Инҳо на адад, балки инсонанд.
Рӯйхати баъзе аз қурбониёни саркӯб дар Эрон
Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Эрон ҳазорон нафар кушта шуданд.
Дар ҷараёни саркӯби хушунатомези эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Эрон ҳазорон нафар кушта шуданд. Бар асоси гузоришҳо, аксар қурбониён дар рӯзҳои 8 ва 9-уми январи соли 2026 ҷони худро аз даст додаанд. Ин саркӯби хунин як миллатро дар сӯг нишонд.
Хабаргузории фаъолони ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Амрико, гузориш дод, ки то кунун тасдиқи марги 6 ҳазору 563 нафарро ёфтааст. Дар ҳоле ки баъзе аз тахминҳо теъдоди кушташудагонро то 30 ҳазор кас эълом карданд.
Қатъи саросарии интернет монеи талошҳо барои дастёбӣ ба иттилооти дуруст дар мавриди доманаи саркӯб ва шумораи ҳақиқии кушташудагон шудааст.
Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, маълумотро дар бораи беш аз сад кушташуда ҷамъоварӣ ва таъйид кард. Ин тарҳ бо тасдиқ шудани бештари кушташудагон ва дастрас шудани ҷузъиёт дар мавриди қурбониён пурра хоҳад гашт.
Қурбониён
Ҷустуҷӯ бар асоси минтақа, ном ё син