Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафн бо рақсу мусиқӣ. Паёми азодорони саркӯби хунин дар Эрон чист?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Даст мезананд. Гоҳе ҳам даф мезананд. Ҳатто мерақсанд. Маросими дафн ё хоксупории ҷонбохтагони эътирозҳои хунини моҳи январ дар Эрон ғайримаъмулист. Чаро? Ва чӣ паём дорад?

Ҷумҳурии Исломӣ ба эътирозҳои 8 ва 9-уми январи 2026 дар Эрон бо саркӯби хунин посух дод. Эътирозҳое, ки дар он ҳазорон норозӣ дар хиёбону кӯчаҳо ва маҳаллаҳои бисёре аз шаҳрҳои Эрон бо тири маъмурони амниятӣ кушта шуданд. Тирҳое, ки синаҳо, сарҳо ва гардану чашмҳоро шикофтанд.

Падарону модароне буданд, ки дар канори фарзандони худ кушта шуданд. Ҳамсарон, хоҳарон ва бародароне буданд, ки чанд қадам дуртар пайкари беҷони азизонашонро бар замин диданд. Хонаводаҳое ҳам буданд, ки рӯзҳо дар пайи ҷаноза ё пайкари азизонашон гаштанд. Дар бемористон, сардхонаҳо ва қабристонҳо.

Маъмурон баъзе аз пайкарҳоро бо таҳдид ба дасти хонаводаҳо дода, бар рӯйи бархе ҷанозаҳо “ношинос” навиштанд. Дар миёни кушташудагон ҷавононе буданд, ки навдомод ё наварӯс буданд. Зиндагияшон ҳанӯз бӯйи ҷашн медод. Либоси арӯсии бархе ҳанӯз дар ҷевон буд.

Ҳоло ончи дар баъзе аз маросими хоксупорӣ ба унвони шодии ғамангез дида мешавад, сӯгворӣ барои ҷашнест, ки ҳаргиз барпо нашудааст. Ин танҳо як амали шахсӣ, маросими суннатӣ, маҳаллӣ ва қавмӣ нест. Ин як рафтори сиёсӣ ва эътирозӣ аст.

Навор дар шабакаи "Х":

Дар кишваре, ки эътироз бо тири маъмурон посух дода мешавад ва азодорӣ зери сояи таҳдид ва назорат қарор дорад, гиря кардан метавонад ҷурм бошад. Ҷамъ шудани азодорон метавонад таҳдид арзёбӣ гардад. Ном бурдан аз кушташудагон метавонад ҷавобгарӣ дошта бошад.

Дар бисёре аз мавридҳо, хонаводаҳо ҳатто иҷоза надоштанд озодона пайкари азизонашонро дафн кунанд. Маросими сӯгворӣ маҳдуд, замони дафн назорат ва ҳар нишонае аз интиқод саркӯб шуд. Сӯг, пеш аз он ки оғоз шавад, муҳосира гардид.

Дар чунин шароите сӯг шакли одии худро аз даст медиҳад. Хонаводаҳо наметавонанд он тавр ки мехоҳанд азодорӣ кунанд. На бо садои баланд, на бо садои озод ва на бо фарёдҳои содиқона. Вақте забон баста мешавад, бадан ба ҳарф задан сар мекунад. Бадан охирин расонае аст, ки ҳанӯз пурра хомӯш нашудааст.

Вақте наметавонӣ фарёд кашӣ...

Каф задан дар маросими сӯгворӣ нишонаи шодӣ нест. Ҷойи холии фарёде аст, ки намешавад зад. Фарёде, ки дар хиёбонҳо бо тири маъмурон қатъ шуд, дар хоксупориҳо ба шакли ҳаракат бармегардад.

Вақте наметавонӣ фарёд бикашӣ, вақте наметавонӣ шиор бидиҳӣ, вақте ҳатто гиряат зери назорат аст, дастҳо ба ҳам мехӯранд. На барои ташвиқ, балки барои бақо, барои ибрози вуҷуд: “Ҷони азизонамонро гирифтед, вале мо ҳанӯз зиндаем”. Ин як вокуниши азизе ва инсоне ба фишори беш аз ҳад аст.

Ҳар зарбаи даст ёдовари ин аст, ки ҳанӯз зарабони қалбҳои мо мезанад. Бадан ҳанӯз таслим нашуда ва марги таҳмилшуда бо тир натавониста ҳама чизро сокит кунад.

“Ту зиндагии азизони моро гирифтӣ”

Ларзиши дасти модар, рақси падар, хоҳар ва ё ҳамсар нишонаҳое аз ҳофизаанд. Инҳо тасодуфӣ нестанд. Қудрати зӯргӯ метавонад санадро пок кунад, аксро ҳазф ва номҳоро мамнуъ кунад, аммо наметавонад ритми рақси сӯгворонро хомӯш ё ҳаракат ва овозу фарёди хонаводаҳоро муҳосира кунад.

Мусиқие, ки гоҳо дар маросими сӯгвории кушташудагони эътирозҳо пахш мешавад, қарор нест ҳоли касеро хуб кунад.

Дар баробари ҳукумате, ки мекӯшад тир задани маъмуронро инкор кунад ва куштори норозиёнро бо пайванд додан ба “террористҳо” ва “ишғолгарон” камранг нишон диҳад, мусиқии интихобии соҳибони азо паёме дорад: “Ту зиндагии азизони моро гирифтӣ, аммо ривояти маргро на.”

Навор дар шабакаи "Инстаграм":

“Ин рақсҳо рақси пирӯзӣ нестанд”

Дар баъзе аз маросими хоксупорӣ чанд нафар мерақсанд. Гоҳе падар, гоҳе модар, гоҳе ҳам хоҳар, бародар ё ҳамсар, ҳатто аммаву хола. На бо лабханд, на бо сархушӣ, балки бо ашкҳое, ки аз суратҳояшон мешорад. Ва мо ҳам бо онҳо ашк мерезем.

Ин рақсҳо рақси пирӯзӣ нестанд. Рақси захманд. Ин баданҳои сӯгвор рақсҳро интихоб накардаанд. Ба он паноҳ бурдаанд. Ҳаракате барои фурӯ нарехтан, барои давом овардан пас аз дидани марги азизоне, ки бисёрияшон ҳанӯз ҷавон буданд. Хеле ҳам ҷавон.

Ин як паёми умумӣ аст, на фақат барои имрӯз, балки барои ҳофизаи ҷамъии фардои эрониён. Барои сабти ин ки 8 ва 9-уми январи 2026 монанди эътирозҳои гузашта бо хуни норозиёни бедифоъ ва тир навишта шуд.

Одамон интизор доранд, ки ғаму андӯҳ шакли муайяне дошта бошад: гиря, сиёҳӣ ва сукут. Аммо ин сӯг аз дили хиёбонҳо ва куштор омада, аз чорчӯбҳо берун зада ва дидани он моро бо ҳақиқати талхе рӯбарӯ мекунад. Вақте хушунати ҳукумат аз ҳад мегузарад, ҳатто сӯг ҳам тағйири шакл медиҳад.

Дар ин маросим дасту даф задан на ҷашни марганд ва на инкори дард. Онҳо охирин абзор ё чораи инсонанд. Вақте барои рӯбарӯ шудан бо кушторе чунин густурда, хунин ва ғайриинсонӣ ҳатто гиря ҳам дигар кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG