Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони нобиноёне, ки бо телефон ҷуфти худро ёфтанд. ВИДЕО


Ҷамшед Бекови 33-сола ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки як телефони мобил метавонад дар зиндагии ӯ нақши сарнавиштсоз бибозад. Ин ҷавони нобино ва маъюби дараҷаи як тамоми умр дар зодгоҳаш - деҳаи Баҳористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиндагӣ мекунад ва мисли ҳама ҷавонҳо дар дил орзу дошт, ки рӯзе бахт ба рӯяш механдад ва метавонад дар оғӯши гарми оилааш зиндагӣ кунад.

Ҷомеашиносон дар Хатлон мегӯянд, қиссаи ишқи Ҷамшеду Сайёра барои нобиноёни дигари маҳаллӣ ҳам намунаи хуби ибрат аст, то тавонанд орзуҳои худро амалӣ кунанд.

Талошҳои Ҷамшед барои пайдо кардани ҳамсаре солиёни зиёд давом кард. Вале ду соли пеш ба сараш фикре омад, ки телефони ҳамроҳаш метавонад дар барпо кардани робитаҳои дӯстӣ кӯмакаш кунад. Нахуст ӯ ба радиои “Садои Душанбе” занг заду хости дили худ ва шумораи телефонашро бо журналистон дар миён гузошт.

Эълони ӯро ду духтар дар Ашту Хуҷанд хуш пазируфтанд, муддате телефонӣ сӯҳбат мекарданд. Вале мулоқоти онҳо дар Суғд бенатиҷа анҷомид. Хонаводаи ҳарду духтар ба ин арӯсӣ розӣ нашуданд. Ҷамшед ноумед баргашт, вале муддате нагузашта телефонаш занг заду духтари нобинои дигаре аз ноҳияи Данғара майли шиносоӣ бо ӯ кард.

Ҷамшед мегӯяд, "агар ҳамин телефонҳо намешуд, барои мо интихоб кардани ҳамсар душвор буд. Як рӯз аз ноҳияи Данғара духтаре занг зада, салом гуфт. Бо ӯ дӯстӣ барқарор кардем. Чанд моҳ сӯҳбат карда, ба наздаш рафтам. Оиладор шуда ва ҳоло зиндагиямон хуб аст".

Ин духтар Сайёра ном дошт. Ду сол пеш ҷавонҳо бо ҳам издивоҷ карданд. Бо инки ҳарду ҳамсар нобинои модарзоданд, духтарчаашон Муҳаррама, ки ҳоло 11-моҳа аст, комилан солим ба дунё омад. Ҷамшед мегӯяд, чеҳраи азизонашро ҳеҷ гоҳ надидааст, вале зебоии онҳоро бо чашми дилаш эҳсос мекунад ва шукри онро дорад, ки бахт ба рӯяш хандидааст: "Ман симои ҳамсару духтарамро намебинам, вале онҳоро бо дилам эҳсос мекунам ва аз садояшон мешиносам".

Ҷамшеду Сайёра Муҳаррамаро ҳосили ишқи телефонии худ меноманд. Сайёра Бекова ҳам мегӯяд, худро як зани хушбахт меҳисобад. Вай мегӯяд, барои мисли ӯ як духтари нобино барпо кардани оила орзуи гӯшношунид буд, вале ӯ ҳамеша дар дил бовар дошт, ки офтоби зиндагӣ хонаи ӯро низ пурнур мекунад: "Ман бовар надоштам, ки зиндагиям бо сӯҳбати Ҷамшед тағйир меёбад. Ман аввал ба хотири дӯстӣ занг задам, вале гуфт, ки зангир аст. Соли таваллудамро пурсид. Баъди як моҳ ба хонаи мо рафт, ҳайрон шудам аз пешниҳодаш".

Қиссаи нобиноёне, ки бо телефон ҷуфти худро ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Зиндагии ҳамсарон аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ пеш меравад. Ҷамшед моҳе 350 ва ҳамсараш 250 сомонӣ нафақа мегирад. Сафаргул Бекова, модари Ҷамшед мегӯяд, вақте писараш арӯсӣ карду Сайёра ба хонаи онҳо омад, як ҳаросу нигаронии модарона дошт. Мегӯяд, нигарон буд, ки арӯси нав чӣ тавр дар як хона ва шароити нав бо ин ҳолаташ унс мегирад, то куҷо метвонад ба худу ҳамсараш бирасад.

Вале дар чанд рӯзи аввал маълум шуд, ки Сайёра мисли ҳар духтари дигари деҳ мустақилона аз ӯҳдаи ҳама кор мебарояд ва танҳо коре, ки барояш иҷозат дода намешавад, пухтупази нон дар танӯр аст. Модарарӯс мегӯяд, ки Сайёра то лаҳзаи дар плитаи ошхона ҷой кардани хамири нон хизмат мекунад ва боқӣ гирифтани нони сурху омодашуда кори дигарон аст. Вале ин модар бештар аз ҳама барои он хушҳол аст, ки ҳам Сайёра ва ҳам Ҷамшед мустақилона аз ӯҳдаи нигоҳубини фарзанди 11-моҳаашон мебароянд ва бидуни кӯмаки тарафе, духтари нозанини худро бузург кардаанд.

Ҷомеашиносон дар Хатлон мегӯянд, қиссаи ишқи Ҷамшеду Сайёра барои нобиноёни дигари маҳаллӣ ҳам намунаи хуби ибрат аст, то тавонанд орзуҳои худро амалӣ кунанд. Дар ҷамъияти нобиноёни вилоят, ки 1400 тан узв дорад, мегӯянд, дар гузашта маъюбон ва нобиноён бо мушкили зиёде барои худ ҳамсар пайдо мекарданд. Аммо ҳамакнун бо пешрафти илму техника, ба хусус истифода аз шабакаи Интернет ва сӯҳбатҳои телефонӣ, ин табақа низ мушкилашонро дар интихоби ҳамсари ояндаашон осон кардаанд.

Гулмурод Ғоибзод.
Гулмурод Ғоибзод.

Гулмурод Ғоибзод, ҷавони 23-солаи дигари нобино низ чун Ҷамшед ҳамсари ояндаашро аз ноҳияи Данғара ёфт. Гулмурод мегӯяд, "аз як дӯстам телефони яке аз наздикони Марҷонаро пайдо кардам. Бо худи Марҷона сӯҳбат кардам, аввал рад мекард. Аммо чанде баъд изҳори муҳаббат кардам ва ҳоло шукр, ки бо ҳам ҳастем ва ду фарзанди солим дорем".

Фарзандони онҳо Шукронаи дунимсолаю Идриси 7-моҳа ҳарду ҳам бо дидаи бино чашм ба дунё кушода дар фазои муҳаббати волидон бузург мешаванд.

Вале шонси барпо кардани оила ҳанӯз на барои ҳамаи нобиноён осон даст медиҳад. Қурбоналӣ Қурбонназарови 35-сола ҳанӯз муҷаррад аст ва мегӯяд, ӯ ҳам умедвор аст, ки метавонад аз тариқи телефон барои худ як шарики хуби зиндагӣ пайдо кунад. Мегӯяд, медонад, ки ин муоширатҳо ҳунари хуби сӯҳбату гуфторро талаб мекунад ва умедвор аст аз миёни дӯстони зиёдаш қалби як зани хубу хушмуомилаеро ба даст оварад.

XS
SM
MD
LG