шоиста лозим аст, ки мардум ақаллан ду ҳазор сомонӣ маош гиранд. Дар он сурат пардохтҳои иҷтимоӣ ҳам меафзоянд ва ҳаҷми нафақа низ зиёд мешавад.

Зуҳуров ин суоли худро дар ҷаласаи се рӯзи пеш дар миён гузоштааст, ки тафсилоти онро “Садои мардум”, нашрияи порлумон, рӯзи 18-уми ноябр ошкор кард. Бино ба навиштаи манбаъ, раиси Маҷлиси Намояндагон аз ҳаҷми ками нафақа дар кишвар нигаронӣ карда гуфтааст, “онҳое, ки синнашон аз 80 гузаштааст, бо 200 сомонӣ чӣ хел рӯз гузаронанд ва худро табобат кунанд? Агар ягон шахси наздик надошта бошад, аҳволаш чӣ хел мешавад?”

Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонси нафақа дар посух ба интиқоди раиси Маҷлиси Намояндагон тасдиқ кард, ки воқеан ҳаҷми нафақа дар кишвар кам аст. Аммо далели ин амрро ба он рабт дод, ки дар Тоҷикистон нафақа танҳо аз як манбаъ, яъне андози иҷтимоӣ таъин мешавад.

Назокат Одиназода
Назокат Одиназода

Шукурҷон Зуҳуров, ки дар гузашта ба ҳайси вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор кардааст, ба ин иддаои Назокат Одиназода дарҳол посух дод. Ӯ гуфт, “танҳо бо такя ба маблағҳои Фонди нафақа баланд бардоштани нафақа имкон надорад ва масъулин бояд таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯзанд. Роҳҳояшро ҷустуҷӯ кардан зарур аст. Мо бояд коре кунем, ки ҳисоби миёнаи нафақа ақаллан ба музди маоши камтарин баробар карда шавад. Дар акси ҳол нафақагир бо чунин нафақа зиндагӣ карда наметавонад. Барои мо ҳоло ҷойи кори шоиста лозим аст, ки мардум ақаллан ду ҳазор сомонӣ маош гиранд. Дар он сурат пардохтҳои иҷтимоӣ ҳам меафзоянд ва ҳаҷми нафақа низ зиёд мешавад. Барои онҳое, ки имрӯз ба нафақа мебароянд, муқарраротеро ба кор бояд бурд, ки барояшон то ба ин дараҷа нафақаҳои паст таъин нашавад. Адолати иҷтимоиро барқарор кардан шарт ва зарур аст.”

Ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон пасттарин дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ мебошад. Баъди ба иҷро даромадани қонуни нави нафақа дар соли равон ҳаҷми нафақа боз ҳам поён омад ва мояи нигаронии нафақахӯрон дар Тоҷикистон гардид.

То соли 2017 маоши ду соли охири корманд ҳисоб ва ба 120 моҳ тақсим мешуд ва аз рӯи он нафақаро таъин мекарданд. Аммо бар асоси қонуни нав, на ҳаҷми миёнаи маоши ду ё панҷ соли ахири ӯ, балки саҳмгузориаш дар давраи фаъолият дар низоми суғуртаи давлатӣ ба эътибор гирифта мешавад. Яъне, бар асоси Қонун “Дар бораи нафақа”, бознишастагон ҳар чӣ қадар бештар маош гирифта ва андоз супурда бошанд, ҳамон андоза нафақаи зиёдтар мегиранд.

Аз тартиби нави ҳисоб кардани нафақа бештар бознишастагоне норозӣ шуданд, ки баъди солҳои зиёди кор умед доштанд бо нафақаи бештар даврони пирӣ меронанд. Мақомоти Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ниҳоди назораткунанда дар бахши нафақа дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, ки баъди қабули қонуни нав ҳаҷми нафақа дар кишвар поён рафт.

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Таҳлилгарон низоми баршумурдан ва таъини нафақа дар Тоҷикистонро барои шароити кишвар номуносиб медоданд. Зеро, ба қавли онҳо, ин низом барои кишварҳои пешрафта таҳия шудааст, ки сокинонаш маоши калон дарёфт мекунанд ва замони фаъолият имкони пардохтҳои бузурги иҷтимоӣ доранд.

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, "фикр мекунам, ин натиҷаи ислоҳоти мутахассисон начандон дурбинона аст. Беҳтар буд, ки онҳо дар ин раванди ислоҳот ба стратегияи дурнамои рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030 такя мекарданд, ки дар онҷо ҳамаи ин баръало нишон дода шудааст. Яъне, вобаста ба инфлятсияи солонае, ки дар Тоҷикистон пеш меояд, нафақаи мардум ҳам бояд боло равад."

Феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 660 ҳазор бознишаста ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа 272 сомонӣ ё 30 доллари амрикоист. Ин нишондод дар қаламрави Шӯравии собиқ пасттарин мебошад. Нафақаи бештарро дар қаламравии Шӯравии собиқ сокинони Эстония мегиранд, ки ба 434 доллар баробар аст. Узбакистони ҳамсоя бо 35 доллар музди миёнаи маоши нафақа дар зинаи қабл аз охирин қарор гирифтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG