Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 соли омӯзгорӣ = 330 сомонӣ нафақа? ВИДЕО


Лаълбегим Муродова
Лаълбегим Муродова

Лаълбегим Муродова, сокини шаҳри Душанбе, моҳи апрели имсол ба синни 58 расид ва хост, ки ба нафақа баромада, давлати пирӣ ронад. Вақте масъулини Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ҳаққи бознишастагии ӯро 330 сомонӣ барои як моҳ таъин карданд, Лаълбегим ба ҳолати “шок” афтод ва, ба қавли худаш, аз кори омӯзгорӣ дилсард шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

35 соли омӯзгорӣ = 330 сомонӣ нафақа?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Лаълбегим Муродова дар мактаби шумораи 67-и шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ва 35 сол собиқаи корӣ дорад. Ӯ рӯзи 2 июн гуфт, “агар нафақаи хуб медоданд, дар асоси шартнома ба кори омӯзгорӣ идома медодам. Ҳоло дигар кор кардан намехоҳам. Барои 300 сомонии нафақа дилам зиқ нашуд. Бештар аз он зиқ шудам, ки наход ин қадар меҳнат кардам ва натиҷааш ҳамин бошад?”

Феълан дар Тоҷикистон 642 ҳазор нафар нафақагир ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа ба 273 сомонӣ ва ё 30 доллари амрикоӣ баробар аст.

Имсол садҳо омӯзгор ва кормандони бахшҳои дигар, ки ба синни нафақа расиданд, бо шунидани ҳаҷми ночизи пули нафақаашон ё бемор шуданд ва ё мисли Лаълбегим ба ҳар шароит дигар аз идомаи кор даст кашиданд. Ин натиҷаи ислоҳоти соҳаи нафақа дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 қисман ва аз аввали соли 2017 пурра ба иҷро даромад.

Бар асоси ислоҳот, дар қонуни нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатии Тоҷикистон барои муайян кардани ҳаҷми нафақаи шаҳрванд, на ҳаҷми миёнаи маоши ду сол ва ё панҷ соли ахири ӯ, балки саҳмгузориаш дар давраи фаъолият дар низоми суғуртаи давлатӣ ба эътибор гирифта мешавад.

Абдураҳмон Ҳакимов, корманди Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, мегӯяд, “саҳми суғуртавие, ки дар тӯли фаъолияти шаҳрванд пардохт гардидааст, бо мақсади нигоҳдорӣ аз беқурбшавӣ, индексатсия карда мешавад. Маблағи ҳосилшуда ба давраи пардохти эҳтимолӣ тақсим карда мешавад. Яъне, аз 1 январи соли ҷорӣ давраи пардохти эҳтимолӣ 180 моҳ ё 15 сол муқаррар шудааст.”

Бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ агар шаҳрванд баъди 15 соли гузаштан аз синни нафақа нафавтад, пардохти маоши нафақа идома мекунад. Аммо дар сурати фавт қабл аз 15 сол пардохти маоши нафақа қатъ карда мешавад. Ин муқаррарот ба хотири нигоҳ доштани тавозун дар пардохти нафақа таъин шудааст.

Таҳлилгарон низоми баршумурдан ва таъини нафақа дар Тоҷикистонро барои шароити кишвар номуносиб медоданд. Зеро, ба қавли онҳо, ин низом барои кишварҳои пешрафта таҳия шудааст, ки сокинонаш маоши калон дарёфт мекунанд ва замони фаъолият имкони пардохтҳои бузурги иҷтимоӣ доранд.

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт, “фикр мекунам, ин натиҷаи ислоҳоти мутахассисон начандон дурбинона аст. Беҳтар буд, ки онҳо дар ин раванди ислоҳот ба стратегияи дурнамои рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 такя мекарданд, ки дар онҷо ҳамаи ин баръало нишон дода шудааст. Яъне, вобаста ба инфлятсияи солонае, ки дар Тоҷикистон пеш меояд, нафақаи мардум ҳам бояд боло равад.”

Феълан дар Тоҷикистон 642 ҳазор нафар нафақагир ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа 273 сомонӣ ва ё 30 доллари амрикоӣ аст. Ин нишондод дар қаламрави Шӯравии собиқ пасттарин нафақа мебошад. Нафақаи бештарро дар қаламравии Шӯравии собиқ сокинони Эстония мегиранд, ки ба 434 доллар баробар аст. Узбакистони ҳамсоя бо 35 доллар музди миёнаи маоши нафақа дар зинаи қабл аз охирин қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG