Дар маҳаллаҳои саноатӣ ва истиқоматии канораҳои вилояти Исфаҳони Эрон, се шоҳиди айнӣ саҳнаҳои cаркӯбҳои хунин зимни мавҷи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ тасвир карданд.
Дар мусоҳиба бо Радиои Фардо бахши форсии Радиои Озодӣ, шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки бахшҳое аз атрофи шаҳри Исфаҳон ва шаҳракҳои наздики вилоят ҳоло ба минтақаҳои ҷангзада шабоҳат доранд. Ба гуфтаи онҳо, саҳнаҳо бо шаҳрҳои вайроншудаи замони ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 1980-ум қобили муқоиса ҳастанд.
Аз замони оғози саркӯби хунини эътирозҳои зиддидавлатӣ дар рӯзи 28-уми декабри соли 2025, дар саросари Эрон ҳузури васеъи низомӣ ва пулис дида мешавад ва дастрасӣ ба интернет ва иртибототро ҳам қатъ кардаанд.
Қисматҳое аз Исфаҳон, дувумин маркази бузурги саноатии Эрон пас аз Теҳрон, ба саҳнаи васеи дигари тазоҳурот табдил ёфтанд, ки дар он ҷо издиҳом ошкоро бозгашти шоҳигарии Паҳлавиро талаб мекарданд. Парчами мамнӯи «Шеру Хуршед»-ро меафрохтанд, ки низомии исломии Эрон онро рамзи боқимондаи шоҳигарӣ ва ҳукумати дунявӣ медонад.
Маҳаллаҳои канораҳои шаҳр дар муҳосира
Яздоншаҳр, як шаҳраке дар наздикии шаҳри Наҷафобод, аз 2-юми январ саҳнаи эътирозҳои сершумори хиёбонӣ будааст. Як сокини инҷо дар сӯҳбат бо Радиои Фардо манзараи ваҳшатноки вайрониҳоро тасвир кард. Осори тирҳо дар дару деворҳои шаҳр, хиштҳои кандашуда аз биноҳо, тирезаҳои шикаста ва бонку биноҳои давлатии оташгирифта. Радиои Озодӣ барои ҳифзи амнияти шоҳидон номи онҳоро ифшо намекунад.
Ин шоҳиди айнӣ ба Радиои Фардо гуфт: «Яздоншаҳр ҳоло ба Хуррамшаҳр пас аз озодиаш шабоҳат дорад.» Ишораи ӯ ба як шаҳри ҷанубу ғарби Эрон аст, ки солҳои 1980-ум нерӯҳои Ироқ онро ишғол карданд, вале баъди як набарди хунин дубора озод шуд.
Мусоҳиби Радиои Фардо субҳи рӯзи дигари саркӯби тазоҳургарон ба дасти нерӯҳои амниятиро тасвир карда, гуфт: «Дар паси ҳар мошин як ҷасад афтода буд. Онҳо ҳамаро зада буданд».
Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, нерӯҳои амниятӣ яксара аз силоҳҳои автоматӣ ба сӯи издиҳом тир меандохтанд, ба касе ҳам раҳм намекарданд, на ба раҳгузар, на ба дӯкондорон ва ҳатто онҳое, ки аз болои бомҳо эътирозҳоро наззора мекарданд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, «ҳар касеро, ки дар берун буд, мезаданд» ва афзуд чанд узви баъзе аз оилаҳо кушта шудаанд.
Ҳарчанд Радиои Озодӣ наметавонад, ин гузоришҳои шоҳидонро мустақилона тасдиқ кунад, вале гуфтаҳои онҳо бо дигар гузоришҳои мӯътамаде, ки аз дохили Эрон дастрас мешаванд, мувофиқат мекунанд.
Шиносоии ҷасадҳо
Тақрибан 60 километр дуртар, дар шаҳраки Баҳористон, шоҳиди дигаре ба Радиои Фардо дар бораи талафоти зиёди ҷонӣ зимни эътирозҳо нақл кард. Аксари қурбониён аз ақаллияти бахтиёрӣ будаанд.
Ӯ гуфт: «Ман ҳеч гоҳ фикр намекардам, ки онҳо метавонанд, кушторро ба ин ҳад расонанд. Ҳеч гоҳ фикр намекардам, ки касе метавонад, чунин корҳоро анҷом диҳад.»
Пас аз он ки эътирозҳо бо зӯр саркӯб шуданд, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Баҳористон комилан сӯхтанд ва сокинон маҷбур шудаанд, ки барои харидани маводи сӯхт ба ҷойҳои дигар ва дур бираванд.
Дар маҳаллаи Шоҳиншаҳри Исфаҳон як шоҳиди айнӣ тасвир кард, ки чӣ гуна нерӯҳои амниятии мусаллаҳ «пиру ҷавон, зану мардро ҳадаф қарор доданд ва ҳатто ба сӯи захмиён ва ҷасадҳо тир холӣ мекарданд».
Гурӯҳи ҳуқуқи башари HRANA, ки қароргоҳаш дар Амрико аст, мегӯяд, шумори тасдиқшудаи кушташудагон дар эътирозҳои Эрон ҳоло аз 4500 нафар гузаштааст ва беш аз 9000 мавриди дигар таҳқиқ мешавад. Гурӯҳҳои гуногуни ҳомии ҳуқуқ шумори кушташудагонро ба маротиб бештар медонанд, вале қатъи интернет тасдиқи мустақилонаи оморҳоро душвор кардааст.
Мисли бисёре аз сокинони дигар, як шоҳиди айнӣ ба оромгоҳи Боғи Ризвон, яке аз бузургтарин оромгоҳи шаҳри Исфаҳон 12 километр дуртар аз маркази шаҳр рафтааст, то ҷасади азизони худро шиносоӣ ва талаб кунад.
Ӯ ба Радиои Фардо гуфт: «Ҷасадҳо болои ҳам чида шуда буданд ва бисёре аз онҳо ба хун олуда буданд. Барои шиносоӣ, мо маҷбур шудем, ки ҷасадҳоро худамон як-як бардорем ва ба як тараф гузорем, то ҷасади зерро бубинем.»
Ин мусоҳиби Радиои Фардо афзуд, чеҳраҳои фавтидагон ваҳшатнок будаанд ва дар натиҷаи латукӯби шадид ва зарби тир то дараҷае тағйир ёфтаанд, ки шинохта намешуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни ҷасадҳои шиносоишуда дар оромгоҳ кӯдакони аз 10 то 16-сола низ буданд.
Ҳодисаҳои охир назари ин шоҳидони айниро ба ҳукумати исломии Эрон комилан тағйир додааст. Вақте Амрико ва Исроил дар моҳи июни соли 2025 ба Эрон ҳамла карданд, онҳо аз ин кор ҳамчун таҷовуз ба ватани худ сахт нороҳат будааст. Аммо ҳоло, ба Радиои Фардо гуфтанд, ки мардуми Эрон наметавонанд, ба танҳоӣ бо «авбошон»-и ҳукумат муқовимат кунанд. Ба гуфтаи мусоҳибон, эрониёни муқими хориҷ «наметавонанд фоҷиаеро, ки дар ҷараёни саркӯб ба сари мардуми Эрон омадааст, дарк кунанд».
Фазои пур аз тарс
Шоҳиди сеюм, ки дар Фӯлодшаҳр, шаҳраке дар канори атрофи Исфаҳон зиндагӣ мекунад, ба Радиои Фардо гуфт, ки тарс чунон зиёд аст, ки «ҳеч кас ҷуръат намекунад, пас аз соати се ё чаҳори нисфирӯзӣ ба хиёбон барояд, ҳатто барои харидани дору».
Пеш аз торикӣ, нерӯҳои амниятӣ бо либоси мулкӣ ва мусаллаҳ дар кӯчаҳо мегарданд ва шиори «Ҳайдар, Ҳайдар» шиор медиҳанд, ки нидои ҷангии шиаён аст, ки барои тарсонидани эътирозгарон истифода мешавад.
Саркӯб мардумро ба ҳадде тарсондааст, ки дигар ҷуръат намекунанд, ҳатто аз қатъи обу барқ ва ё боло рафтани нархи маҳсулоти хӯрокворӣ шикоят кунанд.
Ҳатто агар онҳо шикоят мекарданд ҳам, расонидани паёми онҳо ба ҷаҳони беруна душвор мебуд. Ба гуфтаи сокини Фӯлодшаҳр, мақомот ба ғайр аз қатъи интернет ва хадамоти телефонӣ, дар маҳаллаҳо гашта, мавҷгирҳои моҳвораиро низ ҷамъ карда гирифтаанд.
Яке аз мусоҳибони Радиои Фардо гуфт: «Онҳо мехоҳанд, ки мардум комилан дар инзиво бошанд, то битавонанд ҳар балое, ки мехоҳанд, ба сарашон биёранд.»