Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси хиёнат ё амвол? 22 сол ҳукми Бердиев барои қатли Нигора


Маҷид Бердиев
Маҷид Бердиев

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшанро бо ҷурми қатли ҳамсари дувумаш Нигора Қулиева ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти додгоҳ рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ки Маҷид Бердиеви 57-сола муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ хоҳад намуд.

Додгоҳи вилояти Суғд моҳи декабри соли 2016 Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум карда буд.
  • Ин сокини шаҳри Истаравшан қаблан бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда, соли 2015 бар асоси қонуни афв озод шудааст.
  • Куштори зан бо 19 зарби корд

Ҳодисаи куштори Нигора Қулиева аз сӯи шавҳараш Маҷид Бердиев рӯзи 2-юми октябри соли гузашта дар наздикии бозори маркази шаҳри Истаравшан ва дар шоҳидии даҳҳо нафар сурат гирифт. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки Бердиев собиқ ҳамсарашро бо 19 зарби корд куштааст.

Додраси додгоҳи вилояти Суғд Абдуфаёз Абдуҷабборӣ ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Маҷид Бердиев вақти дар зиндон будан огоҳӣ ёфтааст, ки гӯё ҳамсараш Нигора Қулиева бо мардони бегона иртибот дошта, ба ӯ хиёнат кардааст. “Баъди аз маҳбас озод шудан Маҷид Бердиев ба назди ҳамсараш рафта, хоҳиш мекунад, ки зиндагии якҷояро идома диҳанд. Аммо дувумӣ пешниҳоди ӯро қабул накарда, аз хонааш меронад”, - афзуд додрас.

Баҳси хиёнат ё амвол?

Дар ҳамин ҳол, назари вакили дифои Маҷид Бердиев ба мо дастрас нест. Маълум нест, ки оё онҳо барои бозбинии ҳукм шикоят хоҳанд кард, ё на. Ҳамчунин рӯшан нест, ки Маҷид Бердиев дар сухани ниҳоии худ дар додгоҳ дар бораи ин қазия чӣ изҳори назар карда, барои куштори ҳамсараш чӣ сабабу далел пеш овардааст.

Қаблан мақомоти Додситонии шаҳри Истаравшан, масъули таҳқиқи парвандаи Маҷид Бердиев ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки ӯ дар пайи овозаҳои хиёнати ҳамсараш Нигора Қулиева ҳамла кардааст. Бердиев, ки ҳашт солро бо ҷурми харидуфурӯши маводи муахддир дар зиндон сипарӣ карда буд, мутмаин будааст, ки ӯро ҳамсараш бо ҳамдастии маъшуқаш бо туҳмат равонаи маҳбас кард. Аммо наздикони Нигора Қулиева ба бегуноҳии ӯ бовар доранд.

Маҷид Бердиев ва Нигора Қулиева ҳарду аз ҷамоати Чорбоғи шаҳри Истаравшан ҳастанд. Масъулони ин ҷамоат мегӯянд, муносибати пеш аз зиндонӣ шудани Маҷидов хуб буд ва тибқи фарзияи онҳо ҷанҷол ва ҳамин тавр кушта шудани Қулиева сари амвол сурат гирифтааст.

Соҳибкори муваффақ чигуна зиндонӣ шуд?

Бинои Додгоҳи вилояти Суғд
Бинои Додгоҳи вилояти Суғд

Раҳимҷон Холмуродов, мушовири раиси ҷамоати Чорбоғ, моҳи октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Маҷид Бердиев пеш аз зиндон шудан яке аз соҳибкорони муваффақи ин ҷамоат буд ва аз Узбакистон баъзе маҳсулоти сохтмонӣ оварда мефурӯхт. Аммо баъди раҳоӣ аз зиндон, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Маҷидов ба камбуди маблағ дучор шуд ва тибқи шунидаи ӯ барои гирифтани амвол бо ҳамсари собиқаш вориди муноқиша шуд.

Ин нахустин ҳолати қатли ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар шаҳри Истаравшан нест. Шаҳри Истаравшан дар вилояти Суғд минтақае мебошад, ки аз онҷо хабарҳои қатл ва ё зарбаи вазнин ба ҳамсарон аз ҷониби мардҳо хона зиёд расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, додгоҳи вилояти Суғд моҳи декабри соли 2016 Бахтиёр Худойбердиев, сокини 47-солаи деҳаи Пошкенти шаҳри Истаравшанро барои қатли ҳамсари ҷавонаш ба 21 соли зиндон маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG