Раисҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар бораи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, "мо тайи ду то се ҳафтаи оянда зарбаҳои бисёр сахте ба онҳо ворид хоҳем кард. Мо онҳоро ба даврони асри санг боз мегардонем, яъне ҳамон ҷойе, ки ба он тааллуқ доранд". Вай афзуд, ки нерӯҳои амрикоӣ "бисёр зуд" ба ҳамаи ҳадафҳои худ дар майдони ҷанг даст хоҳанд ёфт.
Раисҷумҳури Амрико дар идома гуфт, ки "ҳадафи Эрон ин буд, ки он қадар мушак тавлид кунад, ки ҳеч кас ҷуръати ҳамла ба онҳоро надошта бошад ва сипас ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад".
Трамп иддао кард, ки эрониҳо ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик шуда буданд. Вай гуфт, "дар якқадамии аз байн бурдани ин таҳдид алайҳи Амрико ва ҷаҳон ҳастем".
Ӯ дар мавриди ин ҷанг гуфт, ки "ин як сармоягузорӣ буд барои фарзандон ва ояндагони мо". Трамп афзуд, "имшаб хурсандам эълон кунам, ки ин ҳадафҳои стратегии калидӣ ба марҳилаи поёнии худ наздик мешаванд".
Трамп изҳор дошт, ки Амрико нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Эронро нобуд карда, барномаи мушаки баллистикӣ ва ҳастаии Ҷумҳурии исломиро аз кор андохтааст.
Ӯ ҳамчунин гуфт, зерсохтҳо ва корхонаҳои низомии Эрон дар ҷараёни ҳамлаҳо "ба шиддат осеб дида ва тика-тика шудаанд".
Трамп ба нигарониҳо дар кишвараш дар бораи афзоиши қимати маводи сӯхт ишора кард ва гуфт, ки нархҳо дубора коҳиш хоҳанд ёфт.
Ӯ афзуд, бисёре аз амрикоиҳо аз дидани афзоиши ахири қимати бензин дар дохили кишвар нигарон шудаанд ва ин афзоиши кӯтоҳмуддат натиҷаи ҳамлаҳои Эрон ба нафткашҳои тиҷории кишварҳои ҳамсоя аст, ки ҳеч рабте бо ин даргириҳо надоранд.
Трамп ба таври мустақим дар бораи НАТО суҳбат накард, ҳарчанд пештар дар ҳамон рӯз дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфта буд, ки аз пуштибонӣ накардани ин паймон аз Амрико дар ҷанг бо Эрон, нохушнуд аст.
Раисҷумуҳри Амрико дар ин суханронии худ эълон кард, ки ИМА иҷоза нахоҳад дод муттаҳидони араби ҳавзаи Халиҷи Форс ва Исроил бинобар ҷанг бо Эрон "осеб бубинанд ё шикаст бихӯранд".
Трамп дар ин суханронӣ мушаххас нагуфт, ки ин ҷанг кай тамом мешавад. Аммо ӯ гуфт, ки агар лозим шавад, Амрико ба ҳадафҳои нафтӣ ва энержии Эрон ҳамлаҳоро оғоз хоҳад кард.
Ба навиштаи хабаргузории "Франс пресс", қимати нафт рӯзи панҷшанбе пас аз суханронии Доналд Трамп, боло рафт, зеро ин суханон натавонист нигаронии сармоядорон дар бораи баста шудани тангаи муҳим ва стратегии Ҳумрузро аз байн барад.
Раисҷумҳури Амрико дар ин суханронӣ аз дигар кишварҳо хост барои бозкушоии ин оброҳа кӯмак кунанд.
Гуфтугӯ