Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши Покистон дар баробари Эрон зери заррабин: Миёнҷӣ ё фурсатталаб?

Нашри гузорише аз ҳузури ҳавопаймоҳои Эрон дар яке аз пойгоҳҳои низомӣ дар Покистон бори дигар нақш ва нияти ин кишвар аз миёнҷигарӣ байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро зери суол бурдааст.

Шабакаи телевизионии CBS ҳафтаи гузашта ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ, ки ба номашон ишора накард, фош намуд, ки ҳавопаймоҳои низомии Эрон дар миёни ҷанг дар ин пойгоҳи низомӣ дар наздикии шаҳри Равилпиндӣ ҷобаҷо шуда буданд ва ба ин тартиб, Покистон амалан аз ин ҳавопаймоҳо дар баробари ҳамлаҳои Амрико муҳофизат кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон рӯзи 12 май бо нашри баёнияе гузориши CBS-ро "гумроҳкунанда ва шӯрангез" хонд, аммо асли гузориш, яъне ҳузури ҳавопаймоҳои Эрон дар пойгоҳи ҳавоии "Нурхон"-ро рад накард.

Дар ин баёнияи расмӣ омада буд, ки ҳавопаймоҳои Эрон "дар вақти оташбас" ба Покистон интиқол ёфтанд ва бо амалиёти низомӣ "ҳеч рабте надоранд".

ОЁ ПОКИСТОН МИЁНҶИИ ХУБЕ АСТ?

Аммо бо вуҷуди ин радди ҷониби Покистон, ҳамин гузориш, ки амалан бетарафии Исломобод ҳамчун миёнаравро зери суол мебурд, кофӣ буд, то иддае бори дигар ин суолро матраҳ кунанд, ки оё Покистон метавонад миёнҷии хубе дар ин низоъ бошад.

Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон зимни мулоқот дар Теҳрон.
Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон зимни мулоқот дар Теҳрон.

Дар ҳамин замина, Линдси Граҳам, сенатори ҷумҳурихоҳи наздик ба Доналд Трамп ва аз мухолифони сарсахти Ҷумҳурии исломӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "агар ин гузориш дуруст бошад, бояд нақши Покистон ҳамчун миёнҷӣ миёни Эрон ва Амрико ва дигар тарафҳо, комилан бозбинӣ шавад".

Ин вокуниш дар ҳоле аст, ки Кохи Сафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳанӯз ба ин гузориш вокуниши расмӣ нишон надодаанд.

Аммо гузориши CBS ба бахши дигаре ҳам доман зад, ки муддатҳост дар Вашингтон дар ҷараён аст: Оё Покистон метавонад ҳамзамон, ҳам робитаҳои амниятии наздик бо Амрико дошта бошад ва ҳам робитаҳои стратегии худ бо душманони Амрико, аз ҷумла, Эронро ҳифз кунад?

Покистон кишваре дорои силоҳи ҳастаӣ бо 250 миллион аҳолӣ, бо Эрон ва Афғонистон марзи муштарак дорад ва ҳамзамон бо Арабистони Саудӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва мазҳабӣ робитаҳои наздик ва таърихӣ дорад.

Аз сӯи дигар, Исломобод солҳост, ки барои таъмини ниёзҳои иқтисодӣ ва низомиаш ба Амрико такя мекунад, аммо дар солҳои ахир ба шарики стратегии Чин ҳам табдил шудааст.

ИТТИҲОМИ ПОКИСТОН БА "БОЗИИ ДУҶОНИБА"

Аммо ба унвони як муттаҳиди Амрико дар мубориза бо терроризм, ки узви НАТО ҳам нест, Исломобод солҳост, ки аз сӯи бархе мақомҳои амрикоӣ ба "бозии дуҷониба" муттаҳам мешавад. Иттиҳоме, ки Доналд Трамп ҳам худ ба Покистон задааст.

Дар соли 2018, Доналд Трамп Исломободро муттаҳам кард, ки ҳар сол миллиардҳо доллар аз Амрико мегирад ва дар айни ҳол барои ниманизомиёни Афғонистон "ҷойи амн" фароҳам мекунад.

Ӯ дар Твиттер навишт, "Амрико ба шакле аҳмақона дар 15 соли гузашта беш аз 33 миллиард доллар ба Покистон кӯмак кардааст ва дар муқобил, онҳо ҳеч ба мо надодаанд, ҷуз дурӯғ ва фиреб ва аҳмақ фикр кардани раҳбарони мо".

Шояд аз ҳамин рӯ буд, ки бо оғози давраи дувуми президентии Трамп, Покистон билофосила талоши худро барои наздик шудан ба раисҷумҳури Амрико оғоз кард.

Доналд Трамп бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва фармондеҳи артиши он кишвар Осим Мунир. 25 сентябр, 2025.
Доналд Трамп бо сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва фармондеҳи артиши он кишвар Осим Мунир. 25 сентябр, 2025.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, дар соли 2025 ибтидо аз кӯмаки Трамп ба барқарории оташбас миёни Ҳинд ва Покистон ситоиш кард ва сипас дар октябри ҳамон сол эълон намуд, ки ният дорад раисҷумҳури Амрикоро барои дарёфти Ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод кунад.

Доналд Трамп ҳам дар навбати худ аз Шаҳбоз Шариф ситоиш кард ва ҳам аз Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон. Ӯ ҳатто як бор Осим Мунирро "маршали маҳбубам" хитоб кард.

"ҚИМОРИ ХАТАРНОК"?

Сипас Амрико ва Исроил рӯзи 28 феврали имсол якҷо ба Эрон ҳамла карданд. Ин иқдом фурсати дигаре барои Исломобод фароҳам овард, то ин бор дар нақши миёнҷӣ вориди маърака шавад. Ҳаракате, ки метавонад "қимори хатарнок" бошад.

Зуҳо Васим ва Ёсир Қурайшӣ дар мақолае, ки барои "Муассисаи Карнеги барои сулҳи байнулмилалӣ" навиштаанд, мегӯянд, "иҷрои нақши миёнҷӣ он ҳам ба ин шакли барҷаста қиморе хатарнок аст ва ҳатто бо муваффақият дар он ҳам наметавон гуфт, ки Покистон ба чӣ подоше хоҳад расид".

Онҳо навиштаанд, "инки комёбӣ дар кори миёнҷигарӣ ба подоши иқтисодии давомдор дар қолаби қарз ё афзоиши сармоягузории хориҷӣ хатм шавад, суоле аст, ки ҳанӯз посухаш маълум нест".

Ба ҳар ҳол, Исломобод ҳам ин нигаронии машруъро дорад, ки даргирӣ ва бесуботӣ ба даруни марзҳояш сироят кунад ва ба иқтисоди ноустувораш осеб бизанад, ва ҳам ба гуфтаи мунтақидон ва таҳлилгарон, ба дунболи он аст, ки дар айни наздиктар шудан ба Трамп, нақши худро дар арсаи дипломатияи байнулмилалӣ мустаҳкам кунад.

Покистон ба унвони кишваре, ки то ҳамин охирҳо дар ҳошияи дипломатӣ қарор дошт, то ҳамин ҷойи кор ҳам тавонистааст бо созиши оташбасе, ки дар дақиқаи 90 миёни Амрико ва Эрон ба даст омад, як пирӯзии дипломатии бузург барои худ касб кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG