Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ду киштии хориҷиро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз боздошт кард

Киштиҳои борбар дар соҳилҳои Ҳурмуз. Акс аз бойгонӣ
Киштиҳои борбар дар соҳилҳои Ҳурмуз. Акс аз бойгонӣ

Низомиёни Эрон рӯзи чоршанбеи 22-юми апрел ду киштиро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз боздошт кардаанд. Оброҳаи Ҳурмузро Эрон аз охири моҳи феврал пас аз ҳамлаи ИМА ва Исроил ба рӯи киштиҳои хориҷӣ баста буд, вале киштиҳои худаш озод ҳаракат мекарданд.

Ҳоло ИМА иҷоза намедиҳад, ки киштиҳои Эрон низ аз Ҳурмуз гузаранд.

Доналд Трамп ба хотири гуфтугӯ ва созиш бо Эрон оташбасро ба мӯҳлати номуайян дароз кард, вале ҳанӯз ҳеч нишонаи ҷиддие аз музокира дида намешавад, ки қарор буд, дар Покистон баргузор шавад.

Эрон ду киштиии борбарро дар гулӯгоҳи Ҳурмуз боздошт кард. Ин амал пас аз он сурат гирифт, ки рӯзе пеш, Доналд Трамп, президенти Амрико бе нишонае аз оғози музокирот, мӯҳлати оташбасро дароз кард.

Хабаргузории “Тасним”-и Эрон навиштааст, ки ду киштии борбар бо ҷурми нақзи қоидаҳои дарёӣ боздошт шудаанд. Хабарнигори телевизиони давлатии Эрон гуфт:

“Бар асоси изҳороти Сипоҳи пасдорон, ин киштиҳо бо ҳадафи бозрасии бор ва ҳуҷҷатҳо ба обҳои ҳудудии Ҷумҳурии Исломии Эрон интиқол дода шудаанд”.

Пас аз оғози ҷанг бори аввал аст, ки Эрон ду киштиро боздошту мусодира мекунад.

Ҳеч нишоне аз гуфтугӯи ИМА ва Эрон дар Покистон дида намешавад. Рӯзи сешанбе Доналд Трам гуфта буд, ки бо дархости Покистон аз идомаи ҳамла ба Эрон худдорӣ кардааст, то бо раҳбарони Эрон гуфтугӯ карда, ба як созиши ягона даст ёбанд.

Ҳамчунин Трамп афзуд, ки оброҳаи Ҳурмузро барои киштиҳои Эрон баста нигаҳ медорад. Мақомоти Эрон инро ҷангталабӣ номиданд.

Хабаргузории нимарасмии “Тасним” навиштааст, ки Эрон дархости оташбас накардааст ва таҳдиди мақомоти Эронро такрор кард, ки барои шикастани муҳосира аз нерӯ истифода хоҳанд кард.

Дар ин шароит Эрон бо баргузории як ҳамоиш шоми рӯзи сешанбе дар Теҳрон мушакҳои балистикии худро ба намоиш гузошт.

Ҳангоми боло шудани мушак садҳо нафар дар хиёбон парчамҳои Ҷумҳурии исломиро алвонҷ медоданд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG