Пайвандҳои дастрасӣ

"Маро фаромӯш карданд". Достони зане, ки се ҷангро дидааст. ВИДЕО


Раҷаббӣ Сафарова, ки беш аз як қарн умр дидааст, дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад. Шиносомаи соли 2010 содиршудааш синни ӯро 102 нишон медиҳад. Худи Раҷаббӣ Сафарова аз нақлҳои модараш мегӯяд, ки соли воқеии таваллуди ӯ 1910-ум аст. Замони таваллуди ӯ ва дар даҳсолаҳои аввали ҳукумати шӯро на ҳама сокинон соҳиби шиносномаву санади таваллуд буданд.

Вале ҳоло ӯро дар ин синни муборак дастнигару беимтиёз буданаш азият медиҳад. Ӯ рӯзи 22-юми сентябр гуфт, аз давлат моҳе 200 сомонӣ нафақа дарёфт мекунад, вале ин маблағ хеле нокофист. Мехоҳад дар феҳрасти афроди ниёзманд ворид бошад, то тавонад имтиёзҳои иловагӣ бигирад. Даромади куллии хонаводаи иборат аз чор узв моҳе на бештар аз 800 сомонӣ аст, ки кифоят намекунад.

Мақомоти маҳаллӣ, ки аз зиндагии ин хонуми кӯҳансол хабар доранд, вуҷуди мушкили коғазбозӣ ё бюрокрасии оддиро сабаби “фаромӯш” шудани Раҷаббӣ Сафарова аз рӯйхатҳо меноманд.

Шавҳари Раҷаббӣ Сафарова 47 сол пеш даргузашт ва чаҳор фарзанду бародаронаш низ фавтидаанд. Раҷаббӣ Сафарова гуфт: "Панҷ додар доштам. Мулло Абдураҳмонро парронданд... Додарҳоям мурданд. Хоҳаронам мурданд, хешу таборам ҳамааш мурд. Ҳамин ду бача дорам. Ин бачаам дар ҳамин хонаи худам аст, дар кулбаи вайрона."

Раҷаббӣ Сафарова мегӯяд, намефаҳмад, ки чаро ҳукумат заҳматҳои ӯро дар тамоми ин даҳсолаҳо нодида гирифт ва ӯ ҳоло наметавонад барои корҳое, ки дар замони шӯравӣ ва баъди он кардааст, ҳаққе дарёфт кунад. Мегӯяд, солҳои шӯравӣ дар колхоз кор карда, аз рӯи тақозои ҳукумат ҳар чизе лозим буд, аз хонааш бароварда дод.

"Гушт ҳам додам, пӯст ҳам додам, мол ҳам додам, гов ҳам додам, налог ҳам додам, заём ҳам додам, равған ҳам додам, тухм ҳам додам, ҳамаашро ба давлат додам... Манро ба назар мегирифтанд, ки ман имрӯз муҳтоҷам, мунтазирам, як даҳон нонда зорам, гушнаам, ташнаам, чаро манро ба назар намегирад?"- мегӯяд Раҷаббӣ Сафарова.

Саргузаштҳои хонум Раҷаббӣ китоби таърихро мемонанд. Мегӯяд, шоҳиди се ҷанг будааст: "Ман ҷанги босмачиҳоро дидам, ки дар солҳои 1920-30-юм дар ноҳияи мо ва дар ҳамин деҳаҳо мардумро зӯр меоварданд. Бародарам Ашӯри Жоларо куштанд. Мазораш дар он канори деҳ аст. Дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон ҳам инҷоҳо тинҷӣ набуд, ҳатто занҳоро ба ҷанг мебурданд ва мардум маҷбур мешуданд духтарҳояшонро барвақт ба шавҳар диҳанд. Номи Ленину Сталинро зиёд мешунидем ва баъд ин ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардем, ки як давраи беҳад вазнин буд."

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Хонум Раҷаббӣ мегӯяд, рӯзҳои хубро ҳам дидааст. Баробар бо бузург кардани фарзандон, вазъи маишиву молиаш ҳам як муддат хуб будааст: Ба гуфтаи ин зани солхӯрда, давраҳои хушбахтии ӯ солҳои 70-80-ум буд, соҳиби рамаи гӯсфанд буд, даҳҳо гов дошт ва зани пеши деҳа ҳам буд. Мегӯяд, вақте ӯро ба Ҷилликӯл бурданд, баъди бозгашт на аз рама дарак буд ва на аз гӯсфанд, дуздҳо ҳамаро бурданд ва баъди ҳамин зиндагии онҳо шикаст аз ҳам рехт.

Ҳоло ин хонуми солдида ба девори бетаъмири кулбааш назар карда, китоби таърихи зиндагиашро як-як варақгардон мекунад. Мақомоти маҳаллӣ, ки аз зиндагии ин хонуми кӯҳансол хабар доранд, вуҷуди мушкили коғазбозӣ ё бюрокрасии оддиро сабаби “фаромӯш” шудани Раҷаббӣ Сафарова аз рӯйхатҳо меноманд.

Дар ҷамоати Лоҳур, ки деҳаи Раҷаббӣ тобеи он аст, мегӯянд, пиразан то кунун мисли 29 фарди дарозумри ҷамоат кӯмак мегирифт. Азбаски фарзандонаш барои сабти дубора ба ҳайси фарди камбизоат муроҷиат накарданд, ӯ аз феҳрасти кӯмакгирандагон афтодааст.

Садбарг Мирзоева, муовини раиси ҷамоати Лоҳур.
Садбарг Мирзоева, муовини раиси ҷамоати Лоҳур.

Садбарг Мирзоева, муовини раиси ҷамоати Лоҳур ваъда дод, ки ҳатман мушкили ин бонуи кӯҳансол ҳалли худро пайдо мекунад. Вай дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Лекин мо новобаста аз ин, бо ҳайати комиссия, ки яке аз солхурдатарини ҷамоати мо Сафарова Раҷаббӣ ҳастанд, мо ҳатман рафта аз аҳволи зиндагии он кас хабар мегирему кумаки аз дастамон меомадаро мекунем ва ба рӯйхати оилаҳои камбизоат дохил менамоем."

Дар Тоҷикистон барои шахсони камбизоат дар як сол чаҳор маротиба сад сомонӣ кумакпулӣ медиҳанд. Барои дарозумрҳое мисли бибии Раҷаббӣ имтиёзи хосе муқаррар нашудааст ва танҳо дар рӯзҳои ҷашнҳо шахсони хайрхоҳ ба аёдаташон мераванду кӯмак мекунанд. Дар умум дар Тоҷикистон 300 нафари аз садсола боло ба сар мебурдаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG