Ҳукумати Тоҷикистон аз созиши оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон истиқбол карда, гуфтааст, ки умедвор аст, музокироти эҳтимолӣ байни ду тараф ба сулҳи пойдор бирасонад. Доналд Трамп, президенти ИМА, рӯзи 8-уми апрел эълон кард, ки бо миёнаравии Покистон бо Эрон ба созиши оташбаси дуҳафтаина расидаанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон созишҳоро вобаста ба оташбас, ки байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба даст омадаанд, бо хушнудӣ истиқбол менамояд.”
Дар баёния изҳори умедворӣ шудааст, ки “музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд.”
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ҳукумати кишвар боварӣ дорад, ки “ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд.”
Дар идомаи баёния аз тарафҳои даргир даъват шудааст, ки аз истифодаи нерӯи низомӣ даст кашида ва роҳи дипломатияро пеш бигиранд ва бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва ойинномаи Созмони Милал амал кунанд.
Пештар аз ин баёния, Эрон ва Амрико бар сари оташбаси дуҳафтаӣ дар ҷанг ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз созиш карданд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, дар пайи гуфтугӯ бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар, ба оташбаси ду ҳафтаӣ дар ҷанг бо Эрон, мувофиқат кардааст.
Ӯ гуфт, ба он шарт бо ин оташбас розӣ шудааст, ки Эрон бо "бозкушоии комил, фаврӣ ва амн"-и тангаи Ҳурмуз мувофиқат кунад ва афзуд, ин иқдом дар қолаби як "оташбаси дуҷониба" анҷом хоҳад шуд.
Трамп таъкид кардааст, ки Амрико "ба ҳама ҳадафҳои низомии худ даст ёфтааст" ва акнун замина барои даст ёфтан ба созиши сулҳи дарозмуддат бо Эрон фароҳам шудааст.
Трамп ҳамчунин аз дарёфти як пешниҳоди иборат аз 10 банд аз сӯи Эрон хабар дод ва гуфт, ин пешниҳод метавонад асосе барои музокирот бошад.
Президенти Амрико ин таҳаввулро гоме муҳим дар масири ҳаллу фасли яке аз бӯҳронҳои қадим ва даст ёфтан ба сулҳ дар Ховари Миёна хондааст.
Эълони оташбас ба муддати ду ҳафта дар ҷанги Эрону Амрико пас аз он садо дод, ки Трамп ҳушдор дода буд, ки нерӯгоҳҳо ва пулҳои Эронро ҳадаф қарор медиҳанд.