Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интизори музокироти ИМА ва Эрон. Трамп ва Қолибоф ихтилоф доранд

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва Доналд Трамп, президенти ИМА
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони Эрон ва Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки агар мақомоти Ҷумҳури Исломии Эрон аз сохтани силоҳи ҳастаӣ даст кашанд, “метавонанд занг зананд”, вагарна “ҳеч далеле барои музокирот вуҷуд надорад”.

Аз ин пеш, рӯзи 22-юми апрел, Доналд Трамп гуфта буд, ки бо дархости мақомҳои Покистон, мӯҳлати оташбас бо Эронро то замони ироаи пешниҳодҳои Теҳрон, дароз кардааст.

Ҳанӯз ҳеч нишоне аз гуфтугӯ миёни ду кишвар дида намешавад.

Президенти ИМА рӯзи 26-уми апрел дар суҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, ки агар эрониҳо хоҳиши суҳбат дошта бошанд, “назди мо биёянд ё ба мо занг зананд.” Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Эрон хуб медонанд, ки сари чӣ бояд созиш кард. “Ин хеле оддӣ аст: онҳо набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд; дар ғайри ин сурат, ҳеҷ далеле барои мулоқот нест”, — изҳор дошт Трамп.

Теҳрон ҳамеша исрор варзидааст, ки барномаи ҳастаияш комилан барои аҳдофи мулкист, ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида ва Исроил Эронро ба талоши пинҳонӣ барои сохтани силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд.

Трамп талаб кардааст, ки Теҳрон барномаи ғанисозии уранро, ки метавонад барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шавад, қатъ кунад ва захираҳои онро ба Амрико диҳад. Талабе, ки Эрон гуфтааст, ҳаргиз иҷро нахоҳад кард.

Қолибоф ҳушдор дод

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони Эрон, ки рӯзҳои 11-12-уми апрел раҳбари ҳайати музокиракунанда бо ИМА дар Покистон буд, гуфтааст, кишвараш "кортҳои дигаре" дар даст дорад.

Ӯ дар саҳифааш дар шабакаи X ҳушдор додааст, ки Эрон ҳанӯз ҳама “кортҳо”-и худ, аз ҷумла бастани оброҳаи Бобилмандаб, як гузаргоҳи муҳими дигар дар минтақаро, истифода накардааст.

Бобилмандаб чанд бор аз ҷониби Ҳусиҳо, гурӯҳи мусаллаҳ дар Яман, баста шуда буд. Ҳусиҳо аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд ва имкон дорад, ки бо дастури Теҳрон киштиронӣ дар ин гузаргоҳи муҳимро халалдор кунанд.

Қолибоф пештар гуфта буд, ки “мо музокиротро дар зери сояи таҳдидҳо қабул намекунем”.

Ҳоло гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки 20 дар сади нафти ҷаҳон аз кишварҳои минтақа тариқи он интиқол меёбад, баста аст.

Эрон ин гузаргоҳро пас аз оғози ҳамлаи ИМА ва Исроил баста буд, вале киштиҳои худаш озодона аз он мегузаштанд. Ҳоло ИМА ба киштиҳои Эрон ҳам иҷозаи убур намедиҳад. Ба навиштаи расонаҳо, Эрон гуфтааст, дар сурате бо ИМА музокира хоҳад, ки роҳи киштиҳояш боз шаванд.

Стармер ва Трамп аз зарурати боз кардани Ҳурмуз гуфтанд

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ва Доналд Трамп, президенти ИМА дар як тамоси телефонӣ рӯзи 26-уми апрел зарурати боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмузро баррасӣ намуданд.

Дар хабарномаи дафтари нахуствазири Бритониён гуфта шудааст, ки ҷонибҳо паёмадҳои сахти баста будани Ҳурмуз ба иқтисоди ҷаҳонро муҳокима карда, ба "зарурати фаврии барқарор кардани ҳаракати киштиронӣ" дар ин гулӯгоҳ таъкид кардаанд.

Дар изҳороти расмӣ аз ибораҳои шабеҳ истифода шуда, ба "аҳамияти боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз барои поён додан ба халалдоршавии киштиронии ҷаҳонӣ, ки боиси боло рафтани нархҳо дар саросари ҷаҳон мегардад", таъкид шудааст.

Бритониё ва Фаронса пештар эълон карда буданд, ки роҳҳоеро барои амнияти киштиронӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ҷустуҷӯ доранд.

ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд. Ин ҷанг, ки беш аз як моҳ давом кард, Ховари Миёнаро фаро гирифт ва боиси кушта шудани садҳо нафар шуд. Ҳоло ИМА ба хотири расидан ба созиш бо Эрон оташбас эълон кардааст, вале ҳанӯз нишонаҳое аз расидан ба созиш миёни ду кишвар дида намешавад.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG