Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мушту лагад – ба корду табар. Чаро ҳамсарон аз задан ба куштан гузаштанд?


Ҳанӯз хабари оташ зада шудани як сокини шаҳри Ваҳдат аз тарафи шавҳараш “ҳазм” нашуда, мақомоти умури дохилӣ аз бурида шудани гардани зани ҷавоне дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд. Мақомот гуфтанд, ки ҷасади Зиёда Аллаева, сокини 23-солаи деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 21-уми ноябр дар ҳудуди заминҳои корами деҳаи Яккатут пайдо шудааст.

Мутаассифона, мо равоншинос надорем, ки бо одамон кор кунад. Мутаассифона, дар мо ҳатто инро беморӣ намеҳисобанд. Бояд чунин афродро аз нигоҳи равонӣ табобат кард.

Як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳомидҷон Мансуров, ҳамсари собиқи ин зан бо иттиҳоми қатли ӯ боздошт гардид. Зиёда як соли пеш бо ин ҷавон издивоҷ карда, пас аз 39 рӯзи зиндагӣ талоқ гирифтааст.

"Зиёда қурбони фиреби ҳамсараш шуд"

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Ҳомидҷон пас аз талоқи Зиёда бо нафари дигар издивоҷ мекунад, вале бо баҳонаи тақсими молу мулк пас аз шаш моҳ дубора бо ҳамсари собиқаш робита мекунад. Зимни бозпурсӣ ҷавони боздоштшуда гуфтааст, Зиёда розӣ шудааст, ҳамчун ҳамсари дувум бо ӯ бимонад. “Ҳамсари аввалааш ва волидони ҷавон аз ин бохабар шуда, бо ӯ ҷанҷол мекунанд. Муносибаташ бо Зиёда низ чандон хуб набудааст. Ҳамеша дар заминаи рашк бо ӯ ҷанҷол мекардааст. Дар пурсишҳои аввал ин ҷавон гуфт, ба ҳадде расида буд, ки роҳи халосӣ аз мушкилотро дар қатли Зиёда дид”, - афзуд мусоҳиби мо дар мақомот.

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Пайвандони Зиёда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҷавон пас аз талоқ ҳамеша ба кору рафтори ҳамсари собиқаш дахолат дошт ва ӯро намегузошт, зиндагии нав бисозад. Қурбонбӣ Раззоқова, яке аз пайвандони Зиёда, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “духтар қурбони бадҷаҳлӣ ва фиреби ҳамсари собиқаш шуд”.

Ӯ гуфт, ҳодиса шабона рух додааст ва то ҳол наздикон сабаби бо ин шева қатл шудани Зиёдаро намедонанд. “Ҳама мегуфт, ки дигар робита бо ӯ маъно надорад, бояд дар фикри зиндагии нав бошӣ, вале бо ҳазор фиребу найранг Зиёдаро ба вохӯрӣ даъват мекард. Ҳозир маълум нест, ки чаро ӯро кушт. Фақат талаб дорем, ки ҷазои сазовор диҳанд”, - гуфт Раззоқова.

Тарафи дигар дар ин қазия ҳанӯз мавқеи худро нагуфтаанд.

Беморӣ ё мушкили иҷтимоӣ?

Маҷид Бердиев
Маҷид Бердиев

Рӯзи 25-уми ноябр мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки марди 47-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони бо “бераҳмии махсус” куштани ҳамсараш боздошт карданд. Дар Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 26-уми октябри имсол рух дод: “Гумонбар аз сабаби муноқишаи оилавӣ ба сару рӯи ҳамсараш, зани 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бензин пошида, оташ задааст.”

Ба гуфтаи мақомот, чунин кушторҳо дафъаҳои ахир афзоиш ёфтааст. Аз ин пештар, дар моҳи октябр Маҷид Бердиев, сокини шаҳри Истаравшан, низ ҳамсари собиқашро бо зарби 19 корд дар пеши чашми сокинон ба қатл расонд. Саидамир Вализода, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, куштори занҳо аз ҷониби мардон бо “бераҳмии махсус” решаҳои иҷтимоӣ дорад. Ӯ гуфт, аз як сӯ зери фишорҳои гуногун, ки ҳама реша дар фаҳмиши паст ва мушкилоти иҷтимоӣ дорад, хонаводаҳо аз ҳам пошида, аз тарафи дигар ҳанӯз фарҳанги талоқ ва бо роҳи мусолиҳатомез аз ҳам ҷудо шудани хонаводаҳо шакл нагирифтааст.

“Барои зан талоқ поёни дунё ҳисоб мешавад ва мард бо вуҷуди талоқ аз ҳамсари собиқаш даст намекашад, ки болои мушкил мушкилӣ зам мекунад. На мехоҳад, ки бо ӯ зиндагии якҷоя дошта бошад ва на намехоҳад, ки ӯ зиндагии алоҳидаи худро бисозад. Бештар молҳои тақсимношуда, баҳсҳои нотамом миёни оилаҳо боис ба чунин ҷиноятҳо мешавад”, - гуфт ӯ.

Саидамир Вализода
Саидамир Вализода

Аммо Саидамир Вализода бо бераҳмии хос кушта шудани ҳамсарон аз дасти якдигарро бештар беморӣ унвон кард: “Дар пайи фишори равонӣ инсон осеб мебинад. Бо таъсири омилҳои дигар ва дидани бераҳмиҳо ӯ ҳангоми амал кардан ихтиёрашро аз даст медиҳад. Роҳи раҳоиро дар куштор мебинад. Ин ҷо, мутаассифона, мо равоншиноси иҷтимоӣ надорем. Равоншиносе, ки бо одамон кор кунад. Мутаассифона, дар мо ҳатто инро беморӣ намеҳисобанд. Бояд чунин афродро аз нигоҳи равонӣ табобат кард."

"Қадами аввалро мардон мегузоранд, занон идома медиҳанд"

Аброр Шарифов, як пулиси собиқдор мегӯяд, дар гузашта низ дар пайи муноқишаҳои оилавӣ куштори ҳамсарон сабт мешуд, аммо бо чунин шакл кушторҳо камтар буданд. “Ин ҷо айб аз ду тараф ҳаст. Мард қадами аввалро барои ин бадбахтӣ мегузорад. Ё хонаводаро таъмин карда наметавонад, ки мушклотро ба вуҷуд меорад ё ӯро талоқ дода дар куча ҳавола медиҳад. Зан дар ин ҳолат ба асаби мард расидан мегирад. Вақте бисёре аз чунин кушторҳо тафтиш мешаванд, маълум мешавад, бештар занҳо ангеза додаанд”, - гуфт ӯ.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар се моҳи ахир наздики даҳ куштор бо бераҳмии махсус сабт шудааст, ки мардон нисбат ба занон анҷом додаанд. Куштор дар Тоҷикистон маъмулан бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ мешавад. Агар барои куштор аз 8 то 15 сол ҷазо пешбинӣ шудааст, барои куштор бо “бераҳмии махсус”, ки дар банди дувуми ин модда ҷойгир аст, аз 15 то 25 сол ҷазо муқаррар гардидааст.

XS
SM
MD
LG