Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳҳо бе маош. Иллат чист -- мудирияти нодуруст ё ҷамъ нашудани андоз?


Акс аз бойгонӣ.

Қарзи маош дар ҳадди аққал се нуқтаи Тоҷикистон як баробар афзуда, ба 51 миллион сомонӣ расидааст, ки дар чанд соли ахир бесобиқа будааст. Пушти ин рақамҳо садҳо нафар аз кормандони идораҳои будҷавӣ меистанд, ки моҳҳо ҳақмузди худро давоми се-чор моҳи охир дарёфт карда наметавонанд.

Мақомот сабаби таъхир дар пардохти маошро ба саривақт ҷамъ нашудани андозҳо рабт медиҳанд, аммо коршиносон мегӯянд, мушкил дар мудирияти нодуруст дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ мебошад.

"Дар пурсишҳои набераам ҳам мулзам мешавам"

Аҳмад Қодиров се моҳ аст, ки маоши худро дарёфт накардааст. Исми ин марди 60-сола бо хоҳиши ӯ тағйир дода шуд, чунки ӯ намехоҳад ин мусоҳибаи ошкорои ӯ фардо боиси мушкил дар кораш шавад. Мегӯяд, агар аз ҳамин кораш ҳам монад, ҳолаш хеле бад мешавад. Вай дар як идораи давлатии шаҳри Ваҳдат кор мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор нақшаи будҷаро иҷро накарданд ва маҳз ба ин хотир дар пардохти маоши кормандони бахши будҷавӣ дар ин шаҳрҳо мушкил пеш омад.

Ба гуфтаи худаш, бо сабаби бепулӣ дар ин охирҳо бисёр шудааст, ки маводи ғизоро аз мағозаҳои маҳаллӣ қарз мегирад ва қарзи дар китобчаи фурӯшгоҳ то рафт афзоиш меёбад. Мегӯяд, гоҳҳо писараш ба ӯ кӯмаки пулӣ мерасонад, вале ӯ ҳам на ҳамеша имкон дорад ба падар ёрӣ расонад.

Аҳмад Қодиров гуфт, ки бисёр вақт дар лаҳзаҳое, ки исмаш дар китоби қарзи фурӯшанда дар баробари ду кило биринҷ ё равғану макарон навишта мешавад, вуҷудашро эҳсоси баду ҳақире фаро мегирад, ки ба чунин ҳол афтодааст.

Аҳмад Қодиров дар идораи давлатии маҳаллӣ 700 сомонӣ маош мегирад ва бори охир ҳақмузди моҳи июлро дарёфт кардааст, ки он ҳам дар моҳи сентябр ба дасташ расид. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аксари кормандони бахши будҷавии шаҳри Ваҳдат ҳамарӯза ваъдаи пагоҳу рӯзи дигар мегиранд ва маълум нест, ки ба наздикӣ маош дарёфт мекунанд ё хайр.

Вай гуфт: "Кормандони калонсол бо вуҷуди маош нагирифтан аз фарзандони худ кӯмак мегиранд. Дили мо ба ҷавонон месӯзад, ки аз ҷое даромад надоранд, фарзанд надоранд, ки онҳоро дастгирӣ кунанд. Онҳо дар нимароҳи ҳаёт бемаош дилхунук мешаванд ва аксаран ҷавонон ба мардикорӣ рӯй меоранд",- мегӯяд ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Аҳмад Қодиров мегӯяд, набуди маош ва кисаи холӣ ӯро ҳатто дар назди набераи хурдсолаш мулзам кардааст. Мегӯяд, ба пурсишҳои наберааш барои гирифтани ширинӣ доимо ваъдаи пагоҳ медиҳад. Ваъдае, ки худаш низ ба амалӣ шудани он эътимод надорад.

"Ин се шаҳр бояд худашон маошро пардохт кунанд"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мушкили дарёфт накардани маош ҳоло дар се шаҳри калонтарини Тоҷикистон боиси нигаронӣ аст. Кормандони бахши будҷавӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор мегӯянд, ду-се моҳ мешавад, ки дар интизори ҳақмузди худ мебошанд.

Раҷабалӣ Раҷабов, сардори раёсати робитаҳои меҳнатӣ ва сатҳи зиндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мегӯяд, то аввали моҳи сентябр қарзи маош дар Тоҷикистон ба марзи 51 миллион сомонӣ расидаст ва дар ду моҳи ахир танҳо се миллиони он пардохт шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабов, ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 28 миллион зиёдтар аст. Ин масъули Вазорати меҳнат мегӯяд, сабаби аслии саривақт пардохт нашудани музди маош, ин иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо мебошанд.

Раҷабалӣ Раҷабов.
Раҷабалӣ Раҷабов.

Раҷабалӣ Раҷабов мегӯяд, "қарздории ин се шаҳр аз музди меҳнат дар умум 10,6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин масъала дар ҳоли баррасии ҷиддӣ аст ва Вазорати меҳнат дар ҳамкорӣ бо мақомот маҳаллӣ гуруҳҳои корӣ ташкил намуда, чораҷӯӣ карда истодаанд. Аз ҳисоби Вазорати молия ба ноҳияҳое, ки дотатсионӣ (боимтиёз) ҳастанд, субсидия ҷудо шуд. Аммо шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Турсунзода дотатсионӣ нестанд ва бояд музди меҳнат аз ҳисоби будҷаҳои маҳаллӣ ҷудо шавад."

Маош, қисми ҳифзшавандаи будҷаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бояд дар қадами аввал маблағҳои будҷа ба иҷрои он равона шаванд. Будҷаи Тоҷикистон ҳам будҷаи иҷтимоӣ буда, қисмати бештари маблағи он ба бахши маориф ва тандурустӣ равон шудаанд. Соҳаҳое, ки ҳоло намояндагони он дар чандин қисматҳои Тоҷикистон аз саривақт нагирифтани маош шикоят доранд.

"Мудирият ва тақсимоти нодурусти маблағҳои будҷавӣ"

Мақомот дар ҳоле таъхир дар пардохти маошро ба иҷро нашудани будҷа рабт медиҳанд, ки таҳлилгарон мегӯянд, мушкили аслӣ дар мудирияти нодуруст ва тақсимоти нодурусти маблағҳои будҷавӣ мебошад.

Шамсиддин Ҷалолов.
Шамсиддин Ҷалолов.

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, яке аз сабабҳои асосие, ки маблағҳои будҷавӣ ба дасти мардум ҳамчун нафақа ё маош намерасанд, дар бетартибии тақсимоти будҷа аз тарафи Вазорати молия мебошад. Ҷаноби Ҷалолов аз таҷрибаи баҳсҳои Вазорати молия бо “Тоҷиктрансгаз” ва “Умед 88” мегӯяд, ин ва дигар қазияҳое, ки эҳтимолан баъдан хабарашон расонаӣ мешавад, аз шаффоф набудани будҷаи Тоҷикистон дарак медиҳад.

Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, "масъалаи иҷтимоӣ масъалаи бартариятдоштаи ҳукумат ба ҳисоб меравад. Инҷо масъала дар буҳрони мудирият дар мақомоти маҳаллӣ мебошад. Вақте шумо медонед, ки одамони тасодуфӣ бештар ба сари мақомоти маҳаллӣ меоянд, чунин корҳо сар мезананд. Вақте рушди соҳибкории хурду миёна ба саддҳои сунъӣ рубарӯ мешавад, албатта андоз ба будҷа ворид намешавад ва ба соҳибаш намерасад."

Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, роҳи ҳал ин аст, ки барои рушди сармояи хусусӣ майдони фарохтар фароҳам оварда шавад, то манбаъҳои воридшавандаи маблағ ба будҷа зиёд шавад.

"Ин ҳама натиҷаи рақсу суруд аст"

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор нақшаи будҷаро иҷро накарданд ва маҳз ба ин хотир дар пардохти маоши кормандони бахши будҷавӣ дар ин шаҳрҳо мушкил пеш омад. Тибқи иттилои расмӣ дар 9 моҳи соли равон шаҳри Ваҳдат 79,3, Турсунзода 81,6 ва Ҳисор 91,5 дарсад нақшаи будҷаро иҷро кардаанд.

Бинои ҳукумати шаҳри Ҳисор.
Бинои ҳукумати шаҳри Ҳисор.

Аммо як ҳамсӯҳбати мо аз ҳукумати шаҳри Турсунзода мегӯяд, мушкили саривақт ҷамъоварӣ нашудани андоз ва ҳамин тавр пардохт нашудани маош ба ҷашнҳои пуршукуҳе рабт дорад, ки ахиран дар ин се шаҳри ҳоло гирифтори мушкил барпо шуд. Чун ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, барои дар сатҳи хуб таҷлил кардани ҷашнҳо қаблан аз соҳибкорон андози яксола пешакӣ ситонида шуда, харҷи ҷашнҳои пуршукуҳ шуд. Мавриди зикр аст, ки соли 2015 ҷашни 3000-солагии Ҳисор дар ин шаҳр, моҳи март ҷашни Наврӯз дар Турсунзода ва моҳи июн ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Ваҳдат гузаронда шуд.

Ин ҳамсӯҳбати мо дар ҳукумати шаҳри Турсунзода мегӯяд, ба иттилои дарёфтии ӯ маблағҳои зиёди будҷаҳои ин се шаҳр сарфи харҷи ин ҷашнҳои пуршукӯҳ шуд. Маҳз ба ин хотир ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Ҳукуматҳои ин се шаҳри саноатии Тоҷикистон дигар ҳатто қудрати пардохти маблағи кормандони бахши буҷавии худро надоранд.

Ин иддао дар ҳоле садо медиҳад, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ омори маблағҳои сарфшуда барои ҷашнҳои пуршукуҳро нашр накардааст.

Кормандони бахши будҷавӣ дар ҳоле аз таъхир дар нагирифтани дастмузди худ шикоят мекунанд, ки мизони маош дар Тоҷикистон пасттарин дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст. Айни замон мизони миёнаи маош дар Тоҷикистон 120 доллари амрикоист.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG