Радиои Озодӣ бо Алекс Ватанка, мудири барномаи Эрон дар Пажӯҳишгоҳи Ховари Миёна дар Вашингтон, дар бораи иқдомҳои эҳтимолии Амрико ба зидди ҳокимони Эрон ва имкони тағйирот дар ин кишвар сӯҳбат кард.
Рӯҳониёни ҳоким бар Эрон барои саркӯби эътирозҳои зиддиҳукуматии чандҳафтаина, ки бузургтарин таҳдид ба ҳукмронии онҳо буд, аз зӯри зиёд ва нерӯи бесобиқа кор гирифтанд. Ҳарчанд ба назар мерасад, ки низоми мазҳабии Эрон бо вуҷуди мавҷи фарогири эътирозҳо дар амон монд, вале бисёре аз нозирон мегӯянд, аз умри ин режим рӯзҳои зиёде намондаанд. Доналд Трамп, президенти Амрико, ки Эронро барои саркӯби хунини муътаризон бо иқдоми низомӣ таҳдид карда буд, хостори омадани раҳбарияти нав дар ҷумҳурии исломӣ шудааст.
Радиои Озодӣ: Дар тӯли тақрибан чиҳил соли гузашта, бори аввал чунин эҳсос мешавад, ки вазъ дар Эрон ниҳоят тағйир меёбад. Ин бештар ба як лаҳзаи сарнавиштсоз мемонад. Эътирозҳо қаблан ҳам буданд. Ин дафъа чӣ фарқ доранд?
Алекс Ватанка: “Албатта, Эрон дар даҳсолаи ахир ва ҳатто қабл аз он шоҳиди эътирозҳои зиёде буд. Он чизе ки дар даҳсолаи ахир тағйир ёфт, вусъати эътирозҳост. Онҳо тез-тез рух медиҳанд ва сахттар шудаанд. Даҳ сол пеш муътаризон ислоҳи сиёсатҳоро мехостанд ва дар бораи зиндагии сахту тоқатфарсо шиор медоданд.
Имрӯз онҳо суқути режимро талаб мекунанд. Онҳо шиори "марг бар диктатор" сар медиҳанд, ки манзурашон раҳбари олӣ Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ аст. Пештар онҳо дар кӯчаҳои Теҳрон шояд танҳо қуттиҳои партовро оташ мезаданд. Ҳоло мо ҳамла ба масҷидҳоро мебинем. Баъзе аз эътирозгарон омодаанд, бо нерӯҳои амниятӣ биҷанганд. Мо шоҳиди кушта шудани ҳазорон нафар ҳастем. Воқеият ин аст, ки ин эътирозҳо дар вусъату миқёси дигар ҳастанд ва ҳар дафъа хашми мардум бештар мешавад. Талаботи онҳо бунёдист. Онҳо тағйироти куллӣ мехоҳанд ва нерӯҳои амниятӣ ҳам бераҳмонатар амал мекунанд.
Заминаи берунӣ низ муҳим аст, зеро режим воқеан бовар дорад, ки ҳатто агар ин эътирозҳо дар дохил оғоз шуда бошанд ҳам, қудратҳои берунӣ кӯшиш мекунанд аз ин лаҳза ба нафъи худ истифода баранд. Онҳо Амрико ва Исроилро муттаҳам мекунанд. Ин вазъро нисбат ба давраҳои қаблӣ хеле хатарноктар мекунад.
Радиои Озодӣ: Дар мавриди қудратҳои берунӣ, биёед дар бораи мудохилаи эҳтимолии Амрико сӯҳбат кунем. Бар асоси баёнияҳои аввалияи Трамп мисли "кӯмак дар роҳ аст", эҳтимоли иҷрои он ба назар мерасид. Аммо ҳоло таҳдидҳо гӯё паст шудаанд. Ин мудохила то куҷо воқеӣ аст ва оё мақомоти Эрон фурсати нафас рост кардан ёфтанд?
Ватанка: «Ба назар намерасад, ки раиси ҷумҳур Трамп стратегияи равшане дошта бошад. Вақте эътирозҳо авҷ мегирифтанд, ӯ ворид шуд ва гуфт, ки дар канори мӯътаризон аст. Як лаҳза чунин менамуд, ки режим дар остонаи суқут аст. Аммо ба маҳзи он ки эътирозҳо фурӯ нишастанд, раиси ҷумҳур ақибнишинӣ кард ва гуфт, ки онҳо одамонро намекушанд ва эъдом намекунанд.
Бинобар ин, ӯ ниёзе ба мудохилаи Иёлоти Муттаҳида намебинад. Ин ба фалсафаи асосии ӯ бармегардад. Ӯ вақте мудохила мекунад, ки фикр кунад, дар тарафи пирӯз хоҳад буд. Трамп бешубҳа намехоҳад, Амрикоро ба як низои дигари дароз дар Ховари Миёна кашад, ки ба "давлатсозӣ" шабоҳат дошта бошад, чизе ки ӯ ҳамеша зиддаш буд. Ӯ марде нест, ки ба сохтани давлат барои дигарон шавқ дошта бошад. Ӯ мехоҳад, тавре ки худаш мегӯяд, "Амрикоро дубора бузург кунад". Дар ин замина, ӯ ҳеч гоҳ худро аз нигоҳи фикрӣ вобастаи як маъракаи тӯлонӣ барои кӯмак ба муътаризон намекунад, на барои созмон додани онҳо ва на барои додани он чизе, ки дар муборизаи тӯлонӣ алайҳи режим ниёз доранд. Ин ҳеч гоҳ дар нақша набуд. Трамп як сония фикр кард, ки шояд эътирозгарон дар Эрон пирӯз шаванд ва бояд дар канори онҳо бошад. Вақте маълум шуд, ки тазоҳургарон ба пирӯзӣ он қадар наздик нестанд, ӯ канор рафт.”
Радиои Озодӣ: Оё Трамп метавонад, ба коре шабеҳи он чизе, ки дар Венесуэла кард, даст занад? Дар он ҷо нерӯҳои Амрико, президент Николас Мадуроро дастгир карда, аз кишвар берун бурданд. Оё чунин иқдоми зуд ба ҷои дахолати тӯлонӣ имконпазир аст?
Ватанка: «Сенарияи Мадуро чанд чизро талаб мекунад. Муҳимтаринаш ин аст, ки оё дар дохили режими Эрон нафароне ҳастанд, ки хадамоти ҷосусии Амрико бо онҳо дар тамос бошанд ва онҳо омодаи қабули тағйири қудрат бошанд? Шумо наметавонед Ҷумҳурии Исломиро таҳти раҳбарии Алӣ Хоманаӣ дошта бошед ва онро тағйирот номед. Ӯ бояд биравад. Суол ин аст, ки оё Амрико чунин нуфуз ва дастрасӣ ба афроди дохили режимро дорад, то гузариш ба Эрони пас аз Хоманаиро амалӣ кунад? Агар ин кор сурат гирад, бисёриҳо хушҳол хоҳанд шуд.
Агар шумо танҳо Алӣ Хоманаиро дур кунед ва ҳама чиз мисли пештара бимонад, масалан агар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бештар дастболо шавад, ин тағйироте нест, ки мардуми Эронро қонеъ кунад. Ин бешубҳа мухолифинро ҳам хурсанд намекунад. Тағйирот бояд пурмаъно бошад. Шумо метавонед, сенарияеро тасаввур кунед, ки дар он одамони дохили режим ба хулосае меоянд, ки дигар ин вазъ идома ёфта наметавонад ва замони он расидааст, ки аз ин "киштии дар ҳоли ғарқшавӣ" худро наҷот диҳанд, бавижа агар Амрико ба онҳо роҳи берун шудан ё алтернативаеро пешниҳод кунад. Агар ин киштӣ фардо ё ҳафтаи оянда ғарқ нашавад, дар ояндаи наздик ҳатман ғарқ хоҳад шуд."
Радиои Озодӣ: Мо дар бораи чӣ қадар вақт сӯҳбат мекунем? Ба назар мерасад, ки мақомот фурсати муваққатие ёфтанд. Онҳо боз чӣ қадар метавонанд, побарҷо бимонанд?
Ватанка: «Ҳеҷ нишонае нест, ки режим битавонад 10 ё 15 соли дигар давом оварад, зеро бори аввал мо мебинем, ки иқтисоди Эрон пас аз беш аз як даҳсолаи таҳримҳо комилан аз по афтодааст. Пештар мақомот метавонистанд, бо сиёсатҳои тобовар бо таҳримҳо мубориза баранд, аммо ҳоло имконоти онҳо тамом шудааст.
Илова бар ин, масъалаи коррупсия ва мушкилоти мудирияти давлат вуҷуд дорад, ки дар он нухбагони ҳоким роҳи худро гум кардаанд. Онҳо дигар барои ҷавонон ҷолиб нестанд ва онҳоро илҳом намебахшанд. Ҳамаи ин омилҳо шароити беназиреро ба вуҷуд овардаанд. Ин идея, ки режим метавонад муддати тӯлонӣ бимонад, шубҳаовар аст. Бо куштор ҳал кардани мушкилот метавонад, як ё ду бор кор диҳад, аммо кафолат нест, ки ҳамеша кор хоҳад кард."
Радиои Озодӣ: Оё низоми мазҳабӣ метавонад гузашт кунад ё ваъдаи ислоҳот диҳад? Ё ин кор заъфи онҳоро нишон дода, боиси авҷи бештари эътирозҳо мегардад?
Ватанка: «Алӣ Хоманаӣ дар тасмими худ барои таслим нашудан дар баробари муътаризон таҳти таъсири ду ҳодиса қарор гирифтааст. Яке ин ки чӣ гуна Шоҳи Эрон бо эътирозҳо ва инқилоби солҳои 1978 ва 1979 рӯ ба рӯ шуд. Хоманаӣ онҷо буд. ӯ дид, ки шоҳ дар телевизиони миллӣ зоҳир шуд ва гуфт: "Ман садои инқилоби шуморо шунидам." Ин поёни кори ӯ буд.
Хоманаӣ ин корро нахоҳад кард. ӯ ҳеҷ гоҳ чунин чизеро намегӯяд. Дар воқеъ, ӯ баръакс амал мекунад. ӯ ба саркӯб чароғи сабз дод, зеро фикр мекунад, ки тарсу ҳарос роҳи ягонаи пешрафт аст. Ҳодисаи дувуме, ки ба ӯ таъсир кард, коре буд, ки Михаил Горбачёв (охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ) анҷом дод."
Радиои Озодӣ: Оё мо метавонем шоҳиди ҳамон "гласност" ё сиёсати ошкорбаёнӣ дар Эрон бошем?
Ватанка: «Хоманаӣ як раҳбари ҷавон буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз дохил фурӯ пошид. Ӯ намехоҳад, дар заминаи ислоҳот кори бузурге анҷом диҳад. Ба ҷои ин, ӯ бояд бидуни тағйироти ошкор, қадамҳое гузорад, ки аз майли ӯ ба тағйир дарак диҳанд. Масалан, чанд моҳ аст, ки мақомот иҷрои дастури ҳиҷоби иҷбориро қатъ кардаанд. Ин сиёсати режим аст, вале онҳо дарк карданд, ки ин кор мардумро хашмгин мекунад.
Чизи дигар ин аст, ки онҳо бо амрикоиҳо сӯҳбат мекунанд. Ҳатто пас аз он ки мавриди ҳамлаи амрикоиҳо қарор гирифтанд, боз ҳам мегӯянд, ки сӯҳбат кардаанд. Ҳамчунин гузоришҳое ҳастанд, ки онҳо омодаанд тавассути русҳо бо исроилиҳо сари мизи музокирот бинишинанд ва Путин миёни Нетаняҳу ва раҳбарияти Эрон миёнаравӣ кунад. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки режим дар вазъияти бисёр ногувор аст ва медонад, ки бояд гузашт кунад. Барои зинда мондан ӯ бояд нармишпазир бошад. Ӯ инро бо овози баланд эълон намекунад ва намегӯяд, ки таслим шудааст, аммо дар амал қадамҳое мегузорад, ки нишон медиҳанд, дар ин марҳила роҳи дигаре ҷуз созиш нест.
Режим сарсахтона амал мекунад ва ин якравиро дар вуҷуди раҳбари муаззами он метавон дид, вале онҳо қасди худкушӣ надоранд. Ӯ дар мавриди ҷаҳони беруна нисбат ба дохил нармишпазиртар аст. Ӯ гузаштҳои хурд мекунад, зеро аз он метарсад, ки ислоҳот метавонад, боиси суқути куллӣ гардад, вале майли муайяне ба тағйир дида мешавад."
Радиои Озодӣ: Дар мавриди якравиву нозукӣ, идеологияи исломӣ ҳоло дар Эрон дар муқоиса бо солҳои 80-ум чӣ қадар қавӣ аст?
Ватанка: «Пас аз 47 соли ҳукмронии ин режим, ҳар идеологияе, ки онро пеш мебурд, асосан аз байн рафтааст. Ин дар солҳои 80-ум муҳим буд, аммо имрӯз аксарияти мардум дар ин низом танҳо барои он ҳастанд, ки маош мегиранд. Онҳо интихобе надоранд ва касе ба онҳо низоми дигари сиёсиеро нишон надодааст, ки онҳо боз ҳам нақше дошта бошанд. Онҳо метарсанд, ки тағйироти бузург ба маънои аз даст додани кор, пул ё эҳтимолан ҷони онҳо хоҳад буд. Маҳз барои ҳамин бисёр одамон ба ин "киштии дар ҳоли ғарқшавӣ" часпидаанд."
Радиои Озодӣ: Биёед масъалаи раҳбариро баррасӣ кунем. Хоманаӣ 86-сола аст. Кӣ метавонад, ҷойнишини ӯ шавад, ки машруияти низоми исломӣ зери суол наравад?
Ватанка: «Ин суоли бузург аст. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ҷойнишини худ ишора накардааст, ки ин бар хилофи табиати ӯст. Хоманаӣ намехоҳад, шӯҳрату қудратро бо касе тақсим кунад, бинобар ин ҳеҷ гоҳ муовин надоштааст. Бар асоси Қонуни асосӣ, ин вазифаи Маҷлиси хубрагон аст, ки ҷойнишини ӯро интихоб кунанд. Аммо метавонад, вазъияте пеш ояд, ки пас аз ӯ аслан "раҳбари муаззам" набошад. Аз соли 1979 инҷониб ин симматро танҳо ду нафар — Хумайнӣ ва Хоманаӣ доштанд. Дар таърихи Эрон собиқаи дигаре барои ин нақш вуҷуд надорад. Аз байн бурдани дафтари раҳбарӣ ва бозсозии қудрати сиёсӣ он қадар дур аз воқеият нест, ки ба назар мерасад.»
Радиои Озодӣ: Оё ин метавонад ба маънои тағйири чеҳраи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бошад?
Ватанка: «Ин як ҳукумати мазҳабӣ аст ва аз рӯи табиаташ бояд аз ҷониби як мақоми олии динӣ идора шавад, на афроди низомӣ. Як сенария ин аст, ки як рӯҳонӣ ба таври рамзӣ раҳбар мешавад, вале қудрати воқеӣ надорад ва Сипоҳи Посдорон кишварро идора мекунад. Дар бисёр ҷиҳатҳо, сипоҳ аллакай корро пеш мебарад. Хоманаӣ нисбат ба ҳар касе, ки метавонад ҷойи ӯро бигирад, хеле қавитар. Пас аз 37 соли қудрат, касе наметавонад, ҷойи ӯро пур кунад. Аммо ҳадди ақал дар ду даҳсолаи охир, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳамон мошини давлатӣ аст, ки мардум онро бо Эрон мешиносанд.»
Радиои Озодӣ: Оё мо метавонем шоҳиди табдили низоми мазҳабии Эрон ба як "хунтаи низомӣ" бошем?
Ватанка: «Эҳтимоли вуқуи он вуҷуд дорад. Ин яке аз сенарияҳоест, ки мардум дар борааш ҳарф мезананд. Аммо Эрон таърихи ҳокимони низомӣ надорад. Ин Амрикои Лотинии солҳои 70-ум нест. Таърихан, Эронро шоҳон ва аз соли 1979 рӯҳониён идора мекарданд. Ҳукмронии ошкорои сипоҳ як воқеияти нав хоҳад буд. Ҳатто он вақт ҳам мушкилоти режим аз байн нахоҳанд рафт. Сипоҳи Посдорон даҳсолаҳост, ки Эронро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ идора мекунад. Танҳо гузаштан аз Хоманаӣ ба ҳукмронии ошкори сипоҳ чизеро ҳал намекунад.»
Радиои Озодӣ: Оё ин метавонад ба ҷомеа як эҳсоси муваққатии сабукӣ диҳад? Яъне Хоманаӣ рафт ва ҳоло ҳама чиз барои шукӯҳи миллат аст?
Ватанка: «Не. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳамчун қаҳрамонони миллӣ дида намешаванд. Шояд дар солҳои 80-ум дар ҷараёни ҷанг бо Ироқ онҳоро ҳамин тавр медиданд, аммо даҳсолаҳост, ки онҳо бештар бо худи эрониҳо дар дохил меҷанганд, ё сиёсатҳои моҷароҷӯёнаро дар ҷойҳое мисли Лубнон ё Ғазза думбол мекунанд. Теъдоди ками эрониҳо Сипоҳи Посдоронро қаҳрамони миллӣ медонанд. Дар ин замина, Хоманаӣ ва Сипоҳи Посдорон аз ҳам фарқе надоранд. Ба сари қудрат омадани онҳо дар сарнавишти режим тағйири воқеӣ намеорад."
Радиои Озодӣ: Мисли Путин дар Русия, наслҳои комил дар Эрон ба воя расидаанд, ки ин мардро ягона раҳбари миллат мебинанд. Ин ба равони миллӣ чӣ таъсире дорад ва корро барои ҷойнишини ӯ чӣ гуна душвор мекунад?
Ватанка: «Поёни Алӣ Хоманаӣ як фурсат барои миллат хоҳад буд, то ба ҳамон ҷое баргарданд, ки монда буданд. Даҳсолаҳост, ки Эрон дар дохили ҳубоби идеологии ӯ ях бастааст. Рафтани ӯ фазоро боз мекунад. Бале, дар ҷомеа пайравони Хоманаӣ ҳастанд, вале мо шояд дар бораи 5 то 10 дарсад сӯҳбат мекунем. Ӯ қаҳрамони як миллати 90-миллионӣ нест, ӯро ҳамчун мушкил мебинанд, ӯ он "падар"-е нест, ки худро вонамуд мекунад. Вақте шумо фармони куштори дастаҷамъонаи ҷавонони кишвар, аз ҷумла кӯдаконро медиҳед, дигар наметавонед даъвои чунин «падарӣ» кунед.»
Радиои Озодӣ: Агар эътирозҳо ҳоло ё дар ояндаи наздик пирӯз шаванд, мақоми дин ҳамчун як ниҳод чӣ мешавад?
Ватанка: «Мо мебинем, ки ба масҷидҳо ошкоро ҳамла мешавад ва ин нишон медиҳад, ки дин зери фишори сахт аст. Бисёре аз эрониҳо аз ислом даст мекашанд, бавижа аз он нусхае, ки Хоманаӣ намояндагӣ мекунад. Эронро метавон дунявитарин кишвар дар Ховари Миёна номид, ҳатто дунявитар аз Туркия, ё кишварҳои Халиҷи Форс. Ин на аз он сабаб аст, ки худи ислом кори хатое карда бошад, балки ба хотири он аст, ки режим чӣ гуна аз он истифода кард.»
Радиои Озодӣ: Маҳбубияти Шоҳ дар миёни бархе аз муътаризонро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Оё ин танҳо ба он хотир аст, ки ӯ мисли режими кунунӣ бад набуд, ё мардум ба дунболи як "сарвари қавӣ" ҳастанд, ки дастор надошта бошад?
Ватанка: «Ин боз ба ҳамон суоли илҳомбахшӣ бармегардад. Шоҳпарастон, ки ба Ризо Паҳлавӣ, падараш шоҳ ва бобояш Ризошоҳ эътиқод доранд, мегӯянд, ки онҳо дар замони худ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Онҳо Эронро рушд доданд. Баръакс, Ҷумҳурии Исломӣ боиси инзиво, таҳримҳо ва вобастагӣ ба Русияву Чин шуд. Бисёре аз эрониҳо раҳбариро аз рӯи он қазоват мекунанд, ки кӣ кишварро қавитар ва мӯҳтарамтар кардааст.
Радиои Озодӣ: Эронро дубора бузург кунад?
Ватанка: «Бале. Носталжӣ (ёди гузашта) зиёд аст, аммо ин ёдҳо дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Аз он сабаб вуҷуд дорад, ки режим дар пайванд бо мардум ва илҳом бахшидан ба онҳо бисёр бад амал кардааст.»
Радиои Озодӣ: Агар як "сарвари қавӣ" пайдо шавад, ки битавонад кишварро дубора муҳим кунад, дар ин сурат метавон гуфт, ки мардум ба дунболи "Путин"-и худашон ҳастанд?
Ватанка: «То ҷое бале. Ҳар касе, ки битавонад онҳоро аз Хоманаӣ наҷот диҳад, ҷозиба пайдо мекунад. Ризо Паҳлавӣ таърих, номи маъруф ва то ҷое дастрасӣ ба қудратҳои хориҷиро дорад. Аммо ин як масъалаи бисёр баҳсбарангез дар дохили Эрон ва дар миёни эрониёни хориҷ аз кишвар аст. Ин фикр, ки эрониҳоро танҳо як "марди қавӣ" метавонад, идора кунад, соддалавҳона аст. Умед ҳаст, ки мухолифин метавонанд, худро созмон диҳанд ва ба сӯи як низоми демократӣ ва гуногунандеш, шабеҳи Аврупо, ҳаракат кунанд. Мутамарказ кардани қудрати зиёд дар дасти як нафар ҳамеша хатар дорад.»
Радиои Озодӣ: Чин ва Русия бешубҳа ин вазъро назорат мекунанд. Онҳо чӣ имконоти воқеӣ доранд ва агар ҳокимони мазҳабии Эрон суқут кунанд, ин барои онҳо чӣ қадар гарон тамом мешавад?
Ватанка: «Чин майли хеле каме барои дифоъ аз Ҷумҳурии Исломӣ дорад. Пекин ба Эрон ҳамчун як шарики тиҷоратӣ менигарад, ки асосан барои гирифтани нафти арзон муфид аст. Чин дар ҷараёни эътирозҳо ё ҷанги 12-рӯза бо Исроил дар соли гузашта кори зиёде накард. Чин бо Вашингтон рӯ ба рӯ намешавад ва сармояи сиёсии худро барои наҷоти Теҳрон сарф намекунад. Агар режим суқут кунад, зарари асосии Чин аз даст додани як манбаи арзони энергетикӣ хоҳад буд, на як шарики воқеии стратегӣ.
Русия бошад, ба Эрон ҳамчун ба як минтақаи ҳоил ва як шарики муфид дар рӯёрӯиҳои минтақавӣ менигарад, на ҳамчун як шарики идеологӣ. Дастгирии Маскав воқеӣ ва муҳим аст, аммо он бар пояи манфиатҷӯӣ аст. Суқути режим барои Русия ҳамчун аз даст додани як шарики минтақавӣ гарон меафтад, чун дар коҳиш додани фишори Ғарб кумак мекард, вале Маскав амнияти худро ба бақои ҳукумати дохилии Эрон вобаста намекунад.»
Тавзеҳ: Мусоҳиба аз назари забонӣ тасҳеҳ шудааст.