Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди 6 рӯз. Ҷузъиёти қатли Нигора Қулиева дар Истаравшан


Бо гузашти шаш рӯз аз куштори ваҳшиёнаи як зан, ки ҳамсараш ӯро бо 19 зарби корд дар мазҳари ом дар шаҳри Истаравшан ҳалок кард, асрори ин ҳодиса батадриҷ ифшо мешавад. Мақомоти Додситонии шаҳри Истаравшан мегӯянд, ки Маҷид Бердиев дар пайи овозаҳои хиёнати ҳамсараш Нигора Қулиева ба ӯ ҳамла кард. Манобеи дигар мегӯянд, ки ҷанҷоли Бердиев бо Қулиева реша дар гузашта дорад.

Баъди аз зиндон баромадан таҳдид мекард, ки ба инҳо нишон медиҳам. Ба хоҳарам гуфтам, ки ҳушёр шав. Аммо хоҳарам гуфт, Маҷид ин хел одам нест.

Бердиев, ки ҳашт солро бо ҷурми харидуфурӯши маводи муахддир дар зиндон сипарӣ кард ва 9 моҳи пеш озод шуд, мутмаин будааст, ки ӯро ҳамсараш бо ҳамдастии маъшуқаш бо туҳмат равонаи маҳбас кард. Аммо наздикони Нигора Қулиева ба бегуноҳии ӯ бовар доранд ва мехоҳанд, мақомот ба қотили хоҳарашон ҷазои сазовор бидиҳад.

Додситонӣ: "Вақте ҳамсари аввалаш овозаҳоро тасдиқ кард...”

Ба иттилои додситонии шаҳри Истаравшан, Маҷид Бердиев баъди берун шудан аз зиндон аз забони ҳамдеҳаҳояш шунидаст, ки ҳамсари дувумаш Нигора Қулиева бо мардони дигар робита дорад. Бисёрзанӣ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, аммо мардуми сарватманд ба таври пинҳонӣ ва бо никоҳи шаръӣ дар як вақт бо чанд ҳамсар зиндагӣ мекунанд.

Як масъули Додситонии шаҳри Истаравшан рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Бердиев тасдиқи ин овозаҳоро аз ҳамсари аввалаш дарёфт кардаст. Гузашта аз ин, баъди аз зиндон озод шудани Бердиев Нигора Қулиева робитаашро бо ӯ комилан қатъ карда, дигар шавҳарашро ба худ наздик шудан намемонад.”

Маҷид Бердиев
Маҷид Бердиев

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, нисбат ба ин ҳодиса се рӯз қабл парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, Маҷид Бердиев ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар додситонии шаҳри Истаравшан ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Маҷид Бердиев бо Нигора Қулиева никоҳи расмӣ надошт ва баъди аз зиндон баромадани аввалӣ зиндагии муштарак низ надоштанд.

“Гуфт, ки амволамро баргардон”

Маҷид Бердиев ва Нигора Қулиева ҳарду аз ҷамоати Чорбоғи шаҳри Истаравшан ҳастанд. Масъулони ин ҷамоат мегӯянд, муносибати пеш аз зиндонӣ шудани Маҷидов хуб буд ва тибқи фарзияи онҳо ҷанҷол ва ҳамин тавр кушта шудани Қулиева сари амвол сурат гирифтааст.

Раҳимҷон Холмуродов, мушовири раиси ҷамоати Чорбоғ, рӯзи 7-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Маҷид Бердиев пеш аз зиндон шудан яке аз соҳибкорони муваффақи ин ҷамоат буд ва аз Узбакистон баъзе маҳсулоти сохтмонӣ оварда мефурухт. Аммо баъди раҳоӣ аз зиндон, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Маҷидов ба камбуди маблағ дучор шуд ва тибқи шунидаи ӯ барои гирифтани амвол бо ҳамсари собиқаш вориди муноқиша шуд.

Мушовири раиси ҷамоати Чорбоғ мегӯяд, Маҷид Бердиевро аз наздик мешинохт ва ҳайрон аст, ки чаро ӯ даст ба куштори ҳамсараш задаст. “Аз рӯи шунидам, Бердиев бо Қулиева телефонӣ баҳс кардаанд ва гӯё баъди ҳамин Маҷид ба шаҳр назди Нигора рафтааст”, - афзуд ин масъули ҷамоати Чорбоғ.

“Баъди озод шудан ӯ қасди куштани Нигораро дошт”

Наздикони Нигора Қулиева ба бегуноҳии ӯ исрор доранд ва мегӯянд, маҳз боварии аз ҳад зиёд ба собиқ шавҳар ӯро ба ин ҳол овард. Фарҳод Қулиев, бародари Нигора рӯзи 7-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди аз зиндон озод шудани Бердиев онҳо тахмин мекарданд, ки ӯ дар сар чӣ нақшае дорад. Ба гуфтаи Фарҳод, хоҳарашро чанд дафъа ҳушдор дода буд, ки аз собиқ шавҳараш эҳтиёт шавад.

“Баъди аз зиндон баромадан мегуфт, ки ман ба инҳо нишон медиҳам, ҳамин хел таҳдидҳо мекард. Ҳоло мебинад мегуфт. Ман ба хоҳарам мегуфтам, ки ҳушёр шав, ин нафар ҳамин хел нақша дорад. Аммо хоҳарам мегуфт, ки Маҷид ин хел одам нест ва аз дасти ӯ ин кор намеояд”, - афзуд бародари Нигора.

Як гуруҳ мардон дар ин ҳолат чунин меандешанд, ки тамоми ҷомеа ба ӯ бо назари бад нигоҳ мекунад. Худашро пастшуда, таҳқиршуда меҳисобад. Бахусус дар деҳот барои мардон хеле вазнин мегузарад

Ба гуфтаи Фарҳод, пеш аз зиндонӣ шудан муносибати хоҳараш бо Маҷид Бердиев хуб буд, вале баъдан ба гапи дигарон даромада, байнашон муноқиша сар шуд. Фарҳод Қулиев мегӯяд, аз мақомоти тоҷик мехоҳад, омили марги хоҳараш ба ҳукми қатл маҳкум шавад.

“19 зарби корд ба бадани ҳамсари собиқ”

Ҳодисаи куштори Нигора Қулиева аз сӯи шавҳараш Маҷид Бердиев рӯзи 2-юми октябр дар наздикии бозори маркази шаҳри Истаравшан ва дар назди даҳҳо нафар сурат гирифт. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки Бердиев собиқ ҳамсарашро бо 19 зарби корд куштааст.

Ин нахустин ҳолати қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар шаҳри Истаравшан нест. Шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд минтақае мебошад, ки аз онҷо хабарҳои қатл ва ё зарбаи вазнин ба ҳамсарон аз ҷониби марди хона зиёд расонаӣ мешавад. Додгоҳи вилояти Суғд моҳи декабри соли гузашта Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

“Фишори ҷомеа мардонро ба сӯи гуноҳ тела медиҳад”

Шамъигул Аминова
Шамъигул Аминова

Равоншиносон мегӯянд, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мардон ба хабарҳо дар бораи иртиботи ҳамсар бо марди дигар вокуниши шадид нишон медиҳанд. ​Шамъигул Аминова, равоншиноси созмони “Маркази боварӣ ба фардо” мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо мард ба зарбаи сахти равонӣ дучор мешаванд ва аз ҳиссиёти баланд чизеро идора карда наметавонанд.

“Як гуруҳ мардон дар ин ҳолат чунин меандешанд, ки тамоми ҷомеа ба ӯ бо назари бад нигоҳ мекунад. Худашро пастшуда, таҳқиршуда меҳисобад. Бахусус дар деҳот барои мардон хеле вазнин мегузарад”, -мегӯяд Шаъмигул Аминова.

Ин равоншиноси тоҷик афзуд, куштори ҳамсар дар ҳеҷ ҳолат роҳи ҳал нест ва агар мардон дар ин ҳолатҳо ихтиёри талоқи ҳамсарро доранд. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар ин ҳолатҳо аҳли ҷомеа набояд ба мард фишор оварда, такрор ба такрор гуноҳи занашро ба рӯи ӯ бигӯянд.

XS
SM
MD
LG