Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари қарзи Сарварбӣ. "Вақте маош нест, рӯйхат дароз мешавад". ВИДЕО


Сарварбӣ Ҷабборова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва молики як ошхонаи хурд дар маркази вилояти Хатлон, дафтари қарзи муштариёнашро рӯзе чанд дафъа боз мекунад. Ё касе қарзашро мепардозад, ё дубора нася мегирад.

Ҳоло қарз гирифта, зиндагиро давом медиҳем. Вале то кай? Ҳар дафъа бо қарз зиндагӣ кардан душвор аст

Аксари мизоҷони ошхонаи Сарварбӣ Ҷабборова онҳое ҳастанд, ки аз буҷаи давлат маош мегиранд. "Баъзе муштариёни мо ду моҳ боз маош нагирифтаанд. Маошашонро дер медиҳанд. Дар тӯли ин муддат омада, барои қарз ғизо мегиранд. Мо ҳам онҳоро мешиносем ва дар лаҳазои мушкил дастгирӣ мекунем", - гуфт ӯ рӯзи 7-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мақомот: "Мо маошу нафақаи мардумро додем"

Рӯйхати қарздорони Сарварбӣ Ҷабборова
Рӯйхати қарздорони Сарварбӣ Ҷабборова

Сарварбӣ дар муҳити рақобат барои нигаҳ доштани бизнеси худ маҷбур аст, бо ин вазъ созиш намояд. Вале рӯз ба рӯз имкониятҳои Сарварбӣ кам мешаванд, чунки мизоҷонаш ду моҳ боз маош нагирифтаанд. Маблағи қарз меафзояду даромад камтар мешавад.

Тибқи иттилои идораи омори Хатлон то 1-уми октябри имсол муассисаву корхонаҳои вилоят тақрибан 6 миллион сомонӣ аз музди меҳнат қарздоранд. Ба эътирофи мақомоти ин ниҳод, ин корхонаҳо аксаран хоҷагиҳои об ва беҳдошти замин, хоҷагии коммуналӣ ва корхонаҳои азиме ба мисли "Тоҷикхимпром" дар ноҳияи Ёвон ва "Тоҷиказот"-и шаҳри Сарбанд будаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Боронбой: "Ҳанӯз нафақаам ба дастам нарасидааст"

Мақомот мегӯянд, пули нафақа ва маоши кормандони буҷавӣ пардохт шудааст. Вале Боронбой Ғаниев бознишастае аз водии Вахш мегӯяд, ки ду моҳ мешавад нафақааш ҳанӯз ба дасташ нарасидааст. "410 сомонӣ нафақа мегирам ва харҷи ману ҳамсарам аз ҳамин ҳисоб аст. Фарзандон аз пайи зиндагии худанд. Зиндагӣ аз рӯи ҳамин аст ва вақте дер мегирӣ, нақшаҳо барбод мераванд", - афзуд ӯ.

Боронбой Ғаниев
Боронбой Ғаниев

Боронбой мегӯяд, касоне, ки мисли ӯ нафақаи худро нагирифтаанд, дар маҳаллаашон зиёданд. То ҳол касе сабабҳои таъхири пардохти нафақаашонро ба онҳо тавзеҳ надодааст.

Мақомот дар навбати худ гуфтанд, роҳбарони идораҳо ҳастанд, ки гоҳе қасдан пули кормандонашонро намедиҳанд. Дар идораи меҳнати вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар 9 моҳи охир 9 роҳбарро 100 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд.

"Вале то кай?"

Ба қавли мақомот, ошкор шудани далоили нақзи ҳуқуқи кормандон ба муроҷиати шаҳрвандон марбут аст. Аксаран ин далелҳоро пинҳон медоранд, чунки метарсанд, аз онҳо қасд мегиранд.

Як сокини вилояти Хатлон, ки 10 сол боз дар яке аз мактабҳои вилояти Хатлон омӯзгорӣ мекунад, гуфт, метарсад, бо ошкоргӯиаш дар ҷойи кор дучори мушкил мешавад. Ӯ ду фарзанд дорад ва маошаш беш аз 800 сомонист. Ду моҳ аст маош нагирифтаст ва аз вазъи оилааш нигарон аст.

"Ҳоло қарз гирифта, зиндагиро давом медиҳем. Вале то кай? Ҳар дафъа бо қарз зиндагӣ кардан душвор аст", - гуфт ӯ ва афзуд, "чунки имконияти мағозаву ошхонаҳое, ки мо баринҳоро дастгирӣ мекунад, бемаҳдуд нест."

Сарварбӣ Ҷабборова ҳам мегӯяд, ки агар вазъ ба ин шакл тӯлонӣ давом кунад, хазинаи ӯ тамом мешавад ва дасташ барои ёрӣ ба муштариён кӯтоҳ хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG