Соатҳои субҳи зуди 25-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ ба Исломобод расид ва дар саҳифааш дар шабакаи Х навишт, ки ба пойтахти Покистон бо як “сафари саривақтӣ” ба хотири ҳамоҳангии “масоили дуҷониба” бо мақомоти Покистон пеш аз парвоз ба Уммону Русия рафтааст.
Ароқчӣ, ки як ҳайатро раҳбарӣ мекунад, аз ҷумла, навишт: “Ҳамсояҳо дар авлавияти мо қарор доранд”. Раиси Маҷлиси Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф, ки рӯзҳои 11-12 апрел дар садри даври аввали музокирот бо ИМА дар Покистон буд, ба Исломобод парвоз накардааст.
Сухангӯи вазири корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ дар изҳороте дар шабакаи Х навишт: “Ҳеҷ мулоқоте миёни Эрону Амрико ба нақша гирифта нашудааст” ва афзуд, ки мавзеи Теҳрон на ба музокиракунандаҳои амрикоӣ ба таври мустақим, балки “ба Покистон мунтақил хоҳад шуд”.
Пойгоҳи давлатии эронии IRIB рӯзи 25 апрел гуфт, Ароқчӣ бо маршал Осим Мунир дидор ва ба ӯ посухи Эронро ба пешниҳоди ИМА оид ба созиши сулҳ мерасонад. IRIB бидуни ҷузъиёт навишт, ки он “ҳамаҷониба буда тамоми хостаҳои Эронро дар бар мегирад”.
Уиткофф ва Кушнер ба Покистон равонаанд
Дар Вашингтон дигар чиз мегӯянд. Сухангӯи Кохи Сафед Каролин Левитт тасдиқ кард, ки фиристодаи вижаи президент Стив Уиткофф ва домоди Доналд Трамп Ҷаред Кушнер рӯзи 25 апрел ба Исломобод мераванд, то ба гуфтаи ӯ, бо ҳайати Эрон “дар музокироти мустақиме бо миёнҷигии Покистон” иштирок кунанд.
Левитт гуфт, ки маъмурият «пешрафти муайянеро аз ҷониби Эрон дар давоми чанд рӯзи гузашта мушоҳида кардааст”. Муовини президент Ҷей Ди Венс, ки раҳбари ҳайати аввалини музокиротӣ бо Эрон буд, рӯзҳои истироҳат ба Исломобод сафар намекунад, вале омода хоҳад буд, ки ин парвозро анҷом диҳад. Левитт таъкид кард, ки “агар зарур буд, ҳар як нафар барои парвоз ба Покистон омода ҳастанд”.
Эрон шарт гузоштааст, ки танҳо дар сурати бекор кардани муҳосираи бандарҳояш аз ҷониби нирӯҳои баҳрии ИМА сари мизи гуфтушунид бармегардад, вале то ҳол ин талаботро Трамп рад кардааст. Теҳрон инчунин тамдиди якҷонибаи оташбаси Трампро то замони пойбарҷо будани муҳосира чун “бефоида” пазируфтан намехоҳад.
Танишҳо дар гулӯгоҳи Ҳурмуз давоми рӯзҳои ахир тундтар шудааст. Баъди ҳабси як киштии эронӣ аз ҷониби амрикоиҳо, Эрон ду киштиро ғасб карда ба сӯи сеюмаш оташ кушод.
Гуфтугӯ