Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони мусаллаҳи "Толибон" дар Афғонистон "ҷон" гирифтаанд?


Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Тибқи як гузориши Созмони Милал, ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди "Толибон" дар Афғонистон афзудааст.

Гузоришро UNAMA, Дафтари Созмони Милал дар мавриди ёрӣ ба Афғонистон, рӯзи 21-уми июн нашр кард.

Онро барои баррасӣ ба Шӯрои Амният ҳам фиристодаанд.

Муаллифон аз ҳамлаҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ ва Ҷабҳаи Озодии Афғонистон ёд оварда, аммо навиштаанд, ки мухолифони мусаллаҳ ба кори “Толибон” чолиши ҷиддӣ эҷод накарданд.

Дар ҳамин гузориш ба танишҳои дохилии “давомдор” миёни раҳбарони феълии Афғонистон ҳам ишора шудааст.

Гурӯҳи “Толибон”, ки ҳанӯз дар аксар кишварҳои дунё тундраву террористӣ аст, дар тобистони соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Дар ин муддат ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохт.

Созмону кишварҳои ҷаҳон ҳокимони Афғонистонро ба нодида гирифтани ҳуқуқи занону духтарон барои кору таҳсил ва озодии баён танқид карда, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ҳастанд. Чизе, ки “Толибон” то ҳол напазируфтаанд.

XS
SM
MD
LG