Дар раддабандии нави созмони Help Age International, ки вазъи некӯаҳволии пиронсолонро дар ҷаҳон арзёбӣ мекунад, Тоҷикистон дар ҷои 58-ум қарор гирифтааст. “Ҳамсояҳои” Тоҷикистон дар ин раддабандӣ давлатҳои Никарагуа ва Гваттемала мебошанд, ки аҳволи нафақахӯрони кишвари аввалӣ аз Тоҷикистон каме беҳтар ва дуввумӣ бадтар будааст. Зиндагии аз ҳама хуб ва роҳатро пиронсолон дар кишвари Швейтсария доштаанд, ки дар ин раддабандӣ мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Дар Афғонистон пиронсолон вазъи аз ҳама ногувор ва зиндагии сахту фақиронае доштаанд ва ин кившар дар ин раддабандӣ дар мақоми охирин қарор дорад. Аммо вазъи пиронсолон дар худи Тоҷикистон бинобар арзёбии ин созмон нисбат ба як соли қабл бадтар шудааст. Бинобар арзёбии ин созмон, дар соли гузашта дар раддабандии некӯаҳволии кӯҳансолон Тоҷикистон мақоми 52-юмро соҳиб шуда буд.
Ахиран созмони Help Age International пажӯҳиши махсусеро дар мавзӯи муносибат ба пиронсолон дар Тоҷикистон барпо ва муайян кардааст, ки афроди кӯҳансол низ дар хонаводаҳо озору азият мешаванд. Бар пояи ин гузориш, дар Тоҷикистон нисбат ба кӯҳансолон хушунате мисли аз хона рондан, танҳо гузоштани эшон, нигоҳубини нодуруст, азхудкунии нафақа бидуни ризоияти эшон, таҳқир ва ҳатто лату кӯб раво дида мешавад. Аммо тибқи ин пажӯҳиш, дар аксар маворид, бинобар шароити сахти зиндагӣ, набуди ҷои кор, муҳоҷират ва фақр фарзандон имкони нигоҳубини хуби волидайни кӯҳансоли хешро надоранд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар аксар оилаҳо кӯҳансолон, хусусан муйсафедҳо дар хонаи алоҳида зиндагӣ мекунанд ва дар фасли сармо аз сардиву бебарқӣ азият мешаванд, чунки аксарияти оилаҳо имкони гарм кардани якбора ду ҳуҷраро надоранд. Ҳамчунин, кӯҳансолон аз набуди дорувор, мушкили дастрасӣ ба табибон ва хӯроки серғизо танқисӣ мекашидаанд. Мувофиқи оморҳои тоза, танҳо 5,2 дарсади аҳолии Тоҷикистон ва ё ҳудуди 400 ҳазор нафари онро пиронсол мебошанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон кишвари ҷавонон шумурда мешавад. Агар аз як сӯ таваллуди зиёд сабаби ин ҳолат бошад, аз сӯи дигар, бузургсолон хеле зуд мефавтанд. Мизони нафақаи миёна дар Тоҷикистон ҳоло 200 сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол, дар Тоҷикистон 43 маркази нигоҳубини пиронсолон фаъолият мекунад, ки дар он беш аз 3 ҳазор нафар парасторӣ мешаванд.
Оставьте в покое этот народ! Дайте им жить спокойно и мирно.
Пешво иктисоди оиларо дар назар дорад, вагарна зиёда 9% рушди иктисоди дар ягон мамлакати тараккикардаи дунё дар соли 2021 мушохида нашудаст. Бо ин хисоботхои дуруг ва рушди бемисли иктисод мо кайхо бояд Сигапурро мегузаштем, вале аз чи бошад ки точики бечора холо хам дар фикри орду равган ...
Дар Ватан одамон мурдаистодан , дар хукумат мачлис .... Как буд то дар Бадахшон 4 то пашша мурда бошад (((( Инкадар куштор , инкадар хуни мардуми бегунохро ки чавоб мегуфта бошад ?!
Ҳаққи ҳалоли халқи тоҷикро сӣ сол шуд, ки мехӯрам, аҳ сер намешавам, ба ман фарқе надорад, кӣ дар куҷо чӣ кор мекунад, муҳим ҳаққи худро талаб накунад, талаб ҳам кунад, артиши сархӯр дар ихтиёрам, фармон медиҳам якдигарро мехӯранд, аммо ман бо тӯдаи пайвандонам ҳаққи ҳамаро якҷо мехӯрем. Ҳар фарди ин миллат кушта шавад, ба нафси ман ҳаққи нав илова мешавад, аз сулҳу ваҳдат фақат худам истифода мебарам, аз сарқонун фақат худам истифода мебарам, аз ҳама шароите маъишӣ фақат худам истифода мебарам, дар беҳтарин шароит, дар беҳтарин хона, дар беҳтарин “кругозор” зиндагӣ мекунам. Халқро садқаи ҳаққу ҳуқуқ кунад, як подаи гов, шуморо чиву серию пурӣ чӣ?! Ба умри ман баракат диҳед!
Чаро ин хабархо дар телевизион пахш нашуд? Чои русти дорад магар? Хайрон мешавам баъзе яку якбора чунин ходисахоро хонда