Саид Хатибзода, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 9 апрел гуфт, ки "эҳтимолан" Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумон (Маҷлиси Шӯрои Исломӣ), раҳбарии ҳайати эрониро ба ӯҳда бигирад.
Пештар Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Ҷеймс Дейвид Ванс, муовини президенти Амрико, субҳи шанбе дар Покистон музокира бо ҳукумати Эронро оғоз хоҳад кард.
Хабаргузории "Рейтерс" гузориш додааст, ки дар остонаи музокирот миёни Эрон ва Амрико, дар шаҳри Исломобод чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст ва ҳама роҳҳо то 3-километрии меҳмонхонаи "Serena", баста шудааст.
Бар асоси ин гузориш, интизор меравад, ки ҳайатҳои Эрон ва Амрико дар ин меҳмонхона иқомат дошта бошанд. Ин меҳмонхона ба ҳама меҳмонон эълон кардааст, то рӯзи якшанбе утоқҳои худро холӣ кунанд.
Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон рӯзи 9 апрел дар баёнияе эълон кард, ки тасмим барои оташбас ва музокира бо Амрикоро "пояҳои аслии низом" бо иттифоқи назар гирифтанд ва Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, низ онро таъйид кардааст.
Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, ин баёния дар ҳоле нашр шуд, ки гузоришҳое аз норизоятии бахше аз тарафдорони ҳукумати Эрон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудаст.
Пизишкиён дар баёнияи худ хостори "ҳифзи иттиҳод" зери раҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ шуд. Ӯ ҳамчунин иддао кард, ки Ҷумҳурии исломӣ бо миллатҳои минтақа "дар ҷанг" нест ва ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодӣ ба ин кишварҳо, "посухи қотеъ"-и Эрон ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил буд.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28 феврал, Эрон ба Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои ҳавоии Амрико ҳастанд, ҳамлаҳо кард.
Аммо мақомот дар ин кишварҳо мегӯянд, ки Эрон минтақаҳои ғайринизомӣ ва зерсохтҳои иқтисодии ин кишварҳоро ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол, садри аъзами Олмон рӯзи панҷшанбе гуфт, ки кишвараш пас аз барқарории як оташбаси "шикананда" миёни Эрон ва Амрико, ки метавонад ба музокироти сулҳ сабаб шавад, дар ҳоли оғози гуфтугӯ бо Эрон аст.
Фридрих Мертз ба хабарнигорон гуфт, ки ин иқдом "дар ҳамоҳангӣ бо Амрико ва шарикони аврупоии мо" анҷом мешавад. Мертс ҳамчунин гуфт, ки идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон метавонад музокироти сулҳ миёни Эрон ва Амрикоро ба хатар андозад.
Гуфтугӯ