Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Генплан"-и деҳот. Баландошёнаҳо ба ҷойи ҳавлӣ


Бар асоси як "генплан", ки бозсозии шаҳру навоҳии кишварро дар назар дорад, имсол дар маркази ҷамоатҳо ва деҳаҳои нисбатан бузургтар сохтмони биноҳои аз 3 то 9-ошёна оғоз хоҳад шуд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ин тасмим дар пайи талаботи аз ҳад зиёд барои замин ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи зист гирифта шудааст.

Сокинони Тоҷикистон зиндагӣ дар деҳаро танҳо бо доштани ҳавлии бузург, боғ ва молу гов тасаввур мекунанд – сарвате, ки дар сурати кӯчидан ба баландошёнаҳо аз даст хоҳад рафт.

То кунун дар деҳоти Тоҷикистон биноҳои асосан яктабақа ва ё дутабақа сохта шуда, ҳар хонавода дар пеши манзилаш қитъаи замин барои кишт ва ё парвариши дарахт дорад. Аз рӯи ҳисоби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ давоми 25 соли истиқлол 120 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили зист ба сокинон дода шудааст, ки дар муқоиса ба 70 соли Тоҷикистони Шӯравӣ тақрибан як баробар (70 ҳазор гектар) бештар будааст.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, дар сурати бунёди баландошёнаҳо аз сохтмони хонаҳо дар заминҳои кишт ҷилавгирӣ хоҳад шуд. "Мутахассисон масъалаи партовоб, яъне канализатсия, фишори об ва дигар масъалаҳоро ба назар гирифта, баъдан сохтани баландошёнаҳоро дар маҳалҳо оғоз хоҳанд кард", - афзуд ӯ.

Раҷаббой Аҳмадзода
Раҷаббой Аҳмадзода

Ҳанӯз мушаххас нест, ки буҷаи ин тарҳ чӣ қадар хоҳад шуд ва мақомот иҷрои ин тарҳро дар чӣ муддат мехоҳанд анҷом диҳанд. Таҷрибаи роҳандозии “генплан” ё тағйири симои шаҳри Душанбе, ки тахминан 10 соли пеш шурӯъ шуда буд, бо ҷалби ширкатҳои сохтмонии маҳалливу хориҷӣ ва аз рӯи нақшаи шаҳрдории пойтахт амалӣ мешавад. Ва то ҳол мақомот нагуфтаанд, ки барои амалӣ шудани нақшаи генералии бозсозии симои шаҳри Душанбе чӣ миқдор маблағ сарф шудааст.

Баландошёнаҳо – роҳҳали камбуди манзил ва замин дар деҳот

Мушкили дастрасии сокинон ба манзили зист дар Тоҷикистон мавзӯи доғ аст. Ҳаштод дар сади муроҷиати сокинон ба ҳукуматҳои маҳаллӣ низ сари дарёфти порчаи замин барои бунёди манзили зист будааст. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ дар як ҷое, ки барои чор нафар 0,6 гектар замин барои бунёди манзил дода мешавад, бо сохтани як чорошёна беш аз 40 оиларо соҳиби манзили зист кардан имкон дорад.

​Ҷамолиддин Музаффаров, сокини деҳаи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор, аз камтарин сокинони Тоҷикистон аст, ки 30 сол боз дар ягона чорошёнаи замони Шӯравӣ бунёдшудаи ин деҳа зиндагӣ мекунад.Ӯ мегӯяд, шумори сокинони ин чорошёна ба 32 нафар мерасад, ки ба як деҳаи миёнаи кӯҳистонӣ баробар аст.

Бунёди баландошёнаҳо дар деҳотро ӯ кори оқилона медонад, вале мегӯяд, заминҳои аз ин ҳисоб сарфшуда бояд ба хотири кишти зироат ба ин сокинон дода шавад. Ӯ гуфт, дар деҳа зиндагӣ "бе молу ҳол мушкил аст. Агар баландошёна бунёд кунанд ва замини кишт диҳанд, ин масъалаи дигар аст. Лекин аниқ медонам, ки масъалаи об мушкил мешавад. Ҳоло мо мушкили дастрасӣ ба об дорем. Агар шароит муҳайё шавад, бунёди баландошёна кори хуб аст.”

Коршиносон мегӯянд, барномаи бунёди баландошёнаҳо дар сурате муваффақ хоҳад шуд, ки давлат дар харидани баландошёнаҳо ба сокинони деҳот имтиёз бидиҳад. Дар акси ҳол касе бо он қимате, ки баландошёнаҳо сохта мешаванд, дар деҳот хона харидан душвор мешавад.

Бибинед, ки агар як метри мураббаи хона дар шаҳр ба таври мисол 2 ҳазор сомонӣ арзиш дошта бошад, дар деҳот он то се ҳазор сомонӣ мерасад. Бурдани масолеҳи сохтмонӣ то деҳот ба нархи ин маҳсулот меафзояд.
Баҳриддин Пӯлодӣ

“Арзиши бунёди манзил дар деҳот болотар аз шаҳр мешавад”

Баҳриддин Пӯлодӣ, як коршиноси маҳаллӣ, гуфт, бурдани сангу шағал ва масолеҳи дигари сохтмонӣ то деҳот ба қимати баландошёнаҳо меафзояд. "Бибинед, ки агар як метри мураббаи хона дар шаҳр ба таври мисол 2 ҳазор сомонӣ арзиш дошта бошад, дар деҳот он то се ҳазор сомонӣ мерасад. Бурдани масолеҳи сохтмонӣ то деҳот ба нархи ин маҳсулот меафзояд. Дар деҳот ҳам баландошёнаро ҳамон тавре месозанд, ки онро дар шаҳр месозанд .Шояд ба хотири мустаҳкам кардани зербино сарфи сохтмон дар деҳот бештар шавад",- гуфт ӯ.

Аммо ба гуфтаи Пӯлодӣ танҳо дар сурате ин барнома муввафақ мешавад, ки ин баландошёнаҳо ба қудрату тавоноии сокинон фурӯхта шавад. “Ё ба онҳо қарзи дарозмӯҳлат бидиҳанд ва ё бо дарёфти кумакҳо қиммати онро поин биоранд”,- хулоса кард ӯ.

Зиндагии аз се то панҷ оила дар зери як бом

Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ аксар сокинон сиёсати тақсими заминро ноодилона унвон мекунанд. То кунун дар аксар деҳоти Тоҷикистон дар як ҳавлӣ аз се то панҷ хонавода зиндагӣ мекунад. Баъзе хонаводаҳо солҳои дароз дар навбати замин истодаанд.

Мақомот мегӯянд, садҳо гектар замини дигар дар саросари Тоҷикистон аз ҷониби сокинон ба хотири бунёди манзили зист ғайриқонунӣ ғасб шудааст.Дар пайи санҷиши мақомот дар соли 2016 маълум шудааст, ки сокинон беш аз 13 ҳазор гектар заминро дар Тоҷикистон “ғасб кардаанд”. Аксари сокиноне, ки дар ғасби замин даст доштаанд, ба маблағи наздик ба 3 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд. Дар робита ба ин Кумитаи замин ва геодезӣ ба Додситонии генералӣ наздик ба 500 мавод барои чораҷӯӣ ирсол кардааст.

Ҳоло ягона роҳ барои наҷоти замин аз ғасби сокинон ва ҳалли мушкили дастрасии сокинон ба манзилро мақомот дар бунёди баландошёнаҳо дар деҳот мебинад. Роҳе, ки қарор аст, имсол оғоз ёбад, вале маълум нест, ки бо кадом шева ва кай анҷом меёбад.

XS
SM
MD
LG