Дар ҳоле, ки талошҳои дипломатӣ барои дастрасӣ ба тангаи Ҳурмуз бо душворӣ рӯбарӯ аст ва танишҳо миёни Амрико ва Эрон идома дорад ва тиҷорати кишварҳои Авруосиё ба таври чашмрас ба масирҳои алтернативии заминӣ рӯ овардааст, аҳамияти Масири байнулмилалии нақлиётии Трансп-Хазар, ки бо номи "Даҳлези Миёна" ҳам шинохта мешавад, ҳамчун як масири калидии боркашонии Авруосиё дар ҳоли барҷаста шудан аст.
"Даҳлези Миёна", ки расман "Масири байнулмилалии нақлиётии Транс Хазар" номида мешавад, як масири тиҷорӣ ва боркашонии ба суръат дар ҳол рушд аст, ки Осиё ва Аврупоро аз тариқи Авруосиё бо ҳам мепайвандад. Ин масир аз Чин оғоз шуда, бо убур аз Осиёи Марказӣ, Баҳри Хазар (Каспий), Қафқоз ва Туркия ба Аврупо меанҷомад.
Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2023 "Даҳлези Миёна"-ро ҳамчуни масире дорои аҳамияти стратегӣ, вале бо маҳдудиятҳо хонда буд. Дар ҳоле, ки тағйироти геополитикии минтақаӣ, ки то ҳадде аз ҷанги Русия ва Украина сарчашма мегирад, тақозоҳо барои масирҳои ҷойгузинро афзоиш додаааст, Бонки Ҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки пойдории дарозмуддати "Даҳлези Миёна" ниёзманд ба сармоягузориҳои ҳамоҳанг, рафъи мушкилоти зербиноӣ, беҳбуди равандҳои гумрукӣ ва боркашонии фаромарзӣ аст.
Барои аз байн бурдани ин монеаҳо, Бонки Ҷаҳонӣ ва шарикони онҳо дар 14-15 апрели соли ҷорӣ, 3,3 миллиард доллар барои тақвияти ҳалқаҳои калидии нотамом дар дарозои "Даҳлези Миёна" ваъда доданд, ки аз ҷумла, 1,9 миллиард доллари он барои тарҳи роҳи оҳани шимоли Истанбул дар Туркия ва 1,4 миллиард доллар ҳам барои бозсозии кори шоҳроҳи Қарағанда-Жезказгар, ҷудо карда шудааст.
Ҷавдат Юлмаз, муовини раисҷумҳури Туркия дар нишасте дар шаҳри Остона дар мавриди аҳамияти ин сармоягузориҳо гуфт, "даҳлези шимолӣ (аз тариқи Русия) бинобар танишҳои геополитикӣ ғайри қобили пешбинӣ шудааст. Ин вазъият боис шудааст, ки "Даҳлези Миёна" на як ҷойгузин, балки як интихоби маҷбурӣ бошад".
Досим Саптаев, раиси "Гурӯҳи арзёбии хатар" дар шаҳри Алмато, ниҳоди мустақиле, ки хатарҳои сиёсӣ, фасод ва равандҳои сиёсати хориҷӣ дар минтақаро таҳлил ва арзёбӣ мекунад, мегӯяд, ки ҷанги Русия дар Украина ва таҳримҳои бархоста аз он, вобастагиҳои ҷаҳонӣ ба гузаргоҳҳои ҷаҳонӣ монанди тангаи Ҳурмузро бештар сохтааст. Аммо бӯҳрони кунунӣ метавонад паёмадҳои дарозмуддат барои тиҷорати ҷаҳонӣ дошта бошад.
Саптаев гуфт, "ҳатто агар тангаи Ҳурмуз дубора ҳам боз шавад, ба бовари ман он ҳамчун як масири пойдори боркашонӣ барои солҳо, агар на ба таври доимӣ, осеб дидааст".
Досим Саптаев меафзояд, ки дар ҳоли ҳозир номуайянӣ ба нархгузории ҷаҳонӣ ва шеваҳои тиҷорат таъсир гузошта, ба эҳтимоли зиёд "ҳаққи бимаи хатар" дар қиматҳои нафт ва нуриҳои нитроген илова карда мешавад.
"Ҳудуди 25 то 35 дарсади нуриҳои нитрогез дар ҷаҳон аз тангаи Ҳурмуз мегузарад. Ин амр ба таври ногузир дар қиматҳои ниҳоӣ инъикос хоҳад ёфт. Бинобар ин, сарфи назар аз чигунагии тағйирёбии вазъ, бисёре аз кишварҳо дунболи диверсификатсия ё гуногунии масирҳои боркашонӣ хоҳанд буд. Ба эҳтимоли зиёд ин бесуботӣ барои муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт, ки ба маънои боло мондани сатҳи хатарҳо аст ва ин барои тиҷорат бад аст, зеро тиҷорат ба пешбинӣ ниёз дорад".
МИНТАҚА ДАР МИЁНИ ОШӮБҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ
Досим Саптаев, раиси "Гурӯҳи арзёбии хатар" дар шаҳри Алмато мегӯяд, "яке аз сабабҳои муҳими ҷаззобияти рӯ ба рушди "Даҳлези Миёна" суботи нисбии минтақаҳое аст, ки ин масир аз он мегузарад, ки бо вуҷуди даргириҳои тарафҳо, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз "дар шароити ҳарҷу марҷи геополитикӣ, суботи худро нишон додаанд".
Саптаев меафзояд, "ин мавзӯъ алоқа ба ин минтақаро ҳамчун як бистар ё платформа барои тарҳҳои нақлиётӣ ва боркашонӣ афзоиш дода, дар натиҷа, ҷойгоҳи минтақа дар сатҳи ҷаҳониро боло бурдааст".
Ӯ мегӯяд, ки "Даҳлези Миёна" барои ҳама, ба ҷуз Русия, муносиб аст.
"Мо мебинем, ки бозигарони геополитикӣ талош доранд, ки мавқеияти худро дар минтақа, ба вижа дар ҳавзаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ-боркашонӣ, тақвият кунанд. Чин ва Иттиҳоди Аврупо ба таври хос фаъол ҳастанд".
Саптаев афзуд, "нишасти Самарқанд дар соли гузашта, алоқаи Иттиҳоди Аврупоро ба тавсеаи "Даҳлези Миёна" аз ҷумла, сармоягузорӣ дар марказҳои нақлиётии атрофи Баҳри Хазар, нишон дод. Амрико низ алоқаманд аст, зеро ба дунболи дастрасӣ ба маводи муҳим ва металҳои нодир дар Осиёи Миёна аст".
Бо ин ҳол, шуморе аз таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки "Даҳлези Миёна" ҳанӯз ба таври комил тавони ҷойгузинии масирҳои тиҷоратии мавҷуд, ба вижаи масири заминии шимолӣ аз тариқи Русияро надорад.
Темур Умаров, таҳлилгари Осиёи Миёна дар Бунёди Карнеги мегӯяд, "Даҳлези Миёна" ҳарчанд ҷолиб ва баландпарвозона ба назар мерасад, аммо ҳанӯз ба сатҳе аз рушд нарасидааст, ки битавонад ҷойгузини ҷараёни интиқол аз тариқи Русия шавад. Мушкил дар камбуди таваҷҷуҳ ба "Даҳлези Миёна" нест, балки ин воқеияти одӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир аз назари техникӣ мумкин нест, ки ҳама ҷараёнҳои интиқоли колоҳо ва манбаъҳои энержӣ ба ин масир мунтақил шавад".
Умаров меафзояд, ки ин маҳдудияти сохторӣ танҳо марбут ба камбуди зербиноҳо нест, балки ба замон ва миқёс низ иртибот дорад. "Аз диди амалӣ, ҳанӯз бисёр зуд аст, ки интизор дошта бошем, "Даҳлези Миёна" битавонад ҳама ҳаҷми тиҷоратро ҷазб кунад. Ин амр ба сармоягузории давомдор, ҳамоҳангӣ миёни чандин кишвар ва солҳо тавсеа ниёз дорад, то битавонад дар ҳаҷми масирҳои муқарраршудаи шимолӣ, амал кунад".
АҲАМИЯТИ "ДАҲЛЕЗИ МИЁНА" БАРОИ ҚАЗОҚИСТОН
Аҳамияти тарҳи шоҳроҳи "Даҳлези Миёна"-и мавриди ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ, барои Қазоқистон фаротар аз таъмини молии як зербино аст. Ин тарҳ нишондиҳандаи нақши рӯ ба рушди Қазоқистон ба ҳайси як маркази муҳими транзитӣ дар ояндаи дар ҳоли таҳаввули боркашонии Авруосиё аст.
Досим Саптаев, раиси "Гурӯҳи арзёбии хатар" дар шаҳри Алмато мегӯяд, агар ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ битавонанд ин равандро ба таври муассир идора кунанд, сармоягузорӣ дар "Даҳлези Миёна" метавонад ба манфиатҳои воқеии мардуми оддии минтақа табдил ёбад".
"Зербиноҳо монанди хатҳои роҳи оҳан ва шоҳроҳҳо, ба вижа бо таваҷҷуҳ ба паҳновар будани Қазоқистон, метавонад бархе минтақҳои алоҳидаеро, ки аз назари иқтисодӣ рӯ ба таназзул ниҳодаанд, эҳё кунад".
Саптаев афзуд, ки ин зарфиятҳо худ ба худ амалӣ намешаванд ва ба чигунагии мудирият ва татбиқи он вобаста аст.
Агар ин тарҳҳо зери назорати сармоягузорон ва ниҳодҳои байнулмилалии таъминкунандаи молӣ амалӣ шаванд, умед аст, ки то ҳадде ба беҳбуди сатҳи зиндагии шаҳрвандони кишварҳои мо низ кӯмак кунад".
"Даҳлези Миёна", ки ба таври расмӣ "Масири байнулмилалии нақлиётии Транс Хазар" ном дорад, дар соли 2014 аз сӯи Қазоқистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон таъсис дода шуд, то Чин ва Аврупоро аз тариқи Осиёи Марказӣ, Баҳри Хазар, Қафқози Ҷанубӣ ва сипас Туркия, бо ҳам пайвандад. Ин масир дар муқоиса бо масирҳои шимолии таҳти раҳбарии Русия, аз солҳо ба ин тараф дар дараҷаи дувум қарор дорад.
"Даҳлези Миёна" тавассути маҷмуае аз ниҳодҳои молӣ, монанди Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, инчунин Иттиҳоди Аврупо ва сармоягузориҳои давлатӣ аз сӯи Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия ҳимоят мешавад ва Чин аз тариқи ибтикори "Як камарбанд, як роҳ" нақши муҳимро дар тиҷорат иҷро мекунад.
Гуфтугӯ