Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон оташбаси муваққатиро рад кард ва хостори поёни доимии ҷанг шуд

Ба гузориши расонаҳои дохилии Эрон, ин кишвар рӯзи душанбе пешниҳоди иборат аз даҳ банд барои поён додан ба ҷанг бо Амрико ва Исроилро ироа кардааст. Ин тарҳ аз сӯи Покистон, ки миёнаравӣ аслӣ дар ин даргирӣ будааст, интиқол шудааст.

Ба навиштаи ИРНА -- хабаргузории давлатии Эрон, бар асоси ин посух, Ҷумҳурии исломӣ оташбаси муваққатиро рад карда, дар иваз хостори поёни доимии ҷанг шудааст.

Маҳдӣ Муҳамадӣ, мушовири раиси порлумони Эрон дар умури стратегӣ дар паёме дар шабакаи Х гуфт, ки Ҷумҳурии исломӣ танҳо поёнеро барои ҷанг мепазирад, ки мунҷар ба назми амниятии нав дар минтақа шавад.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" менависад, аз эҳтимол дур аст, ки ин пешниҳод битавонад гиреҳи масъалаҳои аслиро пеш аз зарбулаҷали Доналд Трамп барои оғози ҳамлаҳои нав боз кунад. Ин зарбулаҷал имруз ба поён мерасад.

Ду мақоми баландпояи эронӣ, ки бинобар ҳассосияти музокирот хостанд номашон фош нашавад, ба "Ню-Йорк Таймз" гуфтаанд, ки ин пешниҳод шомили замонатҳо барои дигар ҳамла накардан ба Эрон, поён ёфтани ҳамлаҳои Исроил ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ва лағви ҳамаи таҳримҳо аст.

Ба навиштаи "Ню-Йорк Таймз", дар муқобил Эрон муҳосираи амалии масири калидии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмузро бармедорад.

Ҳамчунин Эрон барои ҳар киштӣ молиёт ё андоз дар ҳудуди 2 миллион доллар ҷорӣ хоҳад кард ва онро бо кишвари Умон, ки дар тарафи дигари тангаи Ҳурмуз қарор дорад, тақсим мекунад.

Тибқи ин тарҳ, Эрон ба ҷойи дархости товони мустақим, саҳми худ аз ин даромадҳоро харҷи бозсозии зерсохтҳое хоҳад кард, ки дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил вайрон шудаанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи 6 апрел дар посух ба пурсише дар бораи ин пешниҳод гуфт, "ин пешниҳод дархури таваҷҷуҳ ва гоме баланд аст". Ӯ афзуд, "ҳанӯз кофӣ нест, аммо қадами бисёр муҳим ба шумор меравад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG