Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи қатли Моҳира Ятимова ба додгоҳи Душанбе ирсол шуд. ВИДЕО


Додситонии шаҳри Душанбе таҳқиқи парвандаи Бобоҷон Ширинзодаро бо иттиҳоми куштори ҳамсари собиқаш ба поён расонда, ба Додгоҳи пойтахт фиристодааст. Бобоҷон Ширинзода дар қатли Моҳира Ятимова, ҳамсари 33-солааш муттаҳам аст.

Ҳодиса 6-уми июн рух дод. Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаш Моҳира Ятимоваро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ кушт.

Як манбаъ дар Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин парванда аз рӯи моддаи 104, қисми 2, яъне "куштори бераҳмона" таҳқиқ шуд." Кодекси ҷиноӣ барои ин ҷиноят аз 15 то 25 соли зиндон ва мусодираи молу мулкро пешбинӣ мекунад.

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова, рӯзи 4-уми сентябр ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, як масъули Додгоҳи шаҳри Душанбе бо ӯ ба ҳайси ҷабрдида дар тамос шуда ва хабар додааст, ки парванда рузи 3-юми сентябр ба додгоҳ рафт ва дар наздиктарин фурсат муҳокима хоҳад шуд.

Аҳлиддин Ятимов, дар сӯҳбати қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз шеваи тафтиши қазияи қатли бераҳмонаи духтараш қонеъ аст.

Ба гуфтаи мақомот, Бобоҷон Ширинзода дар пурсишҳои ибтидоӣ қатли ҳамсари собиқашро эътироф карда, вале гуфтааст, ки "надонист, чӣ тавр ин амалро содир кард". Бобоҷон Ширинзода писари генерал ва як соҳибмақоми тоҷик аст.

Ҳодиса 6-уми июни имсол рух дод. Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаш Моҳира Ятимоваро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғ кушт.

Падари Моҳира: "Аз ҷараёни тафтиши қатли духтарам қаноатмандам"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Фоҷиа дар рӯзи рӯшан дар пеши чашми чанд нафар

Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, навори видеоии қатли Моҳира Ятимова ба дасти тафтишот расид, ки дар он лаҳзаи моҷаро ва кордзанӣ сабт шудааст. Ҳодисаро дурбинҳои манзили зисти Бобоҷон Ширинзода сабт кардаанд.

Бобоҷон Ширинов баъди қатли ҳамсари собиқаш фирор кардааст ва ӯро як рӯз баъд дастгир карданд. Дар боздошт ва таслими ҷавон ба мақомоти интизомӣ, падараш Раҷабалӣ Ширинов мусоидат кардааст.

Яке аз дӯстони генерали тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, генерал дар ҳузури кормандони милиса гуфтааст, ки писараш ӯро "дар зиндагӣ бисёр азоб дода, шарманда кардааст".Ба қавли дӯсти генерал Ширинов, генерали собиқ гуфтааст, ҳар ҷазое, ки қонун ба писараш муносиб мебинад, қабул мекунад.

Мақомот метарсиданд, амри додгоҳро иҷро кунанд

Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Шарифов ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд фарзандонро ба ихтиёри ӯ медодаанд. Аммо Бобоҷон Ширинзода, бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузошт, модарашонро бубинанд.

Ба гуфтаи дӯстони Моҳира, "иҷрокунандагони амри додгоҳ ҳам аз тарсу таҳдиди Бобоҷон Ширинов ҷуръат намекардаанд, ки фарзандонро гирифта, ба модар бидиҳанд". Фақат як фарзандаш бо Моҳира монда буд ва ду писарашро дар хонаи Шириновҳо ҳамсари дигари Бобоҷон Ширинов нигоҳ мекардаанд.

Моҳира бо фарзандонаш
Моҳира бо фарзандонаш

Ба гуфтаи хешовандонаш, фарзанди генерали тоҷик иҷоза намедодааст, ки модар ба дидани фарзандон биёяд ва Моҳира аз фироқи кӯдаконаш бисёр азоб мекашид. Моҳира дар ду соли ахир танҳо панҷ маротиба ду ҷигарбандашро дидааст.

Ба гуфтаи наздикони Моҳира, ӯ барои гирифтани фарзандонаш аз дасти падар мубориза мебурд. Бо ин ҳадаф ба сохторҳои зиёди давлатӣ, аз ҷумла ба додситонӣ ва кумитаи занон муроҷиат кард, аммо бенатиҷа.

Наздикони Моҳира мегӯянд, падар ба хотири ниқор аз ҳамсари собиқ кӯдаконро аз мактаб ҳам дур кард, то модар онҳоро набинад. Хоҳараш Мунира мегӯяд, ки ҳар боре Моҳира талоши дидани кӯдаконро мекард, латукӯб мешуд.

Моҳира ва Бобоҷон ҳамсабақ буданд ва баъди хатми донишгоҳ соли 2007 издивоҷ карданд, вале ба гуфтаи Мунира, зиндагиашон аз аввал хуб набуд. Ба гуфтаи Мунира, хоҳараш ҳамеша аз дасти шавҳар ранҷ мекашид ва дар пайи лату куб ҳатто пардаи гӯшаш дарид. Зӯроварии зиёд боис шуд, ки баъди нуҳ соли зиндагӣ Моҳира хонаи шавҳар тарк кард ва дар додгоҳ аз ӯ ҷудо шуд.

Ба нақли хоҳар, шавҳараш ҳамон замон Моҳираро таҳдид кард, ки ӯ дигар кӯдакҳоро намебинад. Баъди ба хонаи худ бурдани ду писари калонӣ, писари хурдӣ, ки 4-сола аст, бо Моҳира монд.

Бо умед омад, номурод баргашт

Моҳира як моҳ пеш аз марг соҳиби ҷойи кор шуд ва ба нақли хоҳараш бо дугонааш барои овардани писаронаш рафтааст. Гӯё касе аз наздикони шавҳари собиқ ба ӯ занг зада, гуфтааст, Бобоҷон розӣ аст, кӯдаконро ба модарашон баргардонад. Моҳира бо умеди овардани фарзандон ба хонаи шавҳари собиқ рафт ва ҳамингуна зиндагиаш бо фоҷиа анҷомид.

Маъмулан дар муноқишаҳои заношӯи ва ҳам баъди пош хурдани оилаҳо кӯдакони хонавода қурбониҳои аслии ин моҷароҳо мешаванд. Дар баъзе маврид ҳам ба гуфтаи ҷомеашиносон зану мард дар чунин ҳолатҳо кӯдакҳоро ба ҳайси василаи қасос истифода мебаранд.

Бо ин ҳадаф як ҷониб дидори кӯдакро бо ҷониби дигар манъ мекунад. Фарзона Шарифзода, равоншиноси маркази "Боварӣ ба фардо" барои занон мегӯяд, дар ҳама ҳолат аз нигоҳи равонӣ ҷудо кардани кӯдакони хурдсол аз модар номумкин аст ва як зарбаи сахт ба тифл мешавад.

Парвандае, ки ҷомеаро ба хашм овард

Қатли бераҳмонаи модари 3 фарзанд ва беэътиноӣ ба сарнавишти ӯ, баҳси зиёдеро дар бораи зӯроварӣ ба зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Корбарон ҳамчунин аз он мегуфтанд, ки чӣ гуна як нафар метавонад, амри додгоҳро нодида бигирад ва ҳеҷ касе ҳам натавонистааст, ба ӯ бигӯяд, ки мухолифи қонун амал мекунад ва мухолифи хоҳишу иштиёқи фарзанди хурдсоли ноболиғ, ки ҳамеша ташнаи дидори модар аст.

Дар сурати собит шудани иттиҳом ба зидди Бобоҷон Ширинзода, мумкин аст, ӯро аз 15 то 25 сол, ё ҳатто зиндони якумрӣ маҳкум кунанд. Ҳукме, ки мумкин аст, худи ӯро якумрӣ аз дидори фарзандон маҳрум кунад ва агар онҳоро бубинад ҳам аз паси панҷара хоҳад дид.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG