Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Эрон барои оғози гуфтугӯҳои сулҳ дар Исломобод

Муҳаммадбоқир Қолибоф
Муҳаммадбоқир Қолибоф

Раиси порлумони Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф гуфт, қабл аз оғози гуфтугӯҳои сулҳ бо Амрико, бояд ду шарти асосии онҳо иҷро шавад. Вай рӯзи 10-уми апрел дар шабакаи иҷтимоии Х эълом кард, ки пеш аз нишастан сари мизи музокирот бояд ҳамла ба Лубнон қатъ ва дороиҳои масдудшуда ё бандмондаи Эрон озод карда шаванд.

Ба иддаои Қолибоф ин шартҳо аз сӯйи ду ҷониб мувофиқа шуда буданд. Вай ҳамзамон ҳушдор дод то замоне, ки ин шартҳо иҷро нашаванд, музокирот оғоз нахоҳад шуд. Қолибоф дар ин бора ҷузъиёт надодааст.

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ҳам ба зарурати оташбас дар Лубнон таъкид кард. Қолибоф ва Ароқчӣ ҳарду шомили ҳайати Эрон барои гуфтугӯ бо Амрико ҳастанд. Бо вуҷуди эълони шартҳои худ барои ширкат дар ин музокирот Эрон як ҳайати иборат аз 70 нафарро ба Покистон фиристодааст.

Қарор аст музокироти ИМА ва Эрон 11-уми апрел дар пойтахти Покистон баргузор шавад. Ҳайати Амрикоро дар ин гуфтугӯҳо Ҷей Дӣ Вэнс, муовини Доналд Трамп раҳбарӣ хоҳад кард. Ӯ аллакай вориди Исломобод шудааст. Дар ин сафари муҳим ӯро як гурӯҳ аз мақомдорони баландпоя ва фиристодаҳои вижаи президент, Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар остонаи оғози гуфтугӯҳо дар Исломобод, дар ҳузури хабарнигорон гуфт, интизори пешрафт дар музокирот аст. Вай гуфт, “бо ё бидуни ҳамкории Эрон” гулӯгоҳи Ҳурмуз “ба зудӣ” боз хоҳад шуд. Раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки иҷоза нахоҳад дод Эрон назорати гулӯгоҳи Ҳурмузро ба даст гирифта, аз киштиҳо "боҷ" ситонад.

Бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз яке аз бахшҳои муҳим ва аслии музокироти ҷонибҳодар Исломобод хоҳад буд.

Бо ин ҳама, дурнамои дастёбӣ ба як сулҳи пойдор ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад. Фишорҳои мутақобилаи ҷонибҳо, авзои печидаи даргириҳои минтақавӣ ва ихтилофҳои бунёдӣ бар сари шартҳои аслӣ барои расидан ба сулҳ, ин равандро боз ҳам мушкилтар мекунад.

Дар зимн, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломӣ даъват кард, ки барои дастёбӣ ба як тавофуқи пойдор ва поён додан ба ҷанг ҷиддан талош кунанд.

Стефан Дуярик, сухангӯи Созмони Милал, аз қавли Антонио Гутерриш гуфт: “Ду тараф бояд аз музокирот дар Покистон ҳамчун фурсати хубе барои дастёбӣ ба як созиши фарогир барои коҳиши танишҳо ва пешгирӣ аз сар задани дубораи хушунатҳо истифода баранд”.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG